ХАБАРИ ДОҒ

Дар мактабҳо омӯзиши сарқонун сар мешавад

  • Душанбе, Янв 09 2017

Минбаъд ба барномаи таълимии синфҳои 8 ва 9 омӯзиши пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда мешавад. Ин нуктаро имрӯз Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти хабарӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма зикр кард.

Бино ба иттилои Нуриддин Саид, ин 3 қонун дар фаслҳои алоҳида дар китобҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ҷой карда шуда, аз оғози моҳи сентябр омӯзиши он ба роҳ монда мешавад.

- Тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти асосии ҳатмӣ 9 сол аст ва 1 қисми хонандагон баъд аз хатми синфи 9 ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда, синфи 10-11- ро намехонанд. Аз ин рӯ ба хотири аз ин маълумоти пурра берун намондани онҳо ин барнома дар барномаи таълимии синфҳои 8-9 ҷойгир карда шуд,- илова намуд Нуриддин Саид.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter