ХАБАРИ ДОҒ

Таълими салоҳиятнокӣ ва мушкилоти муаллимон

  • Панҷшанбе, Дек 15 2016

Аҳли маориф огоҳанд, ки соли таҳсили 2016-2017 дар зинаи ибтидоии таҳсилоти миёнаи умумии ҶТ низоми нави таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Албатта ҳар навгонию пешравӣ дар соҳаи маориф боиси дастгирист. Зеро замона дигар шудаасту танҳо бо усулҳои кӯҳнашудаи таълим талаботи имрӯзаро қонеъ гардонидан мумкин нест. Вале гап сари он меравад, ки бо ҷорӣ шудани низоми таълими салоҳиятнокӣ сарсонию саргардонии муаллимони синфҳои ибтидоӣ зиёд шуд. Бо мақсади ба ин низоми таълим шинос намудани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз моҳи июн то охири август зиёда аз 30.000 муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба таври оҷил аз курси 12-рӯзаи такмили ихтисос оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ гузаронида ва дорои шаҳодатнома шуданд. Вале оё ин миқдор омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ доир ба ин низоми таълим маълумоти даркорӣ гирифтанд? Аз суҳбатҳо бо омӯзгорони 1 қатор муассисаҳои таълимии ш.Душанбе маълум шуд, ки онҳо аз ин курсҳо қариб чизе нагирифтаанд ва аксари тренероне, ки дар ин курсҳо дарс мегузаштанд, худ оид ба ин низоми таълим маълумоти казоӣ надоштанд. Ман худ шунавандаи ҳамин гуна курс дар моҳи август будам. Бахти шунавандагони гурӯҳи мо баландӣ карду ба мо яке аз муаллифони китоби забони модарӣ барои синфи 2-Бунафша Ғаниева дарс дод ва мо аз он кас бисёр чизҳоро омӯхтем. Аммо шунавандагони дигар гурӯҳҳо чӣ? Ҳангоми танаффусҳо бо шунавандагони дигар гурӯҳҳо ҳамсуҳбат мешудам ва онҳо иброз медоштанд, ки дар машғулиятҳо бештар ба конспектнависӣ машғуланд. 

 Дастурҳое, ки муаллимон надоранд!

Ман мақолаи омӯзгори литсейи “Роҳнамо”-и ш.Душанбе Мавҷуда Нуроваро дар газетаи “Омӯзгор”(№44, 28.10.2016) оид ба низоми нави таълим хондам. Ӯ қайд намудааст: “Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дастури муҳиму муфассалеро бо номи “Маҷмӯи модулҳо оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ” ба нашр расонидааст, ки он дастгиру роҳнамои боэътимоди омӯзгорон дар роҳи тадбиқу корбасти низоми таълими салоҳиятнок мебошад. Ва чандест, ки аҳли таълиму тарбия аз ин дастури арзишманд пурсамар истифода мебаранд”. Аммо дар асл “Маҷмӯи модулҳо...” 1 тараф истад, то ба имрӯз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ “Роҳнамои омӯзгор” аз фанҳои забони модарӣ ва математикаро дастрас накардаанд. Муаллифони низоми таълими салоҳиятнокӣ албатта кори назаррасеро ба анҷом расониданд, ки он барои беҳбудии кор дар синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад. Онҳо дастуру маводи зиёди таълимиро гирд овардаанд, ки боиси таҳсин аст, аммо ин дастуру мавод то ҳол ба пуррагӣ дастраси муаллимони синфҳои ибтидоӣ нашудаанд. Тавре дар ҷамъбасти курси 12-рӯза оид ба низоми таълими салоҳиятнок ҳама шунавандагонро бовар кунониданд, ки рӯзи 1 сентябр, яъне оғози соли таҳсил тариқи ройгон “Роҳнамои омӯзгор” аз ҳамаи фанҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд. Аммо 15 октябр танҳо Роҳнамои фанҳои санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба мактабҳо ворид карда шуданду халос. Пас маълум мешавад, ки ҳангоми гузариш ба ин низоми таълим ба саросемагӣ роҳ дода шудааст. Ба фикри шахсии ман агар ин низоми таълим дар якчанд мактаб ба таври озмоишӣ ҷорӣ карда мешуду баъди таҳлилу баррасии натиҷаи он, дар дигар мактабҳо роҳандозӣ мегардид, ба манфиати кор мебуд. Зеро бо ин мушкилоти молию пулӣ сари вақт нашр кардан ва ба муаллимон дастрас кардани маводҳои таълимӣ оид ба низоми таълими салоҳиятнок кори осон нест. Баъзе омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ  маҷбур шуданд, ки аз интернет маводҳои лозимаро дастрас карда, онҳоро бо харҷи калон нусхабардорӣ кунанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи муаллимони синфҳои ибтидоӣ чунин имкониятро доранд? Ба замми ин ягон китоби дарсии мувофиқ ба ин низоми таълим нашр нашудааст. Тавре дар ин низоми таълим таъкид шудааст, “омӯзгор метавонад матнҳоро тағйир диҳад ва матни дилхоҳро вобаста ба қобилияти хонандагон ва имкониятҳои муассисаи таълимӣ интихоб намояд”. Аммо барои ин бояд “Замима ба китоби дарсӣ” дастрасӣ омӯзгор бошад. Вале, ин ҳам нест.  Хуб, фарз кардем муаллим аз китобҳои бадеии бачагона матнеро интихоб намуда, ин корро иҷро кард, вале хонанда дар хона бояд чӣ кор кунад, вақте, ки дар китобҳои дарсии мавҷуда аксари мавзӯҳо нестанд?

Тақлид ба хориҷа ҳадд дорад?

Ҳайронам, ки чаро солҳои охир тез-тез ивазшавии низоми таълим, (бо ном хориҷӣ) дар мактабҳои мо роҳандозӣ мешавад? Яке аз собиқадорони соҳаи маориф, ҷоизадори Президенти ҶТ дар соҳаи маориф устод Ҳабибулло Искандаров дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст: “Аз таҷрибаи пешқадами педагогикаи муосири ҷаҳон ҳам бояд баҳра бардорем. Вале нусхабардорӣ накунем. Мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Он тартиб, низом, қарорҳо ва қонунҳои худро дорад. Мо бояд аз ин талаботҳо берун набароем ва дар навбати аввал дастурҳои онро ба амал барорем. Фонду ташкилотҳои хориҷӣ, ки ба мо ёрӣ мерасонанд, фақат маслиҳат дода метавонанду халос. Ҳақ надоранд, ки ақидаҳои нодурусти худро зӯран болои мо бор кунанд. Бояд хусусияту менталитети миллии моро ба ҳисоб гиранд. “Реформаторҳо”-и мо ҳам аз ҳад нагузаронанд”. Ҳақ бар ҷониби ин устодони бузург аст. Он чӣ, ки иншо кардам, ин фикри шахсии ман аст, шояд дар он хатое рафта бошад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ҳамкасбон эҳтиромона хоҳиш дорам, ки фикру мулоҳизаҳои хешро нависанд. Зеро, ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.

Назари Наврӯз,

муаллим, ш.Душанбе

 

2 Паём

  • Шарҳр додан Файзиддин Ниёзов Якшанбе, 15 Январ 2017 12:29 Паём аз Файзиддин Ниёзов

    Устоди гиромӣ, Назар Наврӯз
    Ташаккур барои мақолаи пурмуҳтаво! Дар асл мо хеле хурсандем, ки имконияти ба таври озод баррасӣ кардани масъалаи мушкилоти татбиқи муносибати салоҳиятнокиро дорем. Якчанд масъала дар мақолаи Шумо беасосанд, аз ҷумла озмоиш нашудани маводи таълими салоҳиятнок. Стандарт ва роҳнамоҳо дар 55 муассисаи таълимии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурӣ бо ҷалби зиёда аз 460 омӯзгор як соли таҳсилоти пурра (2015-2016) озмуда шуда, натиҷаҳои озмоиш таҳлил ва хулосаҳои зарурӣ оид ба гузариш бароварда шуданд. Масъалаи дигаре, ки Шумо баррасӣ кардаед набудани мавод ва мувофиқат накардани китобҳои дарсӣ аст. Шумо як нуктаи хубро аз роҳнамо овардаед, яъне омӯзгорон метавонанд матнҳои гуногунро интихоб кунанд ва дарсашонро бо истифодаи сарчашма ва адабиёти гуногун ба нақша гиранд. Мо ҳамеша мегуфтем, ки омӯзгор бояд эҷодкор бошад, ҷанбаҳои гуногуни дарсашро рангин намояд. Интихоб ва истифодаи адабиёти гуногун (ғайри китоби дарсӣ) ба хонандагон имконияти бо адабиёти ғании мо шинос шуданро фароҳам меорад. Хушбахтона тайи солҳои охир адибони тоҷик ва ноширон китобҳои бадеии зиёд таҳия ва нашр карда истодаанд ва онҳо бо нархи дастрас пешкаши хонанда гардонда мешаванд. Агар мо худро ба маводи китоби дарсӣ маҳдуд кунем ва ба хонанда имконияти шинохтани адабиёти бадеиро фароҳам наорем, хонандагон моҳияти хондан (мутолиа) карданро дарк намекунанд ва дар ҳаёти минбадаашон мутолиа намекунанд. Ҳоло мо мегӯем, ки чаро кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва умуман мардум китоб намехонад, зеро онҳо аз моҳияти мутолиа кардан ва ғанӣ гардонидани дунёи маънавии худ хабар надоранд. Аз ин лиҳоз, аз доираи китоби дарсӣ берун баромадан ва насли наврасро барои таълим гирифтан масъул гардондан, ба маърифатнок шудани ҷомеа мусоидат мекунад. Масъалаи дигаре, ки Шумо баррасӣ кардаед нусхабардории низомҳои хориҷӣ аст. Аввалан, иқдоми гузариш ба муносибати нави таълим дар Стратегияи миллии рушди маориф омадааст ва он нақшаи мушаххаси гузаришро пешкаш менамояд. Сониян, масъалаҳои дастовардҳои педагогика, методикаи таълими ҷаҳонӣ моли башарият аст, на як минтақаи маҳдуди ҷаҳон. Айни замон мо истифодабарандагони дастовардҳои илму техникаи ҷаҳонӣ ҳастем ва намегӯем, ки он ихтирои як минтақаи ҷаҳон аст. Мисоли одӣ, айни замон мову шумо тариқи интернет муоишират мекунем, пас онро кӣ ихтироъ кардааст? Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва хушбахтона соҳиби давлатест, ки барои рушд кардани соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, имконият фароҳам меорад. Он назарияҳое, ки олимони муосири педагогикаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд, на танҳо барои минтақаи маҳдуд, балки барои ҳама пешниҳод мегарданд. Сеюм, агар шумо модулҳои таълимӣ ва роҳнамоҳоро бодиққат мутолиа кунед, пас огаҳ мешавед, ки тавсияҳои онҳо ба шароит ва ба гуфти шумо "менталитети" мо мувофиқ аст. Бале, татбиқи муносибати салоҳиятнок мураккаб аст, зеро он аз омӯзгор малакаву маҳорати баландро талаб мекунад. Агар дар муносибати пештара омӯзгор ду ё се фаъолияти таълимиро дар раванди таълим татбиқ мекард (масалан, хонандагон нақли омӯзгорро гӯш мекарданд, нақл ё матни хондаашонро бозгӯйӣ мекарданд, мисолҳои дар китоби дарси омадаро ба таври автоматӣ кор мекарданд) дар муносибати салоҳиятнокӣ миқдор ва навъи фаъолиятҳои таълимии зиёд истифода мешавад ва аксари онҳо малакаи таҳқиқотиро талаб мекунанд ва хонандаро иштирокчии фаъоли раванди таълим мегардонанд, хонандагонро барои ахдукунии донишу малакаҳои нав масъул мегардонанд. Яъне хонанда аз шунавандаи пассив ба иштирокчии фаъоли раванди таълим табдил меёбад.

  • Шарҳр додан Фирдавс Ниёзи Сешанбе, 20 Декабр 2016 15:22 Паём аз Фирдавс Ниёзи

    Замона дигар шудааст ва омузгорро зарур аст, ки худро такмил дихад , на ин ки дигаронро барои такмил надодани салохитхои худ гунахкор хисобад. Ба таваччухи омузгори мухтарам расонидап мешавад, ки дар низоми нав худи омузгор бояд муносибатро ба таълим дигар кунадю Барои расидан ба салохиятноки омузгорро зарур аст,ки дониши худ ва муносибати худро ба таълим дигар кунад. Омузгорро зарур аст,дар низоми салохиятноки на танхо худаш фигураи асосии синф бошад, балки уро зарур аст, ки раванди таълимро танзим намояд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter