ХАБАРИ ДОҒ

Фархор ба соҳаи маориф назари аввалиндараҷа дорад

  • Душанбе, Авг 08 2016

82-фоиз аз хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор барои идома додани дониш ба Донишгоҳҳои олии кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд. 

 

Аз 2611-нафар хатмкунандаи макотиби миёна 2143 нафар барои дохил шудан ба макотиби олӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Ин нишондод аз он дарак медиҳад, ки дар ин ноҳияи дурдасти кишвар ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ояндагони миллат дикқати махсус дода мешавад. 

Бино ба иттилои Раъно Раҳимзода, раиси ноҳия, дар ин сол 216 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, 37-медал, аз ҷумла 4-медали тилло, 17-нуқра ва 16- медали биринҷиро соҳиб гаштаанд. 

Ҳукумати маҳаллӣ бо роҳбарии хонуми раиса ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва барои ҳавасмандгардонии устодону толибилмон равандҳои гуногунро ба роҳ мондаанд. Танҳо дар 6-моҳаи имсол  55-нафар собиқадорони маориф бо тӯҳфаву мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ифтихорномаи «Собиқадори маориф», ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия ва ба 10-нафар нишони сарисинагии «Омӯзгори фахрии Фархор» қадрдонӣ гардиданд. 

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Фархор 53-муассисаи таҳсилоти миёна, 4-мактаби таҳсилоти асосӣ, 8-мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 2-литсей, 2-гимназия ва 1-хонаи бачагон фаол буда, дар онҳо 2021 нафар омӯзгор ба 32988-нафар хонандагон дарси фанниву таълиму тарбия медиҳанд. 

Дар ҳамин 6-моҳа 6-муассисаи таълимӣ, 3-боғчаи кудакона аз аттестатсия ва 2 муассисаи томактабӣ аз акредитатсия гузаштанд. 

Гузашта аз ин, дар ҳамин муддат бо ташаббуси шуъбаи маориф «Аксияи ҷамъоварии китоб» гузаронида шуда, наздик ба 6-ҳазор китобҳои бадеиву илмӣ аз аҳолӣ ҷамъ оварда, ба китобхонаҳои макотиби ноҳия ворид карда шуд. Ин амал, бегумон барои баланд бардоштани сатҳи дониши наврасон мусоидат хоҳад кард.   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter