Принт

Конибодом: саноат мелангад...

 

Солҳои 2022-2026 аз ҷониби Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон эълон шудааст. Ин маънии пешравии Тоҷикистонро дорад. Вале, мутаассифона дар ш.Конибодом чандин корхонаҳои бузург баъди пошхӯрии давраи Шӯравӣ аз фаъолият боз мондааст. Инҳо ба мисли Комбинати консервабарорӣ, Иттиҳодияи Швеймеспром-2, Заводи равған, Фабрикаи ресандагӣ-бофандагӣ, ҶС “Бодом”ва ғайраҳо.

Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳаргоҳе, ки ба ш.Конибодом меоянд, дар машваратҳои худ номи ин корхонаҳои бузургро бо таассуф вирди забон мегиранд...

Бо ёрии он кас ба ростӣ пешравиҳо ҳаст, вале мо аз раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода пурсиданӣ ҳастем, ки кадоме аз ин корхонаҳои бузург солҳои наздик ба фаъолият шурӯъ карда метавонад? Ё худи Шумо дар қариб 2 соли фаъолияти роҳбариатон чанд объект ё корхонаро ба истифодаи мардум додед?

Неъмат Очилов,

ш.Конибодом

Матлабҳои дигар