ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Май 28 2020

   Вазорати маориф ва илми ҶТ бо нашри 1 Муроҷиатнома ба унвони устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли маориф ва илми кишвар нахуст тасаллияти худро ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон-кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор намуда, пасон хостааст, ки талаботҳои гигиениву эпидемиологиро ҷиддан риоя намоянд.

   Дар Муроҷиатномаи мазкур инчунин омадааст:

   « - Волидайни муҳтарам, вақтро барои фарогирии дониши фарзандони худ самаранок истифода баред, рафтори ҳамарӯзаи онҳоро назорат карда, кӯшиш намоед, ки фарзандони шумо бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тамошои филмҳои мазмуни тарбиявию ахлоқидошта ва барномаҳои телевизионии таълимӣ гузаронанд. Дар муҳити хона нигаҳ доштани фарзандон боиси ҳифзи саломатии онҳо, хонавода ва аҳли ҷомеа мегардад. 

   Ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир-КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед. Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд.

Муҳтарам роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар чунин рӯзҳои ҳассос бо дарки масъулият бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошед ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешед. Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем ва дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ба рӯзҳои неку пурсаодати миллату меҳан хоҳем расид».

 

 

Чоршанбе, Май 20 2020

 Салому дуруд ба мухлисони газетаи мардумии СССР! Мехоҳам ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаҳои умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоям. Хонандагони азиз! Имрӯз   вазифаи асосии шумо дар вақти таътили маҷбурӣ хона нишастану ба худомӯзӣ машғул шудан аст. «Китоб бузургтарин ганҷинаи ҳастӣ ва мураббию  раҳнамои инсон  барои   зиндагии  оқилонаю фаъолияти босамар мебошад» ин сухани Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ба такрори дарсҳои гузашта, хондани китобҳои бадеӣ ва ҳар чӣ бештар донишу илм омӯхтан  машғул шавед. Фаромуш накунед, ки мо-тоҷикон ба фарҳангу китоб ва  шеъру адабиёт ниҳоят эҳтироми зиёд дорем ва китоб дар радифи Модар -Ватан  арзандатарин  муқаддасоти миллии мо ба ҳисоб меравад.        

Абдураҳмон  Авезов,

омӯзгори МТМУ № 58-и 

ш.Исфара, тел: 987006238

 

Чоршанбе, Апр 29 2020

 Ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шудааст. Ин тасмим дар ҷаласаи ахири Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19, ки раҳбариашро Қоҳир Расулзода, Сарвазири ҶТ бар ӯҳда дорад, қабул карда шуд.

   Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар медиҳад, айни замон дар ҷумҳурӣ 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 102175 кӯдак ва 9766 омӯзгор, 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2033900 хонанда ва 124593 омӯзгор, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии 21890 хонанда ва 2305 омӯзгор ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87696 донишҷӯ ва 6381 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҷамъ 4686 муассиса, 2245661 муҳассилин ва 143045 омӯзгорро ташкил медиҳанд. 

 

Душанбе, Март 30 2020

Мехоҳам ба вазири нави маориф ва илми кишвар Маҳмадисуф Имомзода якчанд хоҳишу пешниҳоди худро бирасонам.

Аз муаллими оддӣ сар карда, то директорони мактабҳою мудирони маориф аз аттестатсияи ҳаққонӣ гузаронида шуда, лаёқатмандҳо гузаронида ва нолоиқон ба дигар кор гузаранд. Чӣ даркор муаллими физикае, ки ба мафҳуми физика сарфаҳм  нарафта, ба хонандагон «нияти ғусл»-ро меомӯзонад? Ё як байти шоири хушбаён-Соиб дар китоби дарсии синфи 7-ум ғалат чоп шудааст, то ба имрӯз мушоҳида накардаем, ки муаллиме, олиме ба ислоҳи он кӯшиш карда бошад:

«Ҳар киро теғи забон нест ба фармон, Соиб,  

Оқибат куштаи шамшери забон мегардад».

Тамоми барномаҳои таълимию китобҳои дарсӣ аз нав тартиб дода шуда, дар онҳо муваффақиятҳои даврони сотсиалистӣ ҷой дода шавад. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид карда шуда, мисли пештара  «Ба фарзандон то синни 18-солагӣ таълимоти динӣ дода нашавад», навиштан даркор.

Нақши Иттифоқҳои касабаро дар соҳаи маориф баланд бардоштанд. Дуруст аст, ки мактаббачагон бояд либоси ягона дошта бошанд.

1 ҳлати дигар-дар ноҳияи мо (Дӯстӣ) амр кардаанд, ки аз 1 марти соли ҷорӣ духтарбачаҳо бо либоси «чакан» ба дарс биёянд. Як куртаи чакан аз 100 то 800 сомонӣ арзиш дораду оилае, ки 2-3 духтар дорад, чӣ кор мекарда бошад? Бе ин ҳам «пулҷамъкунӣ» ба авҷи аълояш рафта расидааст, «болои сӯхта намакоб» нашавад, мегӯем. Умед дорем, ки шумо ҳали ин мушкилиҳоро меёбед. 

Ҳаким Ғуломов, н. Дӯстӣ

 

Чоршанбе, Март 18 2020

 Салом СССР-и гиромӣ! Санаи 5.03.2020 бароям бисер рӯзи хотирмон буд. Ҳамкасби азизамон Раҷабгули Раҳматулло-омӯзгори синфи 2-юм дарси кушоди худ таҳти унвони “Модар фаришта буд”-ро дар ҳузури устодон ва волидони синфашон манзури мо намуданд. Муаллима бо як маҳорати баланд тавонистанд, ки бо шогирдонашон оиди бузургию меҳри модар бо шеъру таронаҳо, панду андарзи ниёгон, саҳначаҳои ҷолиби аҳамияти тарбиявӣ доштаашон дарсро хотирмон гузаронанд. Синфхона бо ороиши диққатҷалбкунанда, намоиши китобҳои бачагона, расму манзараҳои тасвир намудаи хонандагон, аз заҳмату талошҳои ин омӯзгори асил дарак медод. Муаллима дар ҳақиқат дӯстдори касби хеш буда, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши воризашонро мегузоранд. 

Даврони Айниддин, Аълочии маорифи ҶТ, н.Восеъ, тел: 931230939

 

Чоршанбе, Март 11 2020

Дар газетаи СССР аз 16.01.2020 мақола бо номи “Журналист-омӯзгор»-ро хондам. Дар асоси фармони вазорати маориф ва илм устодони мактабҳои миёна барои гирифтани категория бояд 2 мақолаи илмӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар чоп кунанд. Бояд гуфт, ки баъди ҷоришавии маркази тестӣ ва фосилавӣ донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳҳо, хосса дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дониши пурра намегиранд. Дар ин шуъбаҳо аксарияти донишҷӯён (махсусан шуъбаи ғоибона) дар мактабҳои миёна кор мекунанд, барои гирифтани маълумоти олӣ ва баланд бардоштани савияи донишашон ба донишгоҳҳо хонданӣ меоянд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона барои халосӣ аз хизмати ҳарбӣ ба донишгоҳ дохил мешаванд.  

Агар донишҷӯй дар давоми 4-5 соли таҳсил аз китобхонӣ, иҷрои корҳои лабораторӣ ва амалӣ саркашӣ накунанд, бо дониши хубу мукаммал донишгоҳро хатм намояд, аз ӯҳдаи навиштани мақола ва гирифтани категория мебарояд. 100 афсӯс, ки ин гуна донишҷӯён ангуштшуморанд. Албатта бо ин донишу қобилияти зинаҳои паст чӣ хел мақола менависанд? Донишу маҳорат, ки надоранд, ба назди дигарон мераванд, то ки каси дигар аз  номи онҳо мақола навишта чоп кунад. Категорияро бояд устоде гирад, ки арзанда бошад.

А. Нарзиев, дотсенти ДМТ

 

саҳ 23 аз 44

Китобҳо

Flag Counter