ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқоти Баҳром Иноятзода бо донишҷӯёни истаравшанӣ дар Хуҷанд

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018


 19.12.2018 дар Қасри фарҳанги Суғдиён мулоқоти Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода бо донишҷӯёни истаравшание, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои оливу касбии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои воҳидии шаҳр, намояндагони ВАО ва донишҷӯён иштирок намуданд.
    Чуноне ки ба мухбири мо котиби матбуотии раиси ш.Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод, зимни суханронии хеш раиси ш.Истаравшан Баҳром Иноятзода иброз дошт, ки мулоқоти роҳбарияти МИҲД шаҳр бо донишҷӯён ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола чунин мулоқотҳо бо донишҷӯёни истаравшание, ки дар муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касбии шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд таҳсил доранд, баргузор гардида истодааст.
   - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Дар ин раванд, як зумра корҳо дар самти ҷавонон ва варзиш аз қабили мунтазам дастгириву пуштибонӣ намудан ва шароитҳои мусоид фароҳам овардан барои давом ва сайқал додани донишандӯзии ҷавонони соҳибзавқу болаёқат ва илмдӯст дар Донишгоҳҳои олии кишвар ва берун аз марзи он, сохта ба истифода додани майдонча ва толорҳои варзишӣ баҳри рушди нумӯи самти варзиш, ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо мақсади вусъат бахшидан дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ, меҳнатдӯстиву хештаншиносӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солими ҷавонон, тарбияи ҷисмонии онҳо, меҳру муҳаббати беандоза доштан нисбат ба халқу ватан, пешгирӣ намудани қонуншиканиву шомил нагардидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо ва дигар падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон, ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ мисоли гуфтаҳои болоианд, афзуд, Баҳром Иноятзода.
    Дар мулоқоти мазкур инчунин Абдуллоев Акамал донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳакимов Нозимҷон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Сангинова Ҳалима донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Усмонов Хушбахт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Исоева Зарнигор донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Тоҷибоев Шералӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ғайра баромад намуда, доир ба масъалаҳа ва мушкилотҳои ҷойдошта саволу пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
    Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 10 нафар донишҷӯёни фаъол сипоснома ва ба зиёда аз 50 нафар кӯмаки яквақтаи молиявӣ тақдим карда шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter