ХАБАРИ ДОҒ

Замини мактаби Ховалингро боз фурӯхтанд!

  • Панҷшанбе, Май 26 2016

2 сол қабл матлаберо бо номи "Дарс дар 3 баст" дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ховалинг" чоп карда будам. Он ҷо таъкид шуда буд, ки масъулин қитъаеро барои сохтмони автозаправка аз замини боғи мактаб гирифтаанд.

Пас аз чоп намояндаҳои коррупсия, маорифу ҳукумат, прократураи минтақа омада, тафтиш карданд ва замин ба мактаб баргардонида шуд. Вале ҳамакнун аз сӯи ғосибони он замин таҳдид ба хонаводаи мо зиёд гардид: Модарамро аз духтар будани ману рехтани обрӯям тарс доданд. Давоми 1 сол боз модарам бемор асту дардашро то ин дам касе намедонист. Дарди ӯ танҳо манаму таҳдидҳо! Вақте бори дуюм заминро аз мактаб гирифтанд, дигарбора бо номи "Ховалинги хору зор" навиштам. Ин бор ба вазири маорифи ҶТ муроҷиат карда, барои сохтмони толори варзишӣ барои ҷавонони деҳа дар боғи мактаб аз номи ҷавонон ариза дода ҷавобашро интизор шудам. Бо супориши Вазири маориф гурӯҳи корӣ ташкил шуд ва барои дидани вазъият ва муайян кардану омӯхтани қитъаи замин ба ноҳия рафтанд. Ин бор ҳам соҳибони замин ба хона рафта ба оилаамон дашному таҳдид карданд.

Мӯҳтарам вазир! Шумо қайд кардед, ки замини мактаб фурӯхта намешавад ва ҳар сохтмон бояд ба манфиати мактаб бошад. Вале далелу аризаву баёноте, ки аз ноҳия зердастони шумо бурдаанд, дурӯғ аст. Оё заправка низ ба манфиати мактаб аст?

Ҳоҷӣ Ҷобир-нафаре, ки замини мактабро харидааст, ба ман таҳдид дорад, ки «аз дастам ҳамаи кор меояд». Аз дасти шумо ғайр аз харобкорӣ коре намеояд. Агар замин аз мактаб нест, пас таҳдидҳо барои чист? Дар асоси кадом қонун замини мактабро фурӯхтед? Фарзандони сокинони 4 деҳа, ки дар ин мактаб хондаанд, шоҳиданд, ки замин аз мактаб аст. Иловатан, барои сохтани заправка ягон сокини ин деҳа розӣ нест ва ҳама медонем, ки аз оби назди ин сохтмон тамоми мардуми деҳа истифода мебаранд ва пас аз сохтани заправка дар деҳа ягон хел обчакорӣ намемонад. Ин дар ҳолест, ки дар наздикии мактаб Шабакаи барқии ноҳия ҷойгир аст ва байни шабакаи барқ ва мактаб магар бунёди Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ хатарнок нест?!

Сарвинисои Давлат,

Ховалинг, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter