ХАБАРИ ДОҒ

Муаллимони пир халал мерасонанд?

  • Панҷшанбе, Дек 22 2016

Салом, СССР! Тайи 6 соли охир кори таълиму тарбияи хонандагон дар мактаби №3-и ноҳияи А.Ҷомӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Сабаби асосии он дар назорати сусти директор-С.Қодирова ва ҷонишинони ӯст. Вақте сарвари муассиса худ дарс намегузарад, пас чӣ ҳоҷати гап? Директор 6 сол боз аз фанни забони олмонӣ дарс мегӯяд, вале дар ин муддат хонандагони синфҳои 11 хондану навиштан он тараф истад, ҳатто алфавити олмониро намедонанд. Аз соли нави таҳсил «барои нафақахӯрҳо ним ставка (9 соат) дарс мумкин аст», гуфта ба ман 10 соат (дарси 2 синфи 11)-ро доданд, ки моҳи сентябр тамом шуд. Пеши К.Тоиров-бухгалтери мактаб даромада гуфтам, ки маошам чанд пул шуд? Гуфт, ки мо шуморо 9 соат ҳақ додем ва 1 соати дигарашро аз маориф пурсидан даркор. Назди директор даромада гуфтам, ки шумо дар моҳи сентябр дар синфҳои 11 ҳамагӣ 1 соат даромада аз рӯи категорияи олӣ маош гирифтед, оё ин пули шумо ҳалол аст? Директор дар ҷавоб гуфт: «4 тарафат қибла. Ту, ки хона надорӣ, боз бо ман баҳс мекунӣ?» Директор 6 сол боз баъди тамом шудани соли хониш аз ҳар хонанда барои таъмири мактаб камаш 20 сомонӣ мегирад, лек пулро ба куҷо сарф мекунад маълум нест. Ӯ замини тирхонаи мактаб ва замини атрофи кателнии мактабро ҳам фурӯхтааст.

Дар соли таҳсили 2015-16 барои синфҳои 10а,б ва 11а,б (4 синф) бояд аз фанни физика дарс мегузаштанд, вале ягон соат дарс нагузашта, дар охири сол аз онҳо муаллими фанни химия-Ибодов Сайхӯҷа имтиҳон гирифта, синфҳои 10-ро аз синф ба синф гузаронда, синфҳои 11-ро дар аттестатҳояшон баҳо гузоштааст. Дар давоми сол чанд бор хонандагони синфҳои 11 аз директор хоҳиш карданд, ки ба ман иҷозат диҳанд, ки ба онҳо аз физика дарс гӯям, дар ҷавоб гуфтааст: «Ба нафақахӯрҳо мумкин нест». Аз нашри китобҳои иҷоравӣ бошад 10-солаҳо гузашта, вале онҳоро фурӯхта пул ҷамъ мекунанд. Вақте аз директор пурсидам, ки ҷонишини синфҳои ибтидоии ту чаро дарс надода аз давлат маош мегирад, гуфт: Ӯ шахси бовариноки мудири маориф-Т.Маҳмадёров аст. Ҷонишини синфҳои ибтидоӣ С.Садиров солҳои зиёдест, ки ҳам раиси Иттифоқи касабаи мактаб ва ҳам мудири анбори озуқавории «Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ»-ст, занаш ошпази мактаб ва боз 2 хизматгори дигар ҳам доранд. Соли хониши гузашта аз ҳар 1 хонандаи синфҳои ибтидоӣ 3 сомонӣ «картошкаю пиёз мехарем» гуфта (дар ҷамъ 1500 сомонӣ) барои маишати худашон ҷамъ кардаанд.

Ба мактаб бо таппак!

 Имсол бошад вариантҳоро дигар карда, аз ҳар 1 хонанда (500 нафар)-и синфҳои 1-4 дар 1 моҳ 1 кг пиёз, 1 кг картошка (500 кг пиёз, 500 кг картошка) ҷамъ карданд. Ҳини набудани барқ хонандагони бечора дар 1 пакет тапак ҳам меоранд.

Садиров бо маслиҳати директору бухгалтери мактаб келини ҳомиладорашро дар мактаб фаррош гузаронида, маоши 1-2 соли ӯро байни худ тақсим мекунанд. Дар мактаб аз аввали соли хониш бӯр, хаткашак, транспортир, паргор, умуман ягон асбоб нест. Барои ман аламовар ин аст, ки Қодирова дар байни муаллимон гуфтааст, ки «аз нафақахӯрҳо 2 каси дигараш монд. Инҳоро ҳам яктарафа кунем, баъд мактаб аз худамон мешавад». Яъне ман ва Шарифҷон Раҳимзода (муаллифи ҳамешагии газетаи СССР)-ро дар назар дорад.

Шарифбек Абдураҳмонов,

омӯзгори мактаби №3, н.А.Ҷомӣ, тел: 93 473 88 01

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter