Принт

Вуруди то 18-солаҳо ба марказҳои интернетӣ манъ шуд


Палатаи поёнии Парлумони ҶТ имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии худ 1 зумра тағийроту иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» қабул намуд. Тибқи тағийротҳои воридгардида, минбаъд вуруди ҷавонону наврасони то 18 сола ба марказҳои бозиҳои интернетӣ, хосса Интернет-кафеҳо аз соати 18:00 то соати 6:00-и субҳ манъ карда мешавад. Ба ғайр аз ин, чунин маҳдудият ба дискоклубҳо ва марказҳои дилхушии шабона низ тааллуқ дорад.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми ошкор гардидани наврасон ва ҷавонони то 18 сола дар чунин марказҳо, на танҳо падару модар, балки соҳибони каҳвахонаҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷарима аз 50 то 150 сомонӣ кашида хоҳанд шуд.
 
 
 
 

Матлабҳои дигар