Принт

«Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо»-вокуниши Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба поёни соли таҳсил

    Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба он ки тӯли чанд ҳафта ва рӯзҳои охир дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна сару садоҳо дар атрофи то 14.06.2019 тамдид ёфтани мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, вокуниш кард. Дар баёнияи вазорати номбурда, ки рӯзи 11.06.2019 нашр шуд, вазорати маориф ва илми ҶТ аз кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, падару модарон, хонандагону донишҷӯён, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамояд, ки аз ин тасмимоти гирифтаи вазорат ҳар гуна ҳангомаи бардурӯғ насозанд.

   Вазорати маориф ва илми ҶТ бо такя ба 1 қатор қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва таҷрибаи кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла мегӯяд, ки қаблан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дарс аз 1-уми сентябр оғоз гардида, 7-уми июн ба анҷом мерасид. Давомнокии таҳсил 34 ҳафтаи таълимиро (дар синфҳои якум 33 ҳафта) ташкил медод, вале бо сабаби ба рӯзҳои ид рост омадани 12 рӯзи он, амалан соли таҳсил 32 ҳафтаро фаро мегирифт. Инчунин, соли таҳсил ба 2 нимсола ҷудо мегардид: нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн. Дар давоми соли таҳсил ба хонандагон ду маротиба-аз 1 то 31 январ таътили зимистона ва аз 7 июн (бе назардошти давраи имтиҳонот) то 31 август таътили тобистона муқаррар гардида буд, ки ба маҳдудияти истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ вобастагӣ дошт.

   Масъалаи дигар, ки миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба миён овардааст, манъи чорабиниҳои «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» мебошад. Хусусан, масъалаи таҷлили «Занги камолот» чанд соли охир ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, дар ин замина падару модарони хатмкунандагон барои ба танзим даровардани чорабинии мазкур ба унвонии Вазорати маориф ва илми ҶТ таклифу пешниҳодҳо менамуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 4-5 соли охир дар робита ба таҷлили «Занги камолот» зиёфатороиву туҳфаситонӣ, омадан бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон мушоҳида мешуд, ки маблағҳои зиёдеро беҳуда талаф медод. Ҳамзамон, бо иштироки хатмкунандагон садамаҳои нақлиётӣ ба вуқӯъ меомад, ки дар натиҷа нафарони зиёде зарар медиданд ё ҳатто ҳалок мегаштанд. 

   Садҳо далелҳо ва гузоришу мактубҳо аз номи падару модарон, сохторҳои қудратӣ ва мардуми баору номуси тоҷик дар он солҳо ба унвони Вазорати маориф ва илм дар робита ба бесарусомониҳои чорабинии «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» ворид гардида буд, ки аз вайрон гаштани низоми ин чорабиниҳо, хусусан «Занги камолот» дар муассисаҳои таълимӣ шаҳодат медоданд.

    Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки зина ба зина барои пурра аз байн бурдани чорабиниҳои номбаршуда аз тамоми имкониятҳо истифода намояд. Ҳоло ин чорабиниҳо ба пуррагӣ аз байн бурда шуда, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба ивази онҳо омодагии хонандагон ба имтиҳонҳо ва дарсҳои машваратӣ роҳандозӣ шудааст, ки ба манфиати хонанда, падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад.

 

 

 

Матлабҳои дигар