ХАБАРИ ДОҒ

Чаро шоирон барои кӯдак наменависанд?

  • Чоршанбе, Дек 11 2019

 

 

  Вазорати фарҳанги ҶТ наздики 3 сол мешавад, ки додани ҳаққи қалам-гонорарро ба муаллифони шеъру ҳикоя ва мухбирони рӯзномаву маҷаллаҳои зертобеи худ барҳам додааст. Чунин дастур бо имзои Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар ба тасвиб расида, барҳам хӯрдани ҳаққи қалам ва боз ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳои ин ниҳод, ки асосан барои кӯдакон нашр мешаванд, бе ин ҳам вазъи нигаронкунандаи молӣ ва эҷодии ин нашрияҳо ва ҳамкорони моро аз рӯзномаи «Анбоз»-у маҷаллаҳои «Истиқбол», «Чашма», «Зангӯла» ва «Офтобак» бадтар кард.

Агар кӯдакро хонанда накунем…

    Тавре дар оғоз гуфтем аз ҷониби вазири фарҳанги мамлакат Шамсиддин Орумбекзода 3 сол пеш додани ҳаққи қалам ба муаллифони рӯзномаву маҷаллаҳои зертобеъ бардошта шуд. Дар баробари ин имтиёзҳои дигари ин редаксияҳо, амсоли маблағ барои чоп, пардохти хизмати коммуналӣ, рухсатипулии журналистон ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади мулоқоту вохӯриҳо ва ҷалби навқаламон барои ҳамкорӣ, ки аз ҷониби вазорати фарҳанг ҳамасола ҷудо карда мешуд, низ барҳам хӯрд. 

    Ин аст, ки 3 сол боз редаксияҳои номбурда ба муаллифони ҳамешагии худ ҳаққи қалам дода наметавонанд ва шояд сабаби асосии аз шеъри кӯдакона рӯ тофтани шоирони шинохтаи кишвар амсоли Камол Насрулло, Ҷӯра Ҳошим, Гулназар Келдӣ ва даҳҳо фарҳехтагони каломи назму наср ҳамин бошад. Воқеан ҳам ман солҳои охир шеърҳои ин шоиронро, ки бо хондану азёд карданашон худам шахсан бузург шудаам, дигар на дар «Анбоз» мебинаму на «Чашма» ва на «Зангӯла». Ба ҷойи шеърҳои ноби шоирони шинохта аз набудани матлаб ҳамкорон маҷбуранд эҷодиёти муаллифони навро, ки шояд ба меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ набошанд, рӯи чоп оваранд. Ва он ҳам ройгон!!!

   Вале инҷо 1 чиз фаромӯш мешавад, агар мо кӯдакро аз хурдӣ хонанда накунем ва ба қалби ӯ муҳаббат ба донишу китобро ҷой надиҳем, оё ин кӯдак дар давраи донишҷӯӣ таваҷҷуҳ ба китобу таҳсилу хониш мекунад? Бинед, ки решаи нахондани насли наврас, ки ҳатто Президенти ҶТ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, куҷо ниҳон будааст:

-Шояд дар манъи гонорар ва ё ҳаққи қалам ба шоироне, ки дар маҷаллаҳои кӯдакӣ менавиштанд??? Бовар кун, хонанда, агар шоир нанависаду кӯдак китобу шеърхон нашавад, фардо эълони ҷоизаҳои ҳангуфт низ ин миллатро китобхон карда наметавонад! Ба навиштаам ҷавоб мегӯям. Мо Метавонем!

Аттестатсия-имтиҳони нав барои журналист?

    Барҳам хӯрдани ҳаққи қалам, ки барои ҳар 1 журналист чӣ навкору чӣ собиқадор муқаддас аст, агар 1 тарафи масъала бошад, масъалаи дигаре, ки имрӯз дар назди ҳамқаламони мо аз рӯзномаву маҷаллаҳои зертоби Вазорати фарҳанг истодааст-ин аттестатсия мебошад. Раҳбарияти вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки тамоми кормандони ниҳодҳои зертоби худ, аз он ҷумла журналистонро низ аз аттестатсия гузаронад. Шояд барои бархе ин кор фикру назари хуб бошад, вале ман 1 чизро намефаҳмам: барои журналисте, ки собиқаи беш аз 20 сола дораду кайҳо дар ин ҷода соҳибкасб, яъне профессионал шудааст, имтиҳону аттестатсия чӣ лозим? Баъдан тавре огоҳӣ пайдо кардем, зимни аттестатсия мутахассисони вазорат аз журналистон бештар дар мавзӯи ҳуқуқӣ ва молиявӣ суолу ҷавоб мекунанд. Албатта, ҳар як фарди кишвар бояд аз Конститусия, муқаддасоти миллӣ-Суруду Парчаму Нишон ва қонунҳои марбут ба фаъолияташ дарак дошта бошад, вале ин маънои онро надорад, ки журналист бар замми тамоми масъулияти бар дӯш дошта, боз бояд ҳар 1 моддаи ин ё он қонунро донаду дар бораи пайомадҳояш дар аттестатсия бигӯяд.

Ояндаи маҷаллаҳои кӯдакона «турб» аст?

    Вақте дар бораи барҳам хӯрдани ҳаққи қалам ва имтиҳонҳои нав ба нави ҳамқаламон аз рӯзномаву маҷаллаҳои зертоби Вазорати фарҳанги ҶТ огаҳӣ ёфтем, маълум шуд, ки айни замон ин нашрияҳо боз чанд мушкили дигар низ доранд, ки агар дар ояндаи наздик бозбинӣ нашаванд, шояд матбуоти кӯдаконаро аз байн бубаранд. Яке аз ин проблемаҳо ин дар тобеияти Вазорати фарҳанг қарор доштани «Анбоз»-у «Чашма»-ву «Зангӯла» ва «Офтобак», вале дар байни муассисаҳои таҳсилоти умумии зертобеи Вазорати маориф ва илми кишвар паҳн шудани онҳост. Яъне, хонандагони асосии нашрияҳои кӯдаконаи Вазорати фарҳанг зертоби Вазорати маориф ва илми кишваранд ва ҳатман вақти ба миён омадани маъракаи обуна-ҳоло тамоми нашрияҳои кӯдакона тариқи обуна паҳн мешаванд, байни редаксияи нашрияҳо ва муассисаҳои таҳсилӣ нофаҳмӣ ба миён меояд. Агар ин нашрияҳо аз Вазорати фарҳанг гирифта, ба тобеияти Вазорати маориф ва илми мамлакат вогузор карда мешуданд, шояд дар чанд соли гузашта теъдоди нашри баъзеашон аз 10 000 нуста то ба 1000 нусха омада намеафтид. То ин масъала ҳалли худро наёбад, вазъи фаъолияти редаксияҳои нашрияҳои кӯдакона нигаронкунда боқӣ хоҳад монд. Вазорати фарҳанги ҶТ бояд сари ин масъала ҷиддӣ ибрози назар карда, ё чопи ин нашрияҳоро, ки бе ин ҳам сифати хешро дар чанд соли ахир гум кардаанд, мисли ҳаққи қалам барҳам диҳад ва ё маблағгузорӣ ва имтиёзҳоро дар ин самт бештар карда, ба ин нашрияҳо нафаси тоза бубахшад. Агар наметавонад, бигузор ба Вазорати маориф ва илми мамлакат вогузор намояд…

Вақте ҳаққи қалам аз байн меравад…

     Дар поёни матлаб дубора ба дастури Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар дар мавриди барҳам додани ҳаққи қалам ба журналистон баргашта, ба ёдам чанде аз ҳамкорон, ба мисли Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета», Қурбон Шарифзода, сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Самариддин Асозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ва Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» омад, ки ҳамеша ба қадри қаламу заҳмати қаламкаш расида, ба муаллифон ҳаққи қалам медиҳанду бо ин амали хеш то ҷое журналистикаи имрӯзаи тоҷикро дастгирӣ мекунанд. Ҳаққи қалам новобаста аз чӣ миқдор буданаш ҳамеша барои ҳар 1 журналист чуноне болотар гуфтем, муқаддас аст ва бояд бошад, зеро он подоши заҳмати 1 нафар дилсӯзи ҷомеа аст, ки аз дарду камбуду муваффақиятҳо мегӯяд. Масъулон, хосса вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода бояд бидонад, ки маҳз аз байн бардошта шудани ҳаққи қалам дар чанд соли ахир баъзе аз ҳамқаламони моро водор сохт, ки ба хотири пайдо намудани 1 бурда нону пардохтани кредитҳои бонкии худ бо сомонаҳои хориҷӣ ва беруназкишвари мамнӯъ эълоншуда ҳамкорӣ кунанд. Сари ин масъала бояд андешид! Мо мавзуро пайгирӣ хоҳем кард.

Ҷамила Ҳусейнова, 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter