Принт

Таътилҳои мактабӣ барқарор шуданд!


Бино ба итиллои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ  25.09.2018 таҳти № 484 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237» ба тасвиб расид, ки тибқи он ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06. 2016, №237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуд.
   Ҳамакнун, тибқи тағйироти роҳандозишуда соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим мешавад. Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.
   Инчунин, таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.
 


Матлабҳои дигар