ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Март 05 2020

   Вазорати маориф ва илми ҶТ аз сокинони кишвар даъват менамояд, ки ба ҳар гуна овозаву дасисаҳо ва ҳаёҳӯй нисбат ба баста шудани мактабҳо ва эълон гаштани вазъияти «карантин» бовар накунанд. Таҳсил дар мактабҳо ва макотиби олии мамлакат тибқи барнома ва реҷа идома дошта, ҳоло зарурат барои эълон намудани «карантин» пеш наомадааст.

   Чуноне ки дар маркази матбуоти вазорати маориф ва илми ҶТ иброз намуданд, ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ба толибилмон ва донишҷӯён тавсия дода шудааст, ки пайваста дастони худро бо собун шуста, бо маҳлули спирт тамиз кунанду, аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.

СССР

 

Чоршанбе, Март 04 2020

 

Газетаи мардумии СССР дар шумораи гузашта дар бораи 1 амали нанговари яке аз омӯзгорони пойтахт-муовини директори мактаби №-1 ш.Душанбе Иванкин Вадим Виталевич навишта буд. Ин ба ном омӯзгор, ки шаҳрвандии 2 кишвар-Федаратсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт, бо ҷурми дастдарозӣ ва нишон додани ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта ба 1 кӯдак ва 6 ноболиғ дастгир шуда, 7 ҳолати анҷомдодашуда ошкор карда шудааст. Ин омӯзгор-педофил боздошт ва нисбати амалкарди ӯ тибқи парванда боз шуда айни замон тафтишот рафта истодааст. Оне, ин муаллим ҳатман паси панҷара меравад, шакке нест, аммо чаро то ҳол нисбати ин на Раёсати маорифи ш.Душанбе вокунише накард ва на ҳайати педагогии мактаби №-1-и пойтахт? Суолест барои мо нофаҳмо.

Мудири наву посбони нав…

Бо гузашти 1 моҳ аз боздошти Вадим Иванкин мухбири газетаи мардумии СССР ба мактаби №1 рафта, хост дар бораи ин қазия бо мудирияти он ҳамсӯҳбат шавад. Аз нигаҳбони  назди дари муассисаи таълимӣ иҷозат гирифта, ба муассисаи мазкур дохил гашта, ба назди директори муассиса даромадем. Рафоат Ашӯрова, мудири ин муассиса ба хушӣ моро қабул кард. Худро муаррифӣ сохта, мақсади омаданамонро шарҳ додем. Хостем дар бораи Иванкин Вадим Виталевич (педагог-педофил) маълумоти бештаре пайдо созем. Баъдтар маълумамон шуд, ки муаллима нав ба кор таъин гардидаву (2 ҳафта пеш!) дар бораи Иванкин Вадим Виталевич, собиқ ҷонишини директори муассиса, ки бо иттиҳоми таҷовуз ба 7 кӯдаки ноболиғ боздошт шудааст, маълумоте надоштааст ва худи ӯро тамоман надидааст. 

 Аз муаллима хоҳиш намудем, то барои суҳбат бо ягон ҷонишинаш дар ин мавуъ ба мо мусоидат созад. Ҷамила Илҳомовна (насаби эшонро натавонистем бифаҳмем), ки 21 сол собиқаи омӯзгорӣ дар ин муассисаро дорад, дар бораи Вадим Виталевич маълумоти хоссе надод, ба ҷуз ин ки ӯ зодаи шаҳри Норак будааст. 

Иваз гардидани директори муассиса ва нигаҳбонони назди дарвоза, ки онҳо низ 2 ҳафта пеш пурра нав шуданд, магар баёнгари он нест, ки баъзеҳо намехоҳанд то ин ҳодиса дар сархати расонаҳо бошад?

Муаллими кӯдаки ман кист?

Пас аз нашри матлаб дар бораи омӯзгор-педофил хонандагони зиёд ба идораи редаксия занг зада, нисбати ин қазия, фарзандону муаллимони онҳо ва вазъияти амният дар мактабҳои пойтахт ва на танҳо пойтахт изҳори нигаронӣ карданд. Воқеан ҳам доғи ҷомеа аст, вақте 1 омӯзгор ба кӯдакони ноболиғ бо баҳонаи дарсҳои иловагиву кружокҳои расмкашиву мусиқӣ дастдарозӣ карда, нисбати кӯдак ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом бидиҳаду дар ин бора на директори мактаб, на ҳамкорон ва на даҳҳо корманди милиса, ки пушти дари мактаб посбонанд, хабар ёбад!? Раёсати маорифи ш.Душанбе масъули амнияти таҳсил дар мактабҳост ва бояд сари ин масъала-қабули омӯзгорони ҷавон, алалхусус онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, ҷиддӣ тасмим бигирад, зеро барои ман хеле муҳим аст, ки муаллими фарзанди ман кист!?

Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, дар қазияи мазбур, ки ягон журналисти русзабони тоҷикистонӣ, ки аз пашша филҳои бузург месозанду дар шикори сенсатсияанду дар кӯчактарин моҷаро обрӯи миллати моро мерезанд, дар ин бора ҳатто ҳарфе на менависанду на навиштаниянд. Сабаб медонед дар чист? Педофил рус асту қурбониҳояш тоҷикон... Ба гуфти ҷавонони имрӯза, “Бги дега, бача” ва демократия бипаз.

Мавзуъро пайгирем. Мо метавонем!

 

Исмоил Маликов, СССР

 

Чоршанбе, Фев 26 2020

 Дуруд бар газетаи мардумии СССР. Ман аз соли 2013 дар мактаби Президентии ш.Кӯлоб ҳамчун омӯзгори фанни риёзӣ кор мекардам. 5 сол фаъолият намудем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста бозии шоҳмотро васф ва ҳатто пешниҳод карданд, ки шоҳмот ҳамчун дарс дар мактабҳо гузаронида шавад. Мо дар пайравии Президент маҳфили шоҳмотро роҳандозӣ намудем ва хонандаҳои мо дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро гирифта, соҳиби медалу ифтихорномаҳо мегаштанд. Вале бо омадани директори нав-Одилзода Дилбар кори маҳфил бад гардид. Он кас моҳи январи соли 2019 моро даъват карда, сароғоз маҳфиламонро хеле таърифу тавсиф намуда, сипас аз ... баста шудани маҳфили шоҳмот хабар доданд. Мо сабабашро пурсидем, дар ҷавоб директори мактаб гуфт, сабаб-ин нарасидани маблағ аст. Ин гуфтаҳо комилан дурӯғу баҳона буданд. Зеро ин маҳфил дар давраи директории Шукуров пайваста дар мактаб гузаронида мешуд ва масъалаи маблағ ҳеҷ вақт мушкилӣ намеовард. Ҳамин хел директори нав 12 маҳфили илмӣ, технологӣ, ҳунариро бо ҳамин сабаб баста, маблағҳои ба маҳофил ҷудошударо ғайриқонунӣ гардониданд. Мо ҳамроҳи 6-7 муаллим ба истеъфо рафтем. Аз ҷумла Чиланисо Яфталиева-муаллимаи ҷавон ва хеле фаол маҷбур ба Русия кӯч баст! Муаллимоне буданд, ки ба мактаб медалҳои тилло меоварданд, вале онҳо дигар тоқати чунин беадолатию бесарусомониро накарда аз кор рафтанд. 

 Дар мактаби президентии Кулоб муқобили сиёсати сарвари давлат кор мебаранд, яъне роҳандозӣ намудани маҳфилҳою олимпиадаҳо дар мактаб, бахусус маҳфили шоҳмот, сиёсати бевосита пешгирифтаи президенти кишвар буд. Пурсида мешавад, ки чаро 5 сол ягон мушкилӣ маҳфилҳои Маткаби президентии Кӯлоб надоштанду бо омадани директори нав якбора маблағ норасоӣ карду онҳо баста шуданд? Шояд ба ин суол дар вазорати маориф посух мегӯянд?

Нусратулло Шарипов, собиқадори соҳаи маориф

 

Панҷшанбе, Фев 20 2020

 

  Дар замони Ҳокимияти Советӣ муаллим, омӯзгор обрӯю мартабаи хуб дошт, ӯро дар ҳама ҷо ҳурмату эҳтиром мекарданд, яъне гули сари сабади ҷамъият буд, аз ӯ маслиҳат мепурсиданд, дар ҷамъомадҳо, маъракаҳо ҳурмату эҳтироми хоса дошт. Ҳоло кор баръакс шудааст: дар ҷамъомадҳо, маъракаҳо ҳоҷӣ, мулло бологузар ва маслиҳатчӣ шудааст. Ҳоло муаллимро ёд ва ба ягон конференсия, маҷлис ва ҷамъомадҳо ҳам даъват намекунанд. Дар матбуот, радио, телевизор муаллим (омӯзгор) зиёиро каме таърифу тавсиф менамоянд, аммо дар амал баръакс ҳоло вай ҳурмату эътибору эҳтиром надорад. Зеро сол то сол одобу интизом ва хондани хонандагон  дар мактабҳо коста гардидааст, дарсазхудкунии онҳо ба ҷои хуб шудан бад шуда истодааст, муаллим дар назди хонанда обрӯ надорад, ба мазоқу мазаммати хонанда дучор шудааст. Ба фикри мо агар маоши омӯзгор баланд бардошта нашавад, обрӯю эҳтироми вай мисли солҳои пешин бардошта нашавад, кори таълиму тарбия, одобу интизоми хонанда, донишҷӯ дар гумон аст беҳ шавад…Мо Метавонем!

Бо салом  С. Аминов, н.Фархор

 

Чоршанбе, Фев 12 2020

 Хонандаи доимии газета аз ш.Душанбе Мирсаиди Хайрулло (тел: 98 902 11 46) ба газетаи мардумии СССР занг зада, мушоҳидаи Норхолой Туллаеваро аз н.Шаҳринав ба мо расонид.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, воқеъ дар н.Шаҳринав аз ҳамин зумра мактабҳост. Замони таҳсили мо аз тарафи ҳукумат ба мактаб ҳезуму ангишт медоданд, лекин печкаҳои мо танҳо рӯзи омадани тафтишгарон ё кадом як меҳмони баландпоя дар мегирифт. Боқӣ дарсҳо бо куртка мегузаштанду палто. Дар муассисаи мазкур хонандаҳо дар 2 баст таҳсил мекунанд. Муҳассилини қисми дуюмро кӯдакон ташкил медиҳанд. Вақте вориди мактаб шудаму аз хонандагони басти якум пурсидам, ки “Синфхонаҳо гарманд ё хунук?” ҷавоб хеле дилхарош буд: “Саҳар як бор печкаҳоро дар мегиронанд, вале оташ тез хомӯш мешавад”. Ҳатто онҳо мегӯянд, ки мабодо ягон нафар аз “боло” омада, ин саволро ба онҳо диҳад, ҳатман бояд “ҳа” гӯянд. Вале тибқи гуфтаи хонандагон дар басти дуюм ҳамон 1 маротиба печсӯзӣ ҳам дида намешавад. Бо болофиребию нақшаиҷрокуниҳо аҳволи хонандагон чӣ мешавад, номаълум! 

 

саҳ 2 аз 22

Китобҳо

Flag Counter