ХАБАРИ ДОҒ

Киоскамро бесабаб бардоштанд…

  • Чоршанбе, Янв 04 2023

   - Салом ба СССР-и гиромӣ! Санаи 01.12.2022 як комиссияи махсус бо раҳбарии раиси н.Синои ш.Душанбе Нусратулло Салимзода ба минтақаи мо дар гардиши хатсайри микроавтобуси №15 дар наздикии маркази савдои «Ситора» дар суроғаи к.Шамсӣ-30, омада, бе ягон пурсупос ва ошно шудан бо иҷозатномаву санадҳои лозимӣ барои фаъолият, киоски маро аз ҷояш гирифта, ба макони дигар кӯчониданд.  Ман солҳои тӯлонӣ дар ин киоск, ки ба корхонаи «Тоҷикматбуот» дахл дораду он ба ҷуз ҷамъ намудани ҳаққи иҷора, дигар ягон кӯмак намекунад, кору фаъолият дошта, оилаи худро мехӯрондам. Тамоми ҳуҷҷатҳои дӯкон қонунӣ буда, иҷозати корро шахсан худи раиси ноҳия Н.Салимзода дода буд. Тайи солҳои фаъолият ман худам ҳар сол дӯконро таъмиру тармим намуда, новобаста аз бемориям, тобистону зимистон ба фурӯши матбуоти даврӣ – газетаву журналҳо машғулам. Ҳамсояҳо аз биноҳои истиқоматии ҳамсоя маро дӯст ва эҳтиром мекунанд, озори ман ба касе нарасидаасту гирду атрофи дӯконам ҳамеша тозаву озода буд.

Дӯкони маро бардоштанд, вале дар шафати киоски ман чандин дӯкони дигаре ҳаст, ки ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд, вале касе дар бораи аз байн бардоштани ин дӯконҳо чизе нагуфт. Чаро?

Элмурод Хурсандов,

ш.Душанбе,

Тел: 905055942

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter