ХАБАРИ ДОҒ

Амали диссернет ҳадафмандона аст!

  • Панҷшанбе, Июл 19 2018


Санаи 17.07.2018 дар бинои асосии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ректори ДМТ, муҳтарам Маҳмадюсуф Имомзода дар оғози нишаст аз дастовардҳои ин Донишгоҳи воқеан ҳам бонуфузи кишвар ёд оварда гуфт, ки «Дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ 3256 адад компютер ва дар синфхонаҳои таълимӣ 145 адад тахтаи электронӣ, 180 адад видеопроектор, 523 адад принтери бисёрфунксионалии лазерӣ ва 13 адад сканер насб шудааст, ки барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд…».
Имомзода дар идома перомуни фаъолияти таълимӣ дар ДМТ афзуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо сарпарастии молии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати пайвасти ноқилҳои хатти интернетии Wi-Fi дар «Шаҳраки донишҷӯён» $396.000 ҷудо карда шуда, корҳои васлкуниро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуавей» ба роҳ монд. Хатти интернет дар 11 нуқтаи беруна ва 15 нуқтаи дохила пайваст гардид, ки қисми зиёди биноҳои таълимии Шаҳракро фаро гирифт.
Мавсуф дар бахши корҳои илмию таҳқиқотӣ ва диссертатсия гуфт, ки «дар 10 Шӯрои миллии диссертатсионии назди ДМТ 38 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд. Аз ин шумора, 24 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ навишта шудааст. Дар 7 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия 29 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд…».
Дар ҳамин маврид Маҳмадюсуф Имомзода оид ба фошкориҳои ахири сайти интернетии Диссернети Русия ва вокуниш нишон надодани ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки «амали диссернет ҳадафмандона аст. Аз сӯи дигар интернет майдонест, ки он ҷо сиёҳ ҳам ҳаст, сафед ҳам, таҳқир ҳам ҳаст, таъриф ҳаст, сухани қабеҳу дашном низ. Ҳар кас ҳар чӣ хоҳад гуфтан мегирад. Аммо ҳар кас бояд ҳарфи худашро гӯяд ва ба ин мутахассисон бояд вокуниш нишон бидиҳанд. Дар ДМТ, дар бахши илм ва инноватсия беҳтарин мутахассисон фаъолият доранд ва метавонанд, ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Ин мавзӯи сӯҳбати илмӣ ва баҳси илмӣ ҳам нест…».

Хабарнигори мо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter