ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 08 2020

 

Салом “СССР”-и азиз! Маорифчиёни ноҳия бо роҳбарии мудири шуъбаи маориф М. Орифзода ва сарпарастии соҳибкорони маҳаллӣ тавонистанд, ки барои ободонию созандагии муассисаҳо саҳми муносиб гузоранд. Ин иқдоми наҷиб шоистаи таҳсин мебошад. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии  ҶТ дар н.Восеъ сохтумону таҷдиди 27- муассисаи таълимӣ ва 6 боғчаи томактабӣ бо маром идома дорад. 

Даврони Айниддин, омӯзгор н.Восеъ, тел: 931230939 

 

Панҷшанбе, Янв 02 2020

Дар н.Шаҳритузи вил.Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бунёди 365 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта, то ба санаи 1.12.2019 тибқи нақша 151 адад иншоот дар соҳаҳои инфрасохтор, маориф, фарҳанг ва рушди деҳот сохта, ба истифода дода шудааст.

Тавре ба мухбири минтақавии СССР дар вил.Хатлон Ҷаббори Ғаффор, раиси тозатаини ноҳияи мазкур хабар дод, то моҳи декабри соли ҷорӣ дар ноҳия 6 адад муассисаи томактабӣ, 9 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 3 китобхона, 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 беморхона, 5 бунгоҳи тиббӣ, 1 таваллудхона, 7 нуқтаи хатнакунӣ, 4 дорухона ва 1 толори муосири варзишӣ бунёд карда шудааст. Инчунин, дар радифи корҳои ободонӣ ва созандагӣ 12 майдончаи нави варзишӣ, 1 майдончаи бозии кӯдакона, 1 сартарошхона, 1 ҳаммоми замонавӣ, 4 кошонаи ҳусн дар деҳаҳои дурдаст низ бунёд шуда, таъмири 30 км. роҳу 1 пул низ ба сомон расидааст.

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Панҷшанбе, Дек 26 2019

    Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имрӯзаи хеш бо таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф ва илм иброз доштанд, ки  соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

    Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

    Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

   - Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям, -афзуд Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём.

 

Чоршанбе, Дек 25 2019

 

Раҳмон Абдуллоев, сокини н. Варзоб (тел: 917 60 05 20) занг зада гуфт, ки дар деҳаи мо 1 дарра аст ва дар тарафи дигари он мактаб ҷойгир буда, хонандагони деҳа ба он ҷо мераванд. Дар фасли баҳору зимистон бо сабаби омадани селу об хонандагон ҳафтаҳо, баъзан моҳҳо ба дарс рафта наметавонанд. Аз ҳамин лиҳоз, аз раиси ноҳия хоҳиш мекунем, ки дар инҷо купруке созанд, то ин ки  барои мардуми деҳа ва мактаббачагон рафту омад осон гардад. Зеро ин мушкил чанд соли охир мешавад, ки моро ташвиш медиҳад, аммо касе ба додамон намерасад.    

 

Чоршанбе, Дек 18 2019

 Биёед соли 2020- ро “Соли таъмиру бунёди мактабҳои деҳот” эълон намоем. “Рӯшди сайёҳӣ” гуфта хело ободкорӣ кардем. Биёед дигар ба фикри шароити таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ояндаи кишваранд, бошем. Биёед, акнун муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии маҳалҳо ва ноҳияҳои дурдастро, ки баъзеяшон дар шароити хело бад қарор доранд, обод намоем!

Мунисаи Шоҳин

 

Чоршанбе, Дек 11 2019

   04.12.2019 Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Биёед соли 2020- ро “Соли таъмиру бунёди мактабҳои деҳот” эълон намоем. “Рӯшди сайёҳӣ” гуфта хело ободкорӣ кардем. Биёед дигар ба фикри шароити таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ояндаи кишваранд, бошем. Биёед, акнун муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии маҳалҳо ва ноҳияҳои дурдастро, ки баъзеяшон дар шароити хело бад қарор доранд, обод намоем!

Мунисаи Шоҳин

 

саҳ 26 аз 44

Китобҳо

Flag Counter