Принт

Реҷаи дарсии донишҷуёнро иваз кунед!

 

 Масъалаи ҳамеша пур будани нақлиёти ҷамъиятӣ ва истгоҳҳои пур аз одам дар дар вақти “час-пик” ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Интизории автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо ҳар саҳар ба 1 проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст, зеро нақлиёти ҷамъиятӣ аз истгоҳи аввал пур шуда, қариб, ки то истгоҳи ахир холӣ намегардад. Чунин интизориҳо албатта боиси дер мондан ба дарси донишҷӯён ва кори коргарон мешавад. Дар пайгирии ин мавзӯъ тасмим гирифтем бо донишҷӯён ва сокинони пойтахт ҳамсуҳбат шавем. Дар суҳбат бо якчанд донишҷуён маълумамон гардид, ки сабаби дер мондани донишҷуён  ба дарс ин аз ҳад зиёд будани мусофирон ва кам будани налиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Автобусҳои пур ва интизориҳои тӯлонӣ...

   Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳангома Икромова иброз намуд, ки ҳар саҳар субҳона накарда, аз хона соати расо 06:15 мебарояму дар назди истгоҳи “Испечак 1”- ҳозир гашта, автобуси №8 ва ё микроавтобуси №8-ро интизор мешавам. Аммо мутаассифона гоҳе мешавад, ки то 1 соат интизорӣ мекашам. Агар мабодо ронандагон саривақт оянд, дохили автобус пур аз одамон аст. Аз рӯзе, ки автобусҳои замонавӣ дар хатсайрҳо афзуда, шумораи микроавтобусҳо ба маротиб кам шудааст, норасоии нақлиёт барои донишҷуён дучанд гардидааст. 

   Ориёнаи Сайёф, ҳамсӯҳбати дигари мо аз Донишгоҳи милии Тоҷикистон низ яке аз сабабҳои дер рафтанашро ба донишгоҳ дар камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ мебинад. Мавсуф зимни сӯҳбат бо мухбири СССР иброз дошт, ки “ронандагон сари вақт дар истгоҳҳо ҳозир намешаванд ё агар шаванд ҳам мусофирон хело зиёданд. Мо донишҷуён аз ин лиҳоз аз дарс дер мемонем. Аз сӯи дигар нақлиёти замонавӣ, ки бо он ифтихор дорем, танҳо дар марказ аст, ба кунҷу канораи пойтахт, ки бештари студентон он ҷо иҷора мешинанду сокини хобгоҳанд, ками дар кам меоянд!”.

   Мирзоева Тахмина низ дар ДМТ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд бошад, ба зиёд савор кардани мусофирон дар автобусҳои замонавӣ чашм мепӯшем, аммо баъзе аз муаллимон инро ба инобат намегиранду донишҷӯи деркардаро ба дарс роҳ намедиҳанд! Мо мурда-мурда, ҷангу ҷанҷолу қариб занозанӣ карда, меоему муаллим моро пеш мекунад. Ин аз рӯи инсоф аст, магар?! Аксари устодон то10 дақиқа дер мондани доншҷуён дар дарсро мебахшанд, лек пас аз 10 дақиқаи дер мондани донишҷӯ 2 ҷуфт дарсро “нест” мегузоранд. Ҳар “н/б” ҷарима дорад. Бархе муаллимон ҳадафмандона моро “нест” мемонанд, то пули ҷарима-кредит супорем-афсӯс мехӯрад ин ҳамсӯҳбати СССР. 

 Реҷаи дарсӣ иваз шавад!

Мушкилоти норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ба касе пӯшида нест. Бар замми ин ҳам донишҷӯён, ҳам кормандон ва ҳам баъзе аз муҳассилини литсею гимназияҳо маҳз дар соати 8:00 бояд ба кору дарс ҳозир гарданд. Маълум аст, ки мушкилоти норасоии нақлиёт дар ин соатҳо бештар эҳсос мешаваду тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ҳаракати бе ин ҳам мушкилзои нақлиёти ҷамъиятиро дучанд меафзоянд. Пас бояд реҷаи дарсии донишгоҳҳо иваз гардад. 

Фарзи мисол, падари ман, ки хатмкунандаи Донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия аст, мегӯяд, дарси ҳама донишҷӯёни Питер, дар даврони советӣ, аз соати 09:45 дақиқа сар мешуд. Ин ба он мусоидат мекард, ки даҳҳо ҳазор донишҷӯ барои саривақт ба кор расидани кормандони заводу фабрикаҳо, ҳукумату ширкатҳо... халал нарасонанд. Зеро коргарон соати 7 ба кор мерафтанду студентҳо соати 9. Бо ҳамин реҷа проблемаи тамбашавӣ, навбату талотум дар метрову автобусу троллейбус ҳаллу фасл мешуд. Тамом вассалом.

Шояд Вазорати маорифи ҶТ низ сари ин муаммо меандешаду ақаллан дар Душанбе, ки даҳҳо ҳазор донишҷӯ дорад, соати шуруъи дарсро аз соати 08:00 ба 09:45 мебардорад? Дар ин сурат мушкили №1 дар Душанбе, пробка, тамбашавӣ, такудаву кашмакаши нақлиёти ҷамъиятӣ дар 1 рӯз ҳаллу фасл мешуд! Наҳаросед, таҷруба кунед... 

Мо  метавонем!

Омирона Достиева, СССР

 

 

Матлабҳои дигар