ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 04 2019

 

  - 1 гурӯҳ сокинони н.Темурмалик ба идораи редаксияи газетаи мардумии СССР дар вил.Хатлон муроҷиат намуда, дар бораи дар ҳолати садамавӣ қарор доштани боғчаи бачагонаи №1-и маркази ноҳия хабар доданд. Падару модарон мегӯянд, ки ҳамасола барои таъмири бино маблағ ҷамъ мекунанд, аммо ин маблағ танҳо барои рангубори бинои берунаи он басандагӣ мекунаду халос. Муассисаи томактабӣ имрӯз ниёз ба таъмири капиталӣ дорад ва ё лозим аст, ки онро тахриб намуда, ба ҷояш бинои нави боғчаро аз сар бунёд кард, қайд менамоянд волидайн.

   - Мо чандин маротиба ба собиқ раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода дар ин бора шикоят карда будем, раис ба зертобеонашон супориш дод, ки сари ин масъала чорандешӣ кунанд. Пас аз ин 100 нафар кӯдаконро ба муассиса томактабии №3 ҷой карданд, ки барои чунин шумора дар ин муассиса ҷой нест, - таъкид медоранд падару модарон.

    Шамсулло Сатторзода, мудири маорифи н.Темурмалик дар сӯҳбати телефонӣ ин проблемаро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҳақиқат мушкилӣ ҷой дорад. Муассисаи томактабии №1 дар ҳудуди марказии ноҳия дар ҳолати ногувор қарор дошта, барои ҳалли ин масъала зиёда аз 100 нафар кӯдакро ба муассисаи томактабии №3 ҷой кардаанд. Волидайн умедворанд, ки раиси тозатаъини ноҳия Фотеҳ Аминзода сари ин масъала чораандешӣ намуда, билохира дар чаҳорчӯбаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ ин мушкил ҳалли худро хоҳад ёфт.

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, Нояб 27 2019

 

 - Ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба шумор рафта, масофаи он то маркази пойтахт 200 км-ро ташкил медиҳад. Ва мутаассифона, ба бархе соҳаҳои муҳиму калидии кишвар дар чунин ноҳияҳои дурдаст таваҷҷӯҳи лозима дода намешавад.

    Мухбири СССР дар вил. Хатлон зимни 1 сафари корӣ ба Қубодиён аз вазъи имрӯзаи мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия бохабар шуд. Бинои мактаби мусиқии бачагона кӯҳнаву фарсуда гардида, дар фасли зимистон аз боми бино мазкур об мечакад. Хонандагон бошанд аз надоштани китобҳои мусиқӣ дар рафти таълим ночор аз ашёҳои кӯҳнаи мавҷуда истифода намуда, дарси мусиқиро аз худ мекунанд. Хонандагони мактаби мазкур умед бар он доранд, ки рӯзе дар радифи корҳои ободонӣ ва созанда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ онҳо ҳам соҳиби мактаби нави мусиқӣ бо шароитҳои лозими мегарданду дар синфхонаҳои замонавӣ машғули таълим мешаванд.

   Бояд қайд намуд, ки утоқи синфхонаи таълимӣ 3х4 метр масоҳат дошта, дар ин бинои фарҳангӣ боз китобхонаи бачагона ва китобхона барои калонсолон низ ҷойгир аст. Утоқи мусиқӣ на миз дораду на курсӣ ва на асбобҳои муосири таълимӣ. Бо чунин вазъу ҳолат чӣ гуна соҳаи фарҳанг рушд хоҳад кард? Умедворем, ки Зафар Файзуллозода раиси ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ ба соҳаи фарҳанг назари ҷиддӣ мекунад.

Б. Уроқов, СССР, Хатлон 

 

Панҷшанбе, Нояб 21 2019

 

  - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Солмолидашти ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и н.Балҷувон, ки аз даврони СССР сохта шудааст, то ин дам боре ҳам таъмири капиталиро надидааст. Бояд қайд, кард 300 нафар хонандаи ин мактаб дарсҳои худро бо тарс паси сар мекунанд, то баногоҳ бом ва дару девори он ба рӯяшон наафтад.

    1 гурӯҳ сокинони ин деҳа рӯзи 15.11.2019 меҳмони мухбири СССР дар вилояти Хатлон гашта, вобаста ба вазъи садамавии ин мактаб изҳори нигаронӣ карданд.

Ҳамсӯҳбатон ҳолати садамавии муассисаро тасдиқ карда, илова намуданд, ки новобаста аз шароти нигаронкунанда дар 1 синфхона 30 хонанда таълим мегирад. Дар фасли сармо, яъне рӯзҳои боронӣ аз боми бино ба синфхонаҳо оби борон мечакад. Хонандагон ва омӯзгорон аз норасоии компютерҳо ва таҳҷизоти замонавӣ низ танқисӣ мекашанд. 

     Дар ҷаласаи назди раиси ноҳия муовини раиси ноҳия ҳисобот дод, ки шишабандӣ ва тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дар иншоотҳои марбут ба соҳаи маориф 100% иҷро шудааст. Чӣ гуна 100%, вақте ин амал ҳатто то 40% ҳам иҷро нашудааст? То ба кай масъулони ноҳия ба раиси ноҳия ҳисоботи бардурӯғ медиҳанд? Оё раиси ноҳия Маърифат Зоирзода ва  Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи мазкур аст, аз ин вазъ хабар надоранд!?

Б. Уроқов, СССР вилояти Хатлон  

 

Чоршанбе, Нояб 13 2019

Агар дар с.1991 дар ҳудуди вил.Хатлон ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ буд, пас имрӯз теъдоди чунин корхонаҳо аз садҳо адад болост. Дар 28 соли охир баҳри таъмини насли наврас ба шароити мусоиди таълим дар шаҳру навоҳии Хатлон шумораи зиёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта шуда, дар умум дар вилоят дар 2 соли оянда бунёди 6500 иншооти ҳаётан муҳим ба назар гирифта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки аз ин теъдод аллакай 1778 иншоот пурра сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дӯстӣ дар миқёси мамлакат яке аз ноҳияҳои калон маҳсуб ёфта, гуфта мешавад, дар зарфи 2 соли оянда дар ин ноҳия боз 15 муасиссаи таълимиву томактабӣ сохта ба истифода дода мешавад. Тавре Идибекзода Ҷӯрабек, сармеъмори ноҳияи мазкур дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, сохтмони мактабу муассисаҳои томактабии нав тӯҳфаи хубест барои ҳам хонандагон ва ҳам маорифчиёни ноҳия. Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар баробари дигар корҳо инчунин корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррамнамоӣ ҳам дар н.Дӯстӣ вусъати нав гирифта, дарвозаи даромадгоҳи ноҳия низ ба тозагӣ бунёд карда шудааст.

Баҳодури Абдусалом, вил.Хатлон 

 

Чоршанбе, Нояб 06 2019

Салом ба СССР-чиёни азиз! Аввал ин, ки сипоси самимӣ барои дастандаркорони лоиҳа-озмуни «Деҳи ман-Ватани ман!» баён менамоям. Деҳаи мо-Оби Шифои ҷамоати деҳоти Навбаҳор аз маркази ноҳия-шаҳраки Бӯстон хеле дур буда, роҳи рафтуомадаш ҳам пурчангу хок аст. Аз рӯи масофа ин деҳа назар ба шаҳраки Бӯстон ба марзи ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистон наздиктар аст. Мушкилоти асосии мардуми ин деҳа мактаб буд, ки он ҳам билохира бо ташаббуси раҳбарияти ноҳия бунёд шуда истодааст. Бояд бигӯям, ки мактаби миёнаи рақами №19-и деҳаи Оби Шифо ҳанӯз солҳои 1950-1960 сохта шуда, барои таҳсилоти то синфи 9 ба назар гирифта шудааст. Бо гузашти ин солҳо бинои мактаб кӯҳнаву фарсуда гашта, теъдоди хонандагон ҳам афзуд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати ноҳия дар якҷояги бо Вазорати маориф ва илми ҶТ ба сохтмони бинои нави мактаб шурӯъ намуданд ва айни замон он дар арафаи анҷомёбист. Мактаби нав барои 200 нафар хонанда пешбинӣ гашта, тӯҳфаи хубест ба сокинони деҳаи дурдасти мо пешопеши ҷашни таърихии миллат. Мардуми Оби Шифо воқеан ҳам ба мактаби нав ниёз доштанд ва ҳамакнун фарзандонамон дар синфҳои кушоду равшану барҳаво таҳсил хоҳанд кард. Умедворем роҳ ҳам обод хоҳад шуд. Дастатон дард мабинод!

Муттавалӣ Сафозода, н.Мастчоҳ

 

Чоршанбе, Окт 30 2019

Сокинони минтақа (участка)-и 4-уми ба номи «Файзалӣ Саидов»-и ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и н.Кӯшониён ободиҳои созандаро дар дигар шаҳру навоҳии ҳамсоя дида, умед ба шароити беҳтари иҷтимоӣ дар маҳалли хеш мекунанд. Зеро ниёз ба бунгоҳи тиббӣ, мактаби наву замонавӣ, боғчаи кӯдакона, маркази хизматрасонӣ доранд, вале бо чӣ сабаб бошад, ки сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим дар инҷо ба нақша гирифта нашудааст. Чанд сол пеш ҳукумати ноҳия зиёд шудани хоҷагиҳоро ба назар гирифта, дар 1 мавзеи дур аз деҳа барои сохтмони мактабу боғчаи кӯдакона замин ҷудо кард. Ин мактаб аз деҳа 4 км. дуртар ҷойгир буда, дар фасли сармо рафтуомад ба он душвор гашта, роҳи аз деҳа то мактаб низ хоколуд буда, пас аз боришоти барфу борон аз рӯи он гузаштан амри маҳол мешавад. Фарзандони сокинони ин деҳа қисман дар мактаби №19, ки 4 км дур аст ва бархе дар мактаби №65, ки дар масофаи 5,3 км ҷойгир аст, таҳсил менамоянд. Тӯли солҳои зиёд масъалаи бунёди мактаби муосир дар минтақаи 4-ум ҳамчун проблемаи ҳалношуданӣ мондаасту ҳамакнун мардум умед ба раиси тозатаъмини ноҳия-Икромиддин Вализода мекунанд, ки шояд ин раис ба додашон расида, ғамхорӣ мекунаду билохира мактаб дар ин деҳа бунёд мегардад. 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

саҳ 27 аз 44

Китобҳо

Flag Counter