ХАБАРИ ДОҒ

ТУ К-АЗ МЕҲНАТИ ДИГАРОН БЕҒАМӢ....

  • Панҷшанбе, Март 09 2023

Дар рӯзҳое, ки бориши барф шадид буду тармафароӣ зиёд,саҳифаи фейсбукӣ хостам аз вазъияти роҳи Душанбе-Чаноқ бохабар бошам. Баробари даромадан ба саҳифаи фейсбукии “IRS”, навори видеоие намоиш дода мешуд, ки худ тавзеҳгари вазъияти роҳ буд.Дар он навор дида мешуд, ки Директори филиали “IRS” ва сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ аз вазъияти ин роҳ шинос шуда истодаанд. Дар пасманзари онҳо бошад, кормандони “IRS” ба тоза кардани роҳ аз тармаҳои фаромада машғул буданд.Пас аз тамошои навор хостам, ба қавле “коментария”-ҳоро аз назар гузаронам.

 Дар аксари онҳо ба қавле “Диванный экспертҳо”, ки санге болои санге нагузоштаанду, аз вазъияти баамаломада бехабаранд, суханҳоеро нашр намудаанд, ки ба ягон куҷо рост намеояд.

 Ба ин хел “экспертҳо” гуфтаниям:

1) Шумо, ё одам нестед, ё дар ин олам нестед.

2) Ба фикрам ягон бор дар фасли зимистон тариқи ин роҳ сафар накардед, ё он роҳро умуман надидаед!

3) Шумо ягон бор ба ҳолати тармафароӣ ошно нестед ё маънои “форс-мажор”-ро намедонед!

4) Дар Даврони Шӯравӣ ягон бор тариқи ағбаи номдори “Анзоб” сафар накардаед!

5) Даврони Шӯравиро, ки ағбаи “Анзоб” муддати 6 моҳ баста мешуд, дар хотир надоред! (Ҳоло мегӯед, ки бо воситаи кишвари ҳамҷавор сафар мекардем, лекин вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, кишвари ҳамсоя роҳҳои худро бинобар сабаи ҷанги таҳмилӣ рӯи мо баст).

6). Хабар надоред, ки қариб ҳар сол кормандони “IRS” ҳангоми иҷрои рисолати худ ҷони худро аз даст медиҳанд (онҳо низ ранги мову Шумо фарзанд доранду фарзандонашон роҳи онҳоро мепоянд). Дар мисоли ронанда – корманди Ширкат Туғён Умаров (https://www.facebook.com/irs.tj/videos/660474937701344), ки баъд аз 6 соати дар телевизион дар бораи фаъолияташ навор таҳия кардан, зери тарма монд, яъне марҳум бо баҳои ҷон роҳ кушод, то мову Шумо озодона сафар намоем.

7) Шумо ягон бор дар Шодмондара бо дасти худ тармаҳоро тоза накардаед, мусофиронро бо белу каланд аз зери он берун наовардаед ва азоби ронандагонро надидааед (мо дидаем ва кардаем).

9) Шумо медонед, ки роҳҳои Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аз ҳама баландтарин (аз сатҳи баҳр), душворгузар ва аз ҷиҳати техникӣ ҳангоми истифодабарию коркард мураккабанд.

10) Шумо агар саҳифии расмии Ширкатро дар facebook аз назар гузаронед, дар он иттилоот қариб ки ҳар соат нав шуда меистад ва он аксар вақт хушдор медиҳад “Безарурат аз сафар худдорӣ намоед”, “Техника ва мошинҳои худро барои сафар омода намоед”, “Бо пайдо шудани иттилои нав дар саҳифаи расмӣ ба нашр мерасонем”, “Ба Шумо сафари бобарор таманно дорем”.

11) Шумо медонед, ки “IRS” ягона корхонае ҳаст, ки қавлу амали кормандонаш тавъаманд.

12) Шумо ронанда нестед ё аз ҷиҳати техникӣ саводи кофӣ надоред.

13) Шумо яқин намедонед, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст.

Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид.

Агар суханҳоям нодуруст бошанд, бо телефони 93-973-93-39 дар тамос шавед, баҳсро мардона давом медиҳем.

Бо эҳтиром, РОНАНДАИ МАСИРИ ДУШАНБЕ -ЧАНОК, ки дар зимистону тобистон дар ин роҳ сафар дораду аз фаъолияти ин Ширкат бархӯрдор аст ва ба чашми сар заҳмати онҳоро дидааст.

 

Аброри Аҳрор,

сокини шаҳри Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter