ХАБАРИ ДОҒ

“РАВШАН” ҒОЛИБИ ҶОМИ “СССР"-2019

  • Панҷшанбе, Нояб 21 2019

 

 Ҷоми “СССР”-12

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи “СССР” ба як мусобиқаи вежаи анъанавӣ табдил ёфта, ҳамасола байни дастаҳои футболи наврасон ташкилу баргузор гардонида мешавад. Имсол ин мусобиқа аз 14 то 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо иштироки 6 дастаи наврасони зери 14 сола (U-14) доир шуд. Аз рӯи шумора мусобиқаи имсола 12-ум сабқате гардид, ки дар он дастаҳои наврасони шаҳру ноҳияҳои мамлакат  барои соҳиб шудан ба  Ҷоми анъанавии газетаи “СССР” талош варзиданд. Як нуқтаро бояд тазаккур дод, ки баргузории мусобиқаи имсола ба санаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад ва таҷлили ин санаи хотирмон бар шаҳомати мусобиқаи байни наврсон шукӯҳи иловагӣ зам намуд. 

 Дастандаркорони мусобиқа

Мусобиқаи имсола бо дастгирии бевоситаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, Шоҳрух Саидзода-президенти клуби Истиқлол ва редаксияи газетаи “СССР” дар сатҳи хеле баланд ташкилу баргузор гардид.  

Бо истифода аз фурсати муносиб, аз ҷониби тамоми бозингарон ва мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ ба муассисаҳои дар боло зикршуда ва инчунин, ба Кумитаи тадорукотии мусобиқа,  барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани мусобиқаи имсола изҳори сипосгузорӣ баён менамоем. 

 Иштирокчиёни мусобиқа

Дар мусобиқаи имсола дастаҳои футболи наврасони зери 14 солаи “Равшан”-и Кӯлоб, “ММВЗО”-и Душанбе, “Дарвоз” -и ВМКБ, “Панҷакент”-и Суғд, “МҶМОВ”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар иштирок намуданд. Мувофиқи қуръакашии пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд:         

 

Гурӯҳи  “А”Гурӯҳи  “В”

1. “Равшан”- Кӯлоб1. “МҶМОВ”- Душанбе

2. “Панҷакент”- Суғд2. “Хатлон”- Бохтар

3. “ММВЗО”- Душанбе3. “Дарвоз” – ВМКБ

 

 Ифтитоҳи мусобиқа

Маросими ифтитоҳи мусобиқа бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов, сардабири газетаи “СССР” Сайёфи Мизроб ва дигар аъзои Кумитаи тадорукотии баргузории он дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хеле бошукӯҳу ботантана доир шуд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва сардабири газетаи СССР Сайёфи Мизроб баромад намуда, ба футболбозони наврас дар ҷараёни вохӯриҳо бозии хубу белатбардорӣ ва барору комёбиҳоро таманно намуданд. 

 “Дарвоз” ҳамаро ба ҳайрат овард

Агар бигӯем, ки бозёфти мо аз мусобиқаи имсолаи Ҷоми газетаи “СССР” дастаи футболи наврасони “Дарвоз” буд, ҳеҷ иштибоҳе намекунем. Иштироки дастаи “Дарвоз” дар мусобиқаи имсола бо сарпарастии бевоситаи яке аз ҷавонмардони бонангу номус ва ватансози тоҷик, Директори молиявии Ширкати “ТАЛКО” Шералӣ Кабиров амалӣ шуд. Ногуфта намонад, ки барои бачаҳои дарвозӣ мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи “СССР” аввалин мусобиқаи расмие буд, ки иштирок доштанд. 

Аз рӯи нақли онҳо маълумамон шуд, ки масоҳати майдони футболбозие, ки дар Дарвоз онҳо тамрин мекунанд, назар ба майдони Варзишгоҳи марказии Кӯлоб хеле хурдтар буда, инчунин ба монанди ин майдон ҳамвору “сералаф” ҳам нест. Вале бо вуҷуди бохт дар 2 бозии даври гурӯҳӣ бо ҳисоби минималӣ аз дастаҳои “МҶМОВ” ва “Хатлон” футболбозони навраси дарвозӣ аз худ таассуроти хубе боқӣ гузоштанд. Ҳаминро бояд илова кунем, ки дар байни ин бачаҳо истеъдодҳои нодир хеле зиёданд ва дастандаркорони соҳаро лозим аст, ки ба даста эътибори ҷиддитар диҳанд. Мусаллам аст, ки ҳар қадаре, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ бештар иштирок намоянд, касбияташон ҳамон қадар рушд мекунад.  

 Футбол – сафири сулҳ

Мо борҳо навиштаем ва ба ҳама низ маълум аст, ки бозии футболро ҳамчун сафири сулҳу осоиштагӣ ва инчунин муаррифгари ватану миллат ном мебаранд. Баргузории имсолаи Ҷоми газетаи “СССР” бори дигар ин навиштаҳоро исбот намуд. Дар доираи барномаи фарҳангии мусобиқа дастаҳои иштирокчӣ бо роҳбаладии аъзои Кумитаи тадорукотӣ аз ҷойҳои таърихии шаҳри бостонии Кӯлоб дидан намуда, ба урфу одат ва тамаддуни мардуми ин шаҳри таърихӣ ошноӣ пайдо карданд. Қобили тазаккур аст, ки ҳамаи дастаҳо дар меҳмонхонаи замонавии “Ҳавзи шиноварӣ” истиқомат карда, дар ошхонаҳои “Ҷавонӣ” ва “Лангардара” ғизо мехӯрданд. Боварии комил дорем, ки бачаҳо дар рафти ин мусобиқа барои худ дӯстони нав пайдо карданд ва ин дӯстиву рафоқати онҳо бардавом хоҳад буд. 

 Рафти мусобиқа

Мувофиқи Низомномаи баргузории мусобиқа баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои “Хатлон” ва “Равшан” ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тақдири медалҳои биринҷии мусобиқа бошад, дар бозӣ байни 2 дастаи шаҳри Душанбе - МҶМОВ ва ММВЗО ҳал шуд.  Ба ин тартиб дар бозӣ барои ҷои сеюм  наврасони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО) бо роҳбарии сармураббӣ Баротов Ҷамшед бар ҳамсолони худ аз дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш (МҶМОВ) бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро ба гардан овехтанд. Дар бозии финалӣ бошад, соҳибони майдон, дастаи “Равшан” зери роҳбарии сармураббӣ Маҳмадов Баҳодур, ки ҳамзамон мураббии ФК СССР низ ҳаст,  бар наврасони “Хатлон” бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 дастболо шуданд. 

Ба ин тартиб Ҷоми газетаи СССР имсол низ насиби наврасони кӯлобӣ шуд. Дарвоқеъ, аз Кӯлоб Ҷомро берун бурдан хеле мушкил аст!

 Мукофотонӣ

Маросими мукофотонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа хеле бошукӯҳ сурат гирифт. Дар чорабинӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва сардабири газетаи “СССР” Сайёфи Мизроб иштирок намуда, Ҷому медалҳо, грамотаву ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукотиро ба соҳибонашон тақдим сохтанд. 

Унвони беҳтарин нишонзанро Абдулаҳадов Билол аз дастаи “Хатлон”, беҳтарин дарвозабонро Сулаймонов Шокирҷон аз ММВЗО ва унвони беҳтарин бозингари мусобиқаро Муҳаммадҷон Мираҳмадов аз “Равшан” соҳиб шуданд. 

Инчунин, аз ҷониби сардабири газетаи “СССР” ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуллозода Аҳтам Рустам,  Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов барои саҳмгузорияшон дар рушду инкишофи футболи ватанӣ, аз ҷумла барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи СССР сипоснома тақдим шуд.   

Мо ҳамаи ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми газетаи “СССР”-ро бо пирӯзияшон дар мусобиқаи имсола муборакбод гуфта, ба онҳо дастовардҳои нави варзиширо таманно дорем. 

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter