ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: 225 нафар бемори сил аст

  • Панҷшанбе, Нояб 03 2016

Тибқи омори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вил.Хатлон, дар с.2016 танҳо ба ин вилоят 1903 нафар муроҷиат кардаанд ва аз ин шумора 225 муҳоҷирон ба далели бемории сил гирифтор шудаанд. Ин танҳо онҳоеянд, ки баъди бозгашт аз муҳоҷират ба духтурон муроҷиат кардаанд. Олимзода Шамсулло,директори маркази мубориза ба зидди бемории сил дар вил.Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2015 1980 нафар бо доштани чунин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати 9 моҳи сол 2016 хушбахтона 77 нафар кам аст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ миёни муҳоҷирон 225 нафар, ки гирифтори сил будаанд, ҳудуди 17 зан низ ҳаст. Аммо танҳо бекорӣ нест, ки ин муҳоҷирони бемор баъди ихроҷ аз Русия рӯбарӯ мешаванд. Хатари дигар эҳтимол аз ин муҳоҷирон ба аъзои хонаводаашон сироят ёфтани вируси сил аст. Раҳими 23-сола мегуяд, «соли 2014 ба Русия рафтам ва ҳини аз ташхиси тиббӣ гузаштан сиҳат будаму вазнам 86 кг. Дар муддати 6 моҳи корӣ рӯз ба рӯз лоғар шудан гирифтам. Вазнам ба 50 кг поин фаромад. Вақте ба беморхона муроҷиат кардам ташхиси тиббӣ маълум кард, ки ман ба бемории сил гирифтор шудаам. Ҳоло дар ватан табобат мегирам, ваъзи саломатиям хело хуб аст. Ман аз муҳоҷирон хоҳиш дорам, ки тез-тез аз муоинаи тиббӣ гузаранд…».

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter