Принт

Восеъ: мактаби садамавии «Кадучӣ»…

Сол аз сол вазъи бинои МТМУ №50-и ҷамоати деҳоти М.Вайсови н.Восеъ батар шуда, бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 1 гурӯҳ волидайни хонандагони муассиса дар сӯҳбат бо СССР гуфтанд, ки ҳамасола таъмири бино аз ҳисоби падару модарон ва омӯзгорон гузаронида шуда, он бесифат анҷом меёбад. Дар ин муассиса 760 хонанда таҳсил карда, беш аз 58 омӯзгор дарс мегӯяд. Ҳар сол аз ҳар 1 талаба барои таъмир ва шикасту рехти мактаб 10 сомонӣ ҷамъ меоранду ба ҳисоби миёна он 7600 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои чӣ ва ба куҷо сарф мешавад?! Бинои муассиса с.1984 бунёд ва имрӯз тамоми синфхонаю толори варзишӣ вайрон шудаасту хонандагон аз ночорӣ дар толори садамавӣ ба тамрин машғуланд. То ин дам касе барои таъмир кӯмак накардааст, ҳоло он ки дар ин деҳа соҳибкорони маҳаллӣ кам нестанд. Омӯзгорон инчунин ёд надоранд, ки барои таъмир аз ҳисоби ҳукумати ноҳия маблағ ҷудо шуда бошад. Соли гузашта ба гуфти директори мактаб аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидайни хонандагон 3784 сомонӣ ҷамъоварӣ гашта, бо ин маблағ каме ҳам бошад мактаб рангу бор шуд, вале ба таъмири капиталӣ ва таҷдид ниёз дорад. Ғайр аз ин сокинони деҳот ба иншоотҳои дигари ҳаётан муҳим аз қабили бунгоҳи тиббӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои хизматрасонӣ муҳтоҷанд. Волидайни талабагон ва омӯзгорон умедворанд, раиси тозатаъни ноҳия Шарбатулло Азизулло то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мушкилоти мардумро ҳаллу фасл хоҳад кард.

Б. Абдусалом, СССР, Восеъ

 

Матлабҳои дигар