ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 10 2021

Салом аҳли қалами СССР!  Имрӯз илми башарӣ ба авҷи аълои худ расидааст. Инсонҳо ба сайёраҳои дигар мушаку моҳвора мефиристанд, аммо ҷомеъаи мо ва хусусан ҷавонон дар фикри чи гуна риш мондан андармонанд. Мо бояд ба илмҳои дақиқ назари бештар диҳем ва ҷавононамонро соҳиби донишҳои ҳозиразамон гардонем. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки роҳбарияти олии кишвар низ инро ба хубӣ дарк мекунанд ва баргузории озмуни фанҳои дақиқ дар кишвар гувоҳи беҳтаринӣ ин ҳарфҳост. Умедворем, ки ин озмун ситораҳои навро миёни ҷавонони тоҷик ошкор кунад ва мо дар омӯзиши илмҳои дақиқ низ ба қуллаҳои баланд бирасем!                                 

Сайдулло Амонзода, узви ихвон ал СССР.

 

Панҷшанбе, Фев 25 2021

Салом СССР-и арҷманд! Фарзанди ман Қурбонов Саъдӣ соли 2020 дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кушониён таҳсил мекард. Аз сабаби омадани пандемия, хонандагон то моҳи апрел таҳсил карданду май ва июн мактаб нарафтанд, лекин масъулини мактаби президентӣ талаб доранд, ки барои моҳи май ва июн 380 сомонӣ барои ҳар моҳ супорем. Боз 200 сомонии дигар барои таъмир талаб доранд. Ман аз Вазорати маориф ва илм пурсиданиам, ки дар кадом асос хонанда барои моҳе, ки таҳсил накардааст, бояд маблағ пардохт кунад? Ё ҳар моҳ 20 сомонӣ, дар умум 200 сомонӣ барои таъмири мактаб ягон асос дорад? Аз Вазорати маориф ва илм хоҳиш карда мешавад, ки ба саволи мо ҷавоб гардонанд.

Турдиназар Қурбонов, ш. Бохтар, тел: 919 318785

 

Панҷшанбе, Фев 18 2021

   Баъзе аз муассисаҳои томактабии кишвар-боғчаҳои бачагона тӯли 25-30 соли охир аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд. 

    Тавре аз Маълумот оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми ҶТ дар соли 2020 бармеояд, чунин муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Вахш, Ҷ,Балхӣ, Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Н.Хусрав, Хуросон, Панҷ, А.Ҷомӣ, Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Зафаробод, Б.Ғафуров, Деваштич, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Лахш ва Сангвор мавҷуданд.

   Мушкилоти асосии дигари имрӯза ин нокифоя будани маблағгузории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ аст. Яъне, таъмиру таҷдиди муассисаҳои томактабӣ аз мадди назари раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дур мондааст ва ё маблағгузорӣ кам аст…

 

СССР

 

Чоршанбе, Фев 10 2021

 

 - Салом СССР-и азиз! Соли гузашта, дар ҳамин шабурӯз дар бораи зарурати бунёди мактаб дар чанде аз деҳаҳои дурдасти н.Балҷувон навишта будам. Баъди ин мақола ҳукумати н.Балҷувон саросема шуда, замин ёфта, мардуми деҳаҳоро бовар кунониданд, ки мактаб бунёд мекунем. Хурду калон хушҳол гаштанд, ки дар деҳаи зиёда 170 хоҷагӣ мактаб бунёд мешаваду фарзандонашон соҳиби мактаб мегарданд, аз азобу шиканҷаи раҳи дури пурхоку чанг халос мешаванд. Масъулон ваъда доданд, ки сохтмони мактабро сар мекунему дар қатори мактаб бунгоҳи тиббӣ ҳам бунёд мешавад, ки мардуми деҳа роҳи дуру дарозро тай карда ба маркази ноҳия кӯдаконро бурда аз муоинаи тиббӣ нагузаронанд. Вале ин ваъдаҳо дар коғаз монданд, дигар касе сӯи ин деҳаҳо назар намекунад. Кадом деҳаҳо мепурсед шумо, масъулони н.Балҷувон? Даъват кунед, худам мегӯям!

Аҳтам Одинаев, н.Ховалинг

 

Ҷумъа, Фев 05 2021

   Соли гузашта бо сабаби хуруҷи пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо наздики 3000 донишҷӯёни тоҷик натавонистанд барои идомаи таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои дигар бираванд. 

   Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми ҶТ рӯзи 5.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ дар ин маврид гуфт, ки бештари донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой қабул шуда буданд, вале ин 2 кишвар онҳоро қабул накарданд. 

   - Мо танҳо тавонистем 1 гуруҳи донишҷӯёнро ба Ҷумҳурии Беларус фиристонему халос, боқӣ ё тариқи онлайн таҳсили хешро идома доданд ё ин, ки аз таҳсил дар хориҷа даст кашида, ба макотиби олии кишвари худамон гузаштанд. Новобаста аз ин, мо бо ҳамкорони хеш дар ФР ва дигар кишварҳо пайваста дар робита ҳастем, аммо бо шароити ба ҳамаатон маълум рафтуомад миёни кишварҳо бисёр маҳдуд шудааст. Аз тарафи мо ҳеҷ мушкиле нест. Мо омодаем бачаҳоро фиристем, вале кишвари дигар қабул намекунад - таъкид дошт Маҳмадюсуф Имомзода.

 

Ҷ.Мақсуд, СССР

 

Ҷумъа, Фев 05 2021

   Айни замон теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97 ҳазору 164 кӯдак расида, ин танҳо каме беш аз 15% кӯдакони кишварро ташкил мекунаду халос. 84% -и кӯдакони то сини томактабии мамлакат ба боғчаҳои кӯдакона фаро гирифта намешаванд. Дар ин бора Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми ҶТ рӯзи 5.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

   Чуноне ки мавсуф афзуд, имрӯз дар ВМБК 26 муассисаи томактабӣ, дар вилояти Хатлон-156 муассисаи томактабӣ, дар вилояти Суғд-276 муассисаи томактабӣ, дар ноҳияҳои тобеи марказ-84 ва дар ш.Душанбе 136 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд.

   - Солҳои 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 944 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард, вале бо мурури замон аксарияти онҳо, ки ба колхозу корхонаҳои азим тааллуқ доштанд, таҷдид гашта, самти фаъолияти худро иваз намуданд. Аҳолии мамлакат рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва норасоии боғчаҳои кӯдакона бараъло ҳис карда мешавад. Муттаассифона, танҳо каме беш аз 15% кӯдакони сини то мактабӣ, ба боғчаҳо фаро гирифта шуда, наздики 84% дигар ба боғча намераванд - гуфт муовини вазири маориф ва илми мамлакат.

 

М.Аминзода, СССР

 

 

саҳ 18 аз 44

Китобҳо

Flag Counter