ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Дек 22 2016

Салом, СССР! Тайи 6 соли охир кори таълиму тарбияи хонандагон дар мактаби №3-и ноҳияи А.Ҷомӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Сабаби асосии он дар назорати сусти директор-С.Қодирова ва ҷонишинони ӯст. Вақте сарвари муассиса худ дарс намегузарад, пас чӣ ҳоҷати гап? Директор 6 сол боз аз фанни забони олмонӣ дарс мегӯяд, вале дар ин муддат хонандагони синфҳои 11 хондану навиштан он тараф истад, ҳатто алфавити олмониро намедонанд. Аз соли нави таҳсил «барои нафақахӯрҳо ним ставка (9 соат) дарс мумкин аст», гуфта ба ман 10 соат (дарси 2 синфи 11)-ро доданд, ки моҳи сентябр тамом шуд. Пеши К.Тоиров-бухгалтери мактаб даромада гуфтам, ки маошам чанд пул шуд? Гуфт, ки мо шуморо 9 соат ҳақ додем ва 1 соати дигарашро аз маориф пурсидан даркор. Назди директор даромада гуфтам, ки шумо дар моҳи сентябр дар синфҳои 11 ҳамагӣ 1 соат даромада аз рӯи категорияи олӣ маош гирифтед, оё ин пули шумо ҳалол аст? Директор дар ҷавоб гуфт: «4 тарафат қибла. Ту, ки хона надорӣ, боз бо ман баҳс мекунӣ?» Директор 6 сол боз баъди тамом шудани соли хониш аз ҳар хонанда барои таъмири мактаб камаш 20 сомонӣ мегирад, лек пулро ба куҷо сарф мекунад маълум нест. Ӯ замини тирхонаи мактаб ва замини атрофи кателнии мактабро ҳам фурӯхтааст.

Дар соли таҳсили 2015-16 барои синфҳои 10а,б ва 11а,б (4 синф) бояд аз фанни физика дарс мегузаштанд, вале ягон соат дарс нагузашта, дар охири сол аз онҳо муаллими фанни химия-Ибодов Сайхӯҷа имтиҳон гирифта, синфҳои 10-ро аз синф ба синф гузаронда, синфҳои 11-ро дар аттестатҳояшон баҳо гузоштааст. Дар давоми сол чанд бор хонандагони синфҳои 11 аз директор хоҳиш карданд, ки ба ман иҷозат диҳанд, ки ба онҳо аз физика дарс гӯям, дар ҷавоб гуфтааст: «Ба нафақахӯрҳо мумкин нест». Аз нашри китобҳои иҷоравӣ бошад 10-солаҳо гузашта, вале онҳоро фурӯхта пул ҷамъ мекунанд. Вақте аз директор пурсидам, ки ҷонишини синфҳои ибтидоии ту чаро дарс надода аз давлат маош мегирад, гуфт: Ӯ шахси бовариноки мудири маориф-Т.Маҳмадёров аст. Ҷонишини синфҳои ибтидоӣ С.Садиров солҳои зиёдест, ки ҳам раиси Иттифоқи касабаи мактаб ва ҳам мудири анбори озуқавории «Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ»-ст, занаш ошпази мактаб ва боз 2 хизматгори дигар ҳам доранд. Соли хониши гузашта аз ҳар 1 хонандаи синфҳои ибтидоӣ 3 сомонӣ «картошкаю пиёз мехарем» гуфта (дар ҷамъ 1500 сомонӣ) барои маишати худашон ҷамъ кардаанд.

Ба мактаб бо таппак!

 Имсол бошад вариантҳоро дигар карда, аз ҳар 1 хонанда (500 нафар)-и синфҳои 1-4 дар 1 моҳ 1 кг пиёз, 1 кг картошка (500 кг пиёз, 500 кг картошка) ҷамъ карданд. Ҳини набудани барқ хонандагони бечора дар 1 пакет тапак ҳам меоранд.

Садиров бо маслиҳати директору бухгалтери мактаб келини ҳомиладорашро дар мактаб фаррош гузаронида, маоши 1-2 соли ӯро байни худ тақсим мекунанд. Дар мактаб аз аввали соли хониш бӯр, хаткашак, транспортир, паргор, умуман ягон асбоб нест. Барои ман аламовар ин аст, ки Қодирова дар байни муаллимон гуфтааст, ки «аз нафақахӯрҳо 2 каси дигараш монд. Инҳоро ҳам яктарафа кунем, баъд мактаб аз худамон мешавад». Яъне ман ва Шарифҷон Раҳимзода (муаллифи ҳамешагии газетаи СССР)-ро дар назар дорад.

Шарифбек Абдураҳмонов,

омӯзгори мактаби №3, н.А.Ҷомӣ, тел: 93 473 88 01

 

Панҷшанбе, Дек 15 2016

Аҳли маориф огоҳанд, ки соли таҳсили 2016-2017 дар зинаи ибтидоии таҳсилоти миёнаи умумии ҶТ низоми нави таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Албатта ҳар навгонию пешравӣ дар соҳаи маориф боиси дастгирист. Зеро замона дигар шудаасту танҳо бо усулҳои кӯҳнашудаи таълим талаботи имрӯзаро қонеъ гардонидан мумкин нест. Вале гап сари он меравад, ки бо ҷорӣ шудани низоми таълими салоҳиятнокӣ сарсонию саргардонии муаллимони синфҳои ибтидоӣ зиёд шуд. Бо мақсади ба ин низоми таълим шинос намудани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз моҳи июн то охири август зиёда аз 30.000 муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба таври оҷил аз курси 12-рӯзаи такмили ихтисос оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ гузаронида ва дорои шаҳодатнома шуданд. Вале оё ин миқдор омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ доир ба ин низоми таълим маълумоти даркорӣ гирифтанд? Аз суҳбатҳо бо омӯзгорони 1 қатор муассисаҳои таълимии ш.Душанбе маълум шуд, ки онҳо аз ин курсҳо қариб чизе нагирифтаанд ва аксари тренероне, ки дар ин курсҳо дарс мегузаштанд, худ оид ба ин низоми таълим маълумоти казоӣ надоштанд. Ман худ шунавандаи ҳамин гуна курс дар моҳи август будам. Бахти шунавандагони гурӯҳи мо баландӣ карду ба мо яке аз муаллифони китоби забони модарӣ барои синфи 2-Бунафша Ғаниева дарс дод ва мо аз он кас бисёр чизҳоро омӯхтем. Аммо шунавандагони дигар гурӯҳҳо чӣ? Ҳангоми танаффусҳо бо шунавандагони дигар гурӯҳҳо ҳамсуҳбат мешудам ва онҳо иброз медоштанд, ки дар машғулиятҳо бештар ба конспектнависӣ машғуланд. 

 Дастурҳое, ки муаллимон надоранд!

Ман мақолаи омӯзгори литсейи “Роҳнамо”-и ш.Душанбе Мавҷуда Нуроваро дар газетаи “Омӯзгор”(№44, 28.10.2016) оид ба низоми нави таълим хондам. Ӯ қайд намудааст: “Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дастури муҳиму муфассалеро бо номи “Маҷмӯи модулҳо оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ” ба нашр расонидааст, ки он дастгиру роҳнамои боэътимоди омӯзгорон дар роҳи тадбиқу корбасти низоми таълими салоҳиятнок мебошад. Ва чандест, ки аҳли таълиму тарбия аз ин дастури арзишманд пурсамар истифода мебаранд”. Аммо дар асл “Маҷмӯи модулҳо...” 1 тараф истад, то ба имрӯз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ “Роҳнамои омӯзгор” аз фанҳои забони модарӣ ва математикаро дастрас накардаанд. Муаллифони низоми таълими салоҳиятнокӣ албатта кори назаррасеро ба анҷом расониданд, ки он барои беҳбудии кор дар синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад. Онҳо дастуру маводи зиёди таълимиро гирд овардаанд, ки боиси таҳсин аст, аммо ин дастуру мавод то ҳол ба пуррагӣ дастраси муаллимони синфҳои ибтидоӣ нашудаанд. Тавре дар ҷамъбасти курси 12-рӯза оид ба низоми таълими салоҳиятнок ҳама шунавандагонро бовар кунониданд, ки рӯзи 1 сентябр, яъне оғози соли таҳсил тариқи ройгон “Роҳнамои омӯзгор” аз ҳамаи фанҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд. Аммо 15 октябр танҳо Роҳнамои фанҳои санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба мактабҳо ворид карда шуданду халос. Пас маълум мешавад, ки ҳангоми гузариш ба ин низоми таълим ба саросемагӣ роҳ дода шудааст. Ба фикри шахсии ман агар ин низоми таълим дар якчанд мактаб ба таври озмоишӣ ҷорӣ карда мешуду баъди таҳлилу баррасии натиҷаи он, дар дигар мактабҳо роҳандозӣ мегардид, ба манфиати кор мебуд. Зеро бо ин мушкилоти молию пулӣ сари вақт нашр кардан ва ба муаллимон дастрас кардани маводҳои таълимӣ оид ба низоми таълими салоҳиятнок кори осон нест. Баъзе омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ  маҷбур шуданд, ки аз интернет маводҳои лозимаро дастрас карда, онҳоро бо харҷи калон нусхабардорӣ кунанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи муаллимони синфҳои ибтидоӣ чунин имкониятро доранд? Ба замми ин ягон китоби дарсии мувофиқ ба ин низоми таълим нашр нашудааст. Тавре дар ин низоми таълим таъкид шудааст, “омӯзгор метавонад матнҳоро тағйир диҳад ва матни дилхоҳро вобаста ба қобилияти хонандагон ва имкониятҳои муассисаи таълимӣ интихоб намояд”. Аммо барои ин бояд “Замима ба китоби дарсӣ” дастрасӣ омӯзгор бошад. Вале, ин ҳам нест.  Хуб, фарз кардем муаллим аз китобҳои бадеии бачагона матнеро интихоб намуда, ин корро иҷро кард, вале хонанда дар хона бояд чӣ кор кунад, вақте, ки дар китобҳои дарсии мавҷуда аксари мавзӯҳо нестанд?

Тақлид ба хориҷа ҳадд дорад?

Ҳайронам, ки чаро солҳои охир тез-тез ивазшавии низоми таълим, (бо ном хориҷӣ) дар мактабҳои мо роҳандозӣ мешавад? Яке аз собиқадорони соҳаи маориф, ҷоизадори Президенти ҶТ дар соҳаи маориф устод Ҳабибулло Искандаров дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст: “Аз таҷрибаи пешқадами педагогикаи муосири ҷаҳон ҳам бояд баҳра бардорем. Вале нусхабардорӣ накунем. Мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Он тартиб, низом, қарорҳо ва қонунҳои худро дорад. Мо бояд аз ин талаботҳо берун набароем ва дар навбати аввал дастурҳои онро ба амал барорем. Фонду ташкилотҳои хориҷӣ, ки ба мо ёрӣ мерасонанд, фақат маслиҳат дода метавонанду халос. Ҳақ надоранд, ки ақидаҳои нодурусти худро зӯран болои мо бор кунанд. Бояд хусусияту менталитети миллии моро ба ҳисоб гиранд. “Реформаторҳо”-и мо ҳам аз ҳад нагузаронанд”. Ҳақ бар ҷониби ин устодони бузург аст. Он чӣ, ки иншо кардам, ин фикри шахсии ман аст, шояд дар он хатое рафта бошад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ҳамкасбон эҳтиромона хоҳиш дорам, ки фикру мулоҳизаҳои хешро нависанд. Зеро, ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.

Назари Наврӯз,

муаллим, ш.Душанбе

 

Панҷшанбе, Нояб 03 2016

Дар маросими ба истифодадиҳии мактаби №71-и ш.Панҷакент, раиси вил.Суғд А.Қодирӣ, аз сатҳи дониши хонандагони мактабҳои шаҳр изҳори таассуф намуд. Мактаби мазкур, ки бо кӯмаки молиявии хазинаи Саудии рушд сохта шуда, яке аз мактабҳои замонавӣ дар вилоят аст, дорои синфхонаҳои замонавии компютерӣ, техникӣ, кабинетҳои химияву физика бо тамоми таҷҳизот ва ошхонаву толорҳои варзишӣ ба маблағи беш аз 12 млн сомонӣ бунёд шудааст. Дар маросими ба истифода додани мактаб, Зокирзода, Муҳаммадтоҳир, муовини сарвазири кишвар, раиси вил.Суғд А.Қодирӣ, раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода ширкат карданд. Қодирӣ ва муовини сарвазир аз сатҳи саводи хонандагони макотиби ш.Панҷакент изҳори таассуф намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар мактаби нав хонандагон бо донишу саводи баланд ба олимпиадаҳои байналмилалӣ роҳ ёбанд.

Хуршед Фозилов

 

Панҷшанбе, Окт 13 2016

Чандин моҳ мешавад, ки ба мансаби мудири шӯъбаи маорифи ш.Панҷакент касе таъин нашудааст. Ҳанӯз ним сол пеш мудири шӯъбаи маориф Маъруф Каримов аз вазифааш озод шуда буд. Сарчашмаҳои ғайрирасмӣ сабаби барканори ҷаноби Каримовро дар намози ҷумъа ширкат намудани ӯ медонистанд. Аммо муовини раиси ш.Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ он замон гуфта буд, ки Каримов бо аризаи худаш аз вазифа рафтааст. Пеш аз таъини Каримов ҳам ба ин мансаб чанд муддат ин курсӣ холӣ буд. Ҳоло гуфта мешавад, довталабон ба вазифаи мудири шӯъбаи маориф зиёданд, вале касе шояд то ба ҳол ба раиси шаҳр писанд наафтодааст ё шахси арзандае пайдо нагардидааст. Ба қавли соҳибназарон ин вазифа дар чанд соли охир яке аз мансабҳои "ғурбатнок" дониста мешавад. Зеро ҷангуҷидол байни мактабҳо, даст ба ҷиноятҳои гуногун задани ноболиғон ва дигар омилҳо роҳбарияти шӯъбаи маорифро дар ҷаласаҳои ҳукумативу болоӣ сархам месохтааст.

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, Сен 20 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки барои донишҷӯён-иштирокчиёни Намоиши ҷашнӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр чиптаҳои истифодаи бемузди нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ – автобус ва троллейбус барои 9 моҳ таъмин карда шавад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чоршанбе, Сен 14 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Ба хулосаи «аз 6-солагӣ ба мактаб рафтани кӯдак мувофиқ нест» ва гӯё ин давра вақти бозикунии атфол бошад, комилан зид ҳастам. Зеро бача бояд аз 4, 5 ва 6-солагӣ дар даст қаламу дафтар доштанро омӯзад. Дуруст, ки нутқи даҳонӣ зудтар рушд мекунад, барои ҳамин ҳам ман барои бачаҳо дастур-дафтари хос омода сохтаам, ки бача аз рӯи расм нақл мекунад, ё ягон ҳарфи чопиро калон карда медиҳам ва мегӯям, ки бачаҳо аз хат набаромада ранг кунед. Аз ин кӯдак ҳам ба завқ меояду ҳам зуд хатнависиро аз худ мекунад. 2.Ман 100 бор шукри Истиқлолият мекунам, ки дар ин давра чандин китобҳои дарсии худро ба воситаи кӯмаку дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ ба нашр расонидам! Бояд қайд кунам, ки дар давраи шӯравӣ муаллифони китобҳои дарсӣ аслан мардуми ғайритоҷик буданд. Шукри истиқлол, ки имрӯз китобҳои дарсиро муаллифҳои Тоҷик таҳия ва нашр мекунанд, ҳатто вақте мушовирон аз Русия барои кӯмак ба таҳияи китобҳои дарсӣ омаданд, ба ҷои ба мо омӯхтан, баракс аз мо меомӯзанд.

Очаҷон Шуайбова,

муаллифи кутуби дарсӣ, ш.Хуҷанд

 

саҳ 10 аз 14

Китобҳо

Flag Counter