ХАБАРИ ДОҒ

Тӯҳфаи Убайдуллоев ба донишҷӯёни маршировка

  • Сешанбе, Сен 20 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки барои донишҷӯён-иштирокчиёни Намоиши ҷашнӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр чиптаҳои истифодаи бемузди нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ – автобус ва троллейбус барои 9 моҳ таъмин карда шавад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Дар ҷаласаи назоратии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 19.09.2016 баргузор гашт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамзамон таъкид сохт, ки дар марҳилаи дуюм корҳои бунёдӣ дар қитъаҳои замини минтақаҳои аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ холишуда, тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳалҳо баҳри ташкили шароитҳои арзанда барои истироҳату хизматрасонии сокинон роҳандозӣ карда мешаванд. 

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои  мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, ғановату назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, бахусус нақлиёти ҷамъиятӣ, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ва боғоту чаманзорҳои пойтахт, матраҳ карда шуданд. 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter