ХАБАРИ ДОҒ

3-хонагӣ – тӯҳфаи шаҳрдорӣ ба мактаби №52

  • Сешанбе, Апр 12 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 7 апрел бо 1 қарори вежаи худ ғолибони як қатор озмунҳои касбии соҳаи маорифи пойтахтро тасдиқ ва ҳавасманд намуд.

Аз ҷумла, аз рӯи натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол - 2015», «Директори сол - 2015», «Муаллими сол - 2015», «Кӯдакистони сол -2015», «Мудири кӯдакистони сол - 2015», «Мураббии сол - 2015», «Синфи беҳтарини сол - 2015», «Волидайни беҳтарини сол - 2015» муайан гардиданд.Ба ғолиби озмуни “Мактаби сол – 2015” – мактаби №52-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт, ки директораш Нигора Шарипова, ба коллективи меҳнатии ин мактаб Убайдуллоев хонаи 3 ҳуҷрадор тӯҳфа намуд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  ба ғолиби озмуни «Директори сол-2015» - директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 28 Ғаниева Гулчеҳра мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000  сомонӣ муайан шуда ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015» - муаллимаи фанни химияи гимназияи №74 Бозорбоева Наргиз  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ қадрдонӣ шудааст. Ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2015» -  кӯдакистони № 98 ноҳияи Сино, мудираш Имомова Уронбибӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол-2015» - мудири кӯдакистони № 1 ноҳияи Шоҳмансур Набиева Ҷамила  бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва ғолиби озмуни «Мураббии сол-2015» - мураббии хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе Акрамова Махфират дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қадрдонӣ гаштанд. 

Ба  ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол - 2015» -  коллективи синфи 11«а» гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф Алматова Гулбаҳор дар ҳаҷми 1000  сомонӣ, сардори синф Саидзода Фарзона  500 сомонӣ, 27 нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  400 сомонӣ ҳавасманд гардиданд. Ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2015» Сатторов Искандар,  аз  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 93 ноҳияи Сино бошад дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадр карда шуд. Ғолибон дипломҳои махсус ва мукофотҳои пулии хешро рӯзи 16 апрел дар тантанаи бахшида ба Рӯзи пойтахт қабул хоҳанд кард.

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter