Принт

Ахтаре дар осмони ДМТ


Ба пешвози ҷашни 70-солагии ДМТ (УДТ)

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 70-сола шуд. Ин боргоҳи муқаддаси илму омӯзиш барои рушду шукуфоии миллат рисолатҳои бузургеро дар масири солҳо бар дӯш дошт. Ин махзани пурбаракати илму дониш ҳазорон ҷавонро камоли илму фан бахшидаву мебахшад.
24.000 нафар донишҷӯро фаро гирифтани донишгоҳ ба маъниест, ки ин донишгоҳ ҷамъияти бузурги одамонро дар ихтиёр дорад ва ба истиснои 1 ё 2 ҷамъияти меҳнатӣ (ба мисли НБО-и Роғун) дигар чунин ҷамъияте дар кишварамон дучор омадан душвор аст. Феълан зиёда аз 700 нафар устодони унвондор бо шумули академикҳову профессорону дотсентҳо дар тарбияи фарзандони мардум ҳисса мегузоранд. Дар маҷмӯъ беш аз 1250 нафар омӯзгорон дар ин махзани илму таълим ба тадрис машғуланд. Дар самти илму таҳқиқ низ донишгоҳ қудрати хоси худро дорад ва садҳо тан аспирантону унвонҷӯён дар пайи таҳқиқу пажӯҳиш қарор доранд.
Вақте дар бораи донишгоҳи азиз чизе навиштан мехоҳем, ростӣ андаке душворӣ бароямон пеш меояд. Даҳҳо шоха, даҳҳо самт ва даҳҳо паҳлуҳои ҳаёти имрӯзу гузаштаи донишгоҳ моро мутаваҷҷеҳ мекунад. Ҳар кадом шоха аз садҳо шохаҳои дигар иборатанд, ки тору пуди онҳоро нигаристану ба он ҳама баҳо додан амали саҳл нест. Тасаввур кунед, 1 профессори соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар давоми ҳаёти 50-солаи донишгоҳии худ даҳҳо китоб, садҳо мақолаи илмӣ ва аз ин ҳама бештар мақолаҳои оммавию иҷтимоӣ таълиф карда, даҳҳо нафарро тарбия кардааст. Фақат зикри онҳо худ 1 китоб мешавад. Акнун қазоват кунед, ки дар давоми 70 сол чи қадар олимону устодон бо донишгоҳ ҳамроҳ буданду аз рӯи адад бештарашон имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд…

Журналистика ва тарҷумонӣ
Донишгоҳ пеш аз ҳама махзани илму адаб ва ошёни аввалин парвози эҷодкорону соҳибқаламон аст, ки онҳоро ба қуллаҳои баланд роҳнамоӣ менамояд. Беҳтарин адибони имрӯзаи миллат рӯзе аз ин даргоҳ дарс омӯхтаанд. Факултаҳое, ки ба эҷоду сухану каломи манзуму мансур сару кор доранд, кам нестанд. Дар ин миён факултаи журналистика ҷойгоҳи хоси худро соҳиб аст. Таъриху заминаи пайдоиши ин факултет ба солҳои 1960 марбут аст, ки дар шакли шӯъба амал менамуд. Соли 1971 шуъба 1 муддат баста шуд. Сипас, с.1987 бо таъсири насими бозсозӣ шуъбаи журналистика аз нав ташкил ва асоси факултет шуд.
Соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд. Аз с.1992 то с.2018 факултетро 2627 нафар бо шумули шуъбаи ғоибонаву магистратура хатм кардааст. Агар соли нахуст дар факултет 2 кафедра фаъолият дошта бошад, имрӯз факултет дорои 5 кафедра аст:
-Матбуот, ТВ ва радиошунавонӣ, журналистикаи байналхалқӣ, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, забонҳои хориҷӣ.
Дар ибтидо факултет ҳамагӣ 12 муаллим, (аз ҷумла, 6 нафар устодони унвондор) дошт. Имрӯз дар факултет 52 нафар устодон (аз ҷумла, 9 доктори илм, профессор, 27 номзади илм, дотсент, 7 муаллими калон, 10 ассистент) фаъолият мекунанд. Ҳоло факултет аз рӯи 6 ихтисос: ихтисосҳои 23010800-журналистика (бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, рӯзонаву ғоибона), 23010900-журналистикаи байналхалқӣ, 47010104 (21050107)-умури нашриёт (корманди адабӣ) ва иттилоот ва робита-23010701, 23010903-журналист-тарҷумон ва 23010802-WEB-рӯзноманигорӣ мутахассисонро тайёр мекунад. Соли 2014 дар ихтисоси журналистика гурӯҳи русӣ ташкил карда шуд.

Факултети журналистика
Соли 2007 номи факултет тағйир дода шуда, факултети журналистика ном гирифт. Соли 2017 номи ихтисоси кори адабӣ дар маҷалла ва рӯзномаҳо ба номи умури нашриёт иваз карда шуд. Соли 2018 аввалин маротиба дар факултет ихтисоси WEB-рӯзноманигорӣ (23010802) кушода шуд, ки 25 тан донишҷӯ тариқи ММТ донишҷӯи ин ихтисос шуданд. Соли 2000 аввалин бор дар факултет шуъбаи магистратура кушода шуд, ки дар ибтидо аз рӯи 2 ихтисос журналистика ва журналистикаи байналхалқӣ магистрон қабул карда мешуд. Соли 2017 аввалин бор дар шуъбаи магистратура ихтисоси журналист-тарҷумон кушода шуд. Соли 2018 аввалин бор аз рӯи ихтисоси умури нашриёт магистр қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, дар факултет аз рӯи 4 ихтисос магистр қабул карда мешавад.
Бояд гуфт, ки факултети журналистика дар тӯли солҳои фаъолият минбари эҷодкорони худро ба вуҷуд овардааст. Сарчашмаи ин ҷараён аз нашрияи «Қалам» оғоз мешавад, ки дар оғози солҳои 2000 амал менамуд. Бо сабабҳои молиявӣ нашрияи мазкур баста мешавад. Соли 2016 сомонаи факултет http://journalism.tnu.tj/ кушода шуд, ки дар он асару мақолаҳои шогирдон ва устодон, таърихи факултет, маълумотномаи устодон, дастовардҳои студияи таълимӣ… ҷой карда шудааст. Алҳол дастрастарин минбари эҷод барои устодону донишҷӯён ҳамин сомона ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» саҳифаи «Пайки қалам» маҳз эҷоди устодон ва донишҷӯёни факултетро дар бар мегирад, ки ба таври пайваста нашр мегардад.

2624 журналисти ДМТ…
Аз аввалин соли ташкилёбӣ то имрӯз факултети журналистикаро 1818 нафар бо чанд ихтисос танҳо дар шӯъбаи рӯзона хатм кардаанд. Аввалин хатмкардаҳо дар соли 1997 ҳамагӣ 34 нафарро ташкил медод. Аввалин хатми ғоибона аз с.1999 оғоз мешавад, ки ҳамагӣ 12 нафарро фаро мегирифт. То имрӯз шӯъбаи ғоибонаи факултетро 806 тан хатм кардаанд. 43 нафар магистр то имрӯз соҳиби дипломи магистрӣ шудаанд. Муҳимтарин дастовард дар факултет ин ба вуҷуд омадани мактабҳои илмии устодони алоҳида ба шумор меравад. Мактабҳои илмии Асадулло Саъдуллоев (14 нафар шогирди соҳибунвон), Пайванди Гулмуродзода (6 нафар шогирди соҳибунвон), Баҳриддин Камолиддинов (21 нафар шогирди соҳибунвон) Иброҳим Усмонов (14 нафар шогирди соҳибунвон), Абдусаттор Нуралиев (27 нафар шогирди соҳибунвон), Мурод Муродов (8 нафар шогирди соҳибунвон) на танҳо дар донишгоҳ, балки дар миқёси ҷумҳурӣ эътирофшудаву нуфузманд мебошанд.
Факултет моҳияти амиқи идеологӣ дорад ва пайваста дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад. Онҳое, ки факултетро хатм кардаанд, имрӯз дар ВАО-и кишвар фаъоланду манфиати миллату ватанро дар сангарҳои гуногун дифоъ мекунанд. Аз миёни онҳо олимон, шоирону нависандагон, коршиносону мутахассисони варзида ба камол расидаанд. Шогирдону тарбиядидагони ин даргоҳ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ кор мекунанд. Агар гӯем, ки факултети журналистика имрӯз болу пари ДМТ ба ҳисоб меравад, хато намекунем. Зеро аз ҳама беш хатмкардаи ин факултет аз минбарҳо мегӯяд, ки ӯ замоне муҳассили ДМТ буд. Ин факултет нишондиҳанди симои донишгоҳ аст. Раёсати донишгоҳ ба нерӯ ва садоқатмандии аҳли ин факулта бовар дорад.
Бо ҳама суханҳои нагуфтаи худ бори дигар мегӯем, ки имрӯзҳо ДМТ ҷашн дорад. Дар Тоҷикистон нест оилае, ки ба ДМТ иртиботе надошта бошад. Аз ин рӯ, онро метавон ҷашни миллат номид. 70-солагии ДМТ-ро ба миллати тамаддунофар муборакбод мегӯем.

Саъдӣ Маҳдӣ,
Сангин Гулов,
Бахтиёр Қутбиддинов,
Сарабек Қаландаров
Устодони факултаи журналистика

Матлабҳои дигар