ХАБАРИ ДОҒ

Тағийроти кадрӣ: Салимзода вазиру, Амонзода раису Саломзода ба Бохтар рафт

  • Душанбе, Янв 27 2020

 

Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Сатторӣ Изатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири кишоварзии ҶТ озод ва ба ҷойи ӯ Салимзода Амонулло Файзулло-Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

   Инчунин, тибқи фармонҳои Президенти ҶТ Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси ш.Исфара, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси н.Спитамен, Салимзода Комил аз вазифаи раиси н.Ҷаббор Расулов, Раҷабзода Муҳаммадҷобир аз вазифаи раиси н.Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз аз вазифаи раиси ш.Бохтар, Зоирзода Маърифат Оймаҳмад аз вазифаи раиси н.Балҷувони вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. 

    Сулаймонзода Акрам Раҳим-иҷрокунандаи раиси ш.Исфара, Нуъмонзода Темур-иҷрокунандаи раиси н.Спитамен, Қудратзода Тоҳир Толибӣ-иҷрокунандаи вазифаи н.Ҷаббор Расулов, Бобозода Хайрулло-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.и Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Саломзода Сиҷоуддин-иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Бохтар, Ҷалилзода Шералӣ-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Балҷувони вилояти Хатлон  таъин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

    Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Шарофзода Гавҳар аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷ, Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии ҶТ, Мусоев Нусратулло ва Саидова Ҷамила аз вазифаи муовинони Вазири кишоварзии ҶТ, Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷ, Матробиён Саодатшо Қосимзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТбо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардида, Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон-раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷ, Амонзода Ширин Шодӣ-раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Каримзода Саъдӣ Ғаффор-муовини якуми Вазири кишоварзии ҶТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт-Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадёрзода Усмон Маъмур ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардиданд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter