ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 15 2020

Аксарияти омӯзгорони мактабҳои н.А.Ҷомӣ мегӯянд, ки бо гузашти 2 моҳ ҳанӯз ҳам маоши моҳҳои май ва июнро наметавонанд бигиранд. Барои пешгирӣ аз паҳн ва хуруҷи бемории сироятии коронавирус омӯзгоронро пеш аз мӯҳлат ба рухсатии меҳнатӣ фиристоданд, вале ба ғайр аз маоши 2 моҳа маблағи рухсатии онҳо низ то ба ҳол пардохт нашудааст.

- Чандин маротиба ба мудирони муасиссаҳо ва шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намудем, танҳо домани моро бо чормағи пуч пур мекунанду халос, мегӯянд омӯзгорон.

Саид Ёқубзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ дар сӯҳбати ихтисосии худ бо хабарнигори минтақавии СССР дар вилояти Хатлон ин мушкилро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар ҳақиқат ин проблема ҷой дошта, сабаби сари вақт пардохт нагардидани рухсатии муаллимони 64 муассисаи таълимии ноҳия аз иҷро нашудани нақшаи андози ноҳия вобастагӣ дорад. Қарзи маоши омӯзгорони ноҳия 3.516.420 сомониро ташкил медаҳад. Айни ҳол нақшаи андози ноҳия танҳо 44% иҷро шудаасту халос ва ин ҳам боиси нигаронист. Чун дар ноҳия корхонаҳои саноатии бузург нест, даромад низ кам аст. Иншоотҳои ҷашние, ки бунёдашонро бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба нақша гирифтаем, ҳама корхонаҳои хурди саноатӣ мебошанд. Барои пардохти қарзи маошу рухсатии омӯзгорон бошад на танҳо ҳукумати ноҳия, балки худи соҳибкорону тоҷирон низ талош намуда, бояд сари вақт андозро пардохт кунанд, - таъкид дошт Саид Ёқубзода. 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Панҷшанбе, Июл 02 2020

 

Зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳири вилояти Суғд, аз шаҳри Конибодом ва колхози машҳури ба номи Энаҷон Бойматова, ки ҳоло ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова ном дорад, дидан кардам. Шукуҳи ин ҷамъият ҳануз ҳам мисли солҳои қабл бараъло эҳсос мешавад: заминҳои пахта дар нашъунамо, боғот пурмева ва полиз пур аз маҳсулоти полезиву мардум дар заҳмату кор дар ҷушухуруш.

   Муҳимтарин чизе, ки ман дар инҷо дидам мактаби нав дар бинои ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова буд, ки чанд сол пеш таъсис ёфтааст. Тавре сокинони Ҷамоати Пулодони шаҳри Конибодом мегӯянд, ширкати русие бо ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова ҳамкорӣ дошту ҷамъият дар назди он қарздор шуд. Ба хотири бозпас гирифтани қарзи худ аз ин ҷамъият ширкати русӣ бинои колхозро бо ҳукми суд ҳабс кард. Зафарбек Давлатзода, раиси ш.Конибодом аз ин кор бохабар шуда, бо машварати Ҳукумати ҶТ ва МИҲД дар вилояти Суғд маблағи қарзи ҷамъиятро, ки наздики 700 ҳазор сомонӣ буд, аз ҳисоби буҷа пардохт карда, намегузорад, ки бинои ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова аз даст равад. Баъд аз ин дар бинои ин колхози номдор мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои хонандагони синфҳои 1-11 таъсис ёфта, бо ин ташаббуси фавқуллода дар Ҷамоати Пулодони шаҳр боз 1 мактаби нав пайдо мешавад.

   Бо ин иқдоми бесобиқаи худ Зафарбек Давлатзода исбот намуд, ки барои давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар 1 иншоот, боз ҳам иншооти таърихӣ муҳим буда, бунёду таъсиси мактабҳои нав дарт деҳот масъалаи №1 аст. Браво!  

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Ҷумъа, Июн 26 2020

 

   Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳафтаи гузашта хабар дод, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳамкорӣ бо созмони ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо Нақшаи омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи маорифро таҳия намуд, ки он масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаро ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, ҳамчунин идомаи таҳсилро дар давраи таътил фаро мегирад. 

   Тавре маркази матбуоти вазорати номбурда иттилоъ медиҳад, нақшаи мазкур усулу воситаҳои алтернативӣ барои таълими фосилавии хонандагон, дастуру тавсияҳо ба падару модар оид ба дастгирии таҳсили кӯдакон дар хона, пурра аз худ шудани барномаҳои таълимӣ, омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва ҳамзамон, эмин доштани кӯдакон аз сироятшавӣ ба COVID-19-ро муайян месозад. Вазорати маориф ва илми кишвар вобаста ба вазъи кунунӣ, дар асоси таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда, роҳу усулҳои алтернативии таҳсили хонандагон, аз ҷумла тариқи шабакаҳои телевизионӣ, платформаҳои рақамии онлайн ва офлайнро кор карда истодааст. 

   Хуб, бо дарназардошти вазъияти кунунӣ беҳтарин тасмим ва иқдом аст, ки вазорати маориф ва илми мамлакат пеш гирифт. Аммо бояд гуфт, ки ҳануз ҳам дар ин самт, яъне таҳсили фосилавӣ ва ё он-лайн мушкил зиёд асту муҳимтарини он дастрасӣ ба Интернет ва маблағи истифодаи он мебошад, ки на ба ҳама муяссар аст.

Мактаби Кембриҷ: он-лайн аз мову интернет аз шумо!

Гаронтарин мактаб ба назари ман имруз Мактаби Кембриҷ аст, ки маблағи солонаи таҳсил дар он барои 1 нафар хонанда новобаста аз сину сол аз 70 000 то 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд шартномаи таҳсил дар мактаби мазкур миёншикан асту шароити на ҳар кас барои пардохти он мерасад, дар нимсолаи 2-юм хонандагони он танҳо 3 моҳ дарс хондаанду тамом. 

Ин мактаб низ аз моҳи апрел хонандагони худро новобаста аз он, ки ҳама пули яксолаи таҳсилро пешпардохт супоридаанд, ба таътил фиристоду дарсҳои хешро ба таври он-лайн роҳандозӣ кард. Дарсҳо имруз низ тариқи он-лайн баргзор мешаванд, хосса барои хонандагони синфҳои 7-ум низ, лек касе аз ин мактаби номдори Кембриҷ дар фикри пардохти пули истифодаи интернет, ки барои хонандагон ҳамаруза аз ҳисоби волидайн пардохт мешавад, нест.

Харҷ кам шуд, аммо...

Маъмурияти мактаби Кембриҷ дар оғози соли хониш аз хонандагони синфҳои 1-6 70 000 сомонӣ, аз синфҳои 7 боло 100 000 сомонӣ ҷамъ карда гирифт. 3 моҳи ахир хонандагон ба мактаб нарафтанду харҷи худро камтар карданд: пули обу барқ, хурок, хизмати фаррошон, нигоҳубини гирду атрофи мактаб, боғбону посбону партову ғайраву ҳоказо ҳатман коҳиш ёфт. Вале чаро маъмурияти мактаби Кембриҷ боқимондаи маблағро ба волидайн бозпас надод ва ё аз ин ҳисоб барои беҳтар ба роҳ мондани дарсҳои фосилавӣ лоақал хонандагонро бо алоқаи ройгони интернет таъмин накард!? 

Яке аз хонандагони мактаби Кембриҷ Мубориз Достиев аст, ки айни замон дарсҳоро тариқи он-лайн тавассути барномаи Zoom мехонад. Zoom яке аз барномаҳои муосири интернетӣ буда, бо назардошти сифати интернету нархи он дар кишвари мо, ки гаронтарин ба ҳисоб меравад, на ҳар падару модар имкон доранд дарсҳои фосилавии фарзандони худро таъмин намояд. 

Мубориз Достиев барои қафо намондан аз дарсҳо ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ ҳар моҳ ба маблағи 800 сомонӣ алоқаи интернет сарф мекунад. Маълум аст, ки ин маблағро волидайн пардохт мекунанд. Агар фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил вазифаи муассисаи таълимӣ бошад, пас чаро онҳо дар пардохти маблағи интернети хонандагони худ муваззаф нестанд!? 

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

 

Чоршанбе, Июн 17 2020

- Салом ба аҳли эҷоди Газетаи мардумии СССР! Мо 1 гуруҳ падару модарони донишҷӯён бо назардошти ваъияти карантин дар ҷаҳон ва коҳиш ёфтани даромадҳои иқтисодӣ чӣ ба кишвару чӣ ба ҳар 1 оилаи тоҷик якчанд пешниҳод ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва  пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сарварӣ менамояд, дорем:

1. Дар муддати 2 сол (2020-2021) ҳаққи пардохти маблағҳои шартномаи донишҷӯёни макотиби олӣ ва мактабҳои миёнаи махсус, ҳама намуди муассисаҳои таълимдиҳанда, ки онҷо тариқи шартнома таҳсил мекунанд, коҳиш дода шавад;

2. Ба оилаҳои ниёзманд, маъюб, нафақахурон 50% иловапулӣ дар тули 1 соли оянда пардохт гардад;

3. Шахсони осебдида аз ин вазъият бояд дастгирии молиявӣ бинанд. 

4. Нархи фурӯши сару либоси мактабӣ бояд 30-40% арзон карда шавад.

5. Нархи доруворӣ бояд қатъиян дар назорати давлат бошад, на соҳибкорон;

6. Маблағи ташхиси техникии воситаи нақлиёт низ бояд 50% коҳиш ёбад.    

Умедворем бо назардошти вазъияти молиявии шаҳрвандони мамлакат, алалхусус сокинони деҳот Ҳукумати ҶТ сари ин масъалаҳо фикр хоҳад кард. Мардумро дастгирӣ кунед, то мардум шуморо дастгирӣ кунад!

Бо эҳтиром; Т.Ҷумъаев, О.Баротов, С.Назирмадов, М.Шарипов, Ё.Толибов, дар умум 23 нафар сокинони ш.Кӯлоб

 

Ҷумъа, Июн 12 2020

    Омӯзгорони мактабҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Садриддин Айнӣ», «Ҳилолӣ» ва «Қизилқалъа»-и н.Хуросон, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба кӯмаки зарардидагони офати табиӣ омада, дар сохтмони хонаҳои нави зист ба онҳо ҳамроҳ шудаанд. 

    Чуноне ки Нарзулло Шодиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии н.Хуросон мегуяд, шумораи ихтиёриёне, ки ҳамарӯза дар маҳалли навбунёд ба ёрии мардум меоянд, зиёд аст. Ба қавли ӯ, дар умум беш аз 1000 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба кумаки зарардидагон аз сел омаданд. 

 

Чоршанбе, Июн 03 2020

Сар аз моҳи январ сенарияи ҷашнгирии иди “Наврӯз” навишта мешаваду мутасаддиён гуруҳ ба гуруҳ гашта, маршировкачии “ихтиёрӣ” мекобанд. Ба онҳое, ки дар хобгоҳ меистанд ё сокини муқимианд, “афзалият” дода мешавад. Бале, онҳо дар рӯйхат садрнишинанд. Ана баъд, барои пур кардани план сар мешавад “мотиватсия”. Тарғиби якум гузоштани 100 бал барои марҳилаи якум ба ин тоифа донишҷӯёнанд. 1 моҳ рақс мекунанду 100 балл мегиранд. 

Қатъиян мегӯем, ки донишҷӯи ҳақиқӣ асло ҳаваси маршировкаравӣ надорад. Аммо “донишҷӯ”-и донишу хизматгурез майл дорад, то фаъол бошад дар чунин маъракаҳо. Давоми чанд моҳ доду фарёд, ҷобаҷогузорӣ, машқ, омодагӣ... Як чиз гӯям? Барномае, ки шумо аксаран дар рӯи экранҳо мебинед, давоми 3 то 10 рӯз омода мешавад. Бале! Ун чанд моҳи боқимонда бо доду войи коргардону ҷобаҷогузории «кадр» - ҳо мегузарад. 1 рӯз аз чап меистиву рӯзи дигар ба рост мегузарӣ, рӯзи дигараш баръакс. Ана ҳамин аст сенарияи маршировкаравӣ. Овози чанд режиссёр мегираду ҳуши чанд “раққоса” меравад, чанд ҷавон номзад меёбаду чанд нафари дигар соҳиби бахт мешавад (таъбири шиноси 1 нафари муҳтарам) ва ниҳоят барномаи мукаммале рӯи саҳна меояд. Ин ҳолат натанҳо дар дили кишвар, балки дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар низ ҷой дорад. Ҳатто дар Мурғобу Муъминобод ҳам. 

Мирсаид Сатториён, журналист   

 

саҳ 22 аз 44

Китобҳо

Flag Counter