ХАБАРИ ДОҒ

Контролёрҳо аз байн мераванд!

  • Чоршанбе, Май 17 2023

 

Салом ба СССР-и азиз! Тибқи дастури Сарвари давлат сар аз 01.06.2023 тамоми пардохтҳои коммуналӣ тариқи ғайринақдӣ сурат мегиранд. Яъне дигар пули истифодаи обу барқу партову дигар хизматрасонии коммуналӣ тавассути барномаҳои онлайни ва ё мобилӣ анҷом дода мешаванд. Барои мардуми мо ин усули нав аст, вале ҷаҳон кайҳост, ки ба пардохти ғайринақдӣ гузаштааст ва бовар кунед ин қулайтарин роҳи хариду фурӯш аст.

Вақте ба усули нав мегузарем, маълум аст, ки назоратчӣ – контролёрҳое, ки пули истифодаи обу барқ, партов ва пардохтҳои коммуналианду хона ба хона гашта, маблағ ҷамъ мекунанд, аз байн мераванд. Ин хуб аст, зеро аксарияти контролёрҳо аз ҳад гузарондаанд! Ана акнун ҳама чи шаффоф хоҳад шуд.

Макнуна Пирова,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter