Принт

Бадгуфторӣ ба Ватан аз хиёнат аст!

 

 Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Агар бигӯям, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони Истиқлоли кишварамон аст, хато нахоҳад буд. Барои ноил шудан ба ин дастовард,  ҳамватанони мо  мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд. Пеш аз ҳама, албатта сухан дар бораи  гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ меравад, ки ёди он дар даҳсолаҳои оянда аз хотири ватандорони асил нахоҳад рафт. Душманони дохилӣ ва хориҷии миллати мо, ҳарчанд кӯшиш карданд миллатро пароканда ва тоҷиконро беватан кунанд, ин нияти зишти худро натавонистанд амалӣ созанд. Зеро хушбахтона, бо шарофати  фарзандони ба нангу номуси миллат ба мо муяссар шуд, роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Аммо бингаред ба муаммоҳои ҳаёт, ки дар сафи ин миллати сарбаланди тамаддунофар,  ашхосе  мавҷуданд, ки бо амалҳои зиддимиллии худ унвони душман ва хоини миллатро ба худ касб кардаанд. Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, ки  ба ҳамагон маълуманд, яъне Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Иззат Амон, Олим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқӣ, Илҳом Ёқубов ва боз дигар ҳаммаслакони чунин ашхоси ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ваҳдату ягонагии миллат, Истиқлоли давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори тоҷик аст, суханрониҳои иғвоангез  мекунанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез  пурра  дар доираи идеологияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо – Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Аммо ифротгароёни тоҷик  танҳо нестанд.

Журналистоне, ки экстремист шудаанд

Баъзе рӯзноманигорони тоҷик имрӯз аз рисолати шаҳрвандии худ даст кашида, ба ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои  террористӣ-экстремистӣ пайвастанд. Имрӯз  ҳар 1  ватандори асил номи  ин пайравон  ва таблиғгарони  ТТЭ ҲНИ-ро бояд хуб шиносад ва ба онҳо нафрат дошта бошад: Ҳумайрои Бахтиёр, Абдуаззими Абдуваҳҳоб, Саймиддин Дӯстов,  Исфандиёри Одина, Шаҳлои Гулхоҷа,  Зафар Суфӣ,  Салими Аюбзод ва боз якчанд оқиватани дигар. Бале инҳо оқиватан ҳастанд, чунки Ватани маҳбуби мо ба  ин гуна  фарзандони оқшуда мӯҳтоҷ нест. Бояд тазаккур дод, ки  чунин тафаккури зиддимиллӣ, рафторҳои ғаразнок ва кинаҳои ошӯбангези ашхоси дар боло зикргардида, хоси фарзандони асили  миллати  мо нест.Чунки  дар айни замон ҳар 1 тоҷики ватандор  дарк менамояд, ки  имрӯз манфиату ғаразҳои шахсии худро  бояд канор  гузошт. Бо аъмолу гуфтори зиддимиллӣ нашояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миллати тоҷик доғ овард,чунки ин амал ҳамчун гуноҳи нобахшиданӣ дар  таърих боқӣ хоҳад монд. 

Аммо чашмони ин беватанони бадбахту бешараф,ки дар боло зикр намудем, дар дидани рушди  Тоҷикистон нобино шуда, онҳо   имрӯз  ҳадафмандона бо паст задани обрӯю эътибори  Ватани худ дар арсаи байналмилалӣ, ки зодаи он мебошанд, машғул ҳастанд. Ин хоинони миллату давлат аз муттаҳидии  миллат ва  аз рисолати азалии мардуми тоҷик бехабаранд, ки мувофиқи он ягон тоҷики ориёсиришт на манзилеро хароб кардаву на фардеро ба қатл расонидааст. Рисолати  тоҷикон тамаддунофарӣ  ва бунёдкорӣ, инсонпарварӣ, фарҳангсолориву сулҳофарӣ  дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва  мемонад. 

Шумо хун мехоҳед на рушд!!!

Алон миллионҳо  фарзандони баномуси Ватан бо  хизмати содиқонаи худ барои рушду нумуъи Тоҷикистон  фаъолият доранд. Аммо ба он душманони халқи тоҷик, ки  миллаташон тоҷик ҳастанду аз дур истода, дар рӯзи шоду ғами тоҷикистониён  бо гуфтаҳои заҳролуду ноҳақ  ба ҳамватанони худ неш  мезананд, муроҷиат кардан мехоҳам:

- шумо ё гурӯҳи шумо кадом  кори хуб ба мардуму миллат  анҷом додаед?  Чаро шумо мутмаинед,ки шумо  ҳақ ҳастеду миллати ботаҳаммулу дурандеши тоҷик бояд,  ки ба фейкҳои дурӯғу иғвоангезатон бовар кунад? Қалби  “ДОИШ”-ии  шумо  чаро   мехоҳад, дар Тоҷикистон боз хунрезӣ шавад?  

Ба самъи шумо - бадбахтону хоинони миллат мерасонам, ки тинҷиву оромии ватани азизамонро ноором карда наметавонед. Ваҳдату ягонагии мардум намегузорад, ки душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш расанд ва оромию суботи ҷомеаи моро халалдор созанд.

Эй  оқиватанҳо, ки ба ҷанозаи падару модаратон намеоед ва муҳаббат ба волидайни худ надоред, чӣ гуна ин қадар ба миллат “дилсӯз” шуда мондед? Ба ҳама маълум аст, ки ин ҳама талошу садобаландкуниҳои шумо, зидди ҳамватанони тоҷики худ,  бепул ва беғараз нест. Он аз рӯйи сенарияи махсуси ҳоҷагонатон амалӣ мешавад ва  шумо арӯсакони хоҷагони хориҷиатон мебошед, ки бар ҳар навъе тоб диҳанд, ҳамон гуна ҷилва мекунеду халос. Шумо агар  ҳақиқатан фикри ҳамватанони худро мекардед, фейкҳои бардурӯғ намегуфтед, ёрии худро амалан ба мардум нишон медодед. 

Одамон вобаста ба дарёфт кардани ризқу рӯзӣ асосан ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. Онҳое, ки  меҳнати ҳалол карда, воситаи зиндагии худро ба даст меоранд, ки ин аксарияти аҳолии ҳар кишвареро ташкил медиҳад. Ва онҳое,ба мисли   - Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Иззат Амон, Олим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқӣ, Илҳом Ёқубов, Хумайрои Бахтиёр, Абдуазаими Абдуваҳҳоб, Саймиддин Дӯстов,  Исфандиёри Одина, Шаҳлои Гулхоҷа,  Салими Аюбзод, Зафар Суфӣ, ки кор кардан намехоҳанд ва танҳо бо роҳи фиребу найранг ва ҳангомасозиву худтаблиғкунӣ маблағ ба даст оварда, зиндагии худро таъмин менамоянд. Албатта гурӯҳи якум агар созанда ва офарандаи маҳсулоти модиву маънавӣ бошад, гурӯҳи дуюмро метавон ҳамчун қаллобу  лошахӯр унвон кард. Аз ин гуна нафарон аз ҳама хатарноктар барои мардум шахсоне мебошанд, ки бо иддаоҳои ифротии мазҳабӣ ё сиёсӣ мусаллаҳ шуда, бо ҳар роҳе пул ба даст меоранд.

Ман ба ҳар 1  “фаъолони сиёсӣ” ва журналистони ба ном “мустақили”  «ДОИШмаоб» гуфтанӣ ҳастам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ ноором карда наметавонад. Барои он, ки мардуми мо  қавми бофаросату бомаърифат мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ба гапҳои пучи хоинони миллат  бовар намекунанд.

 Душманони зишткору бадрафтори миллат ва чоплусони “ДОИШ”, аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ, Радиои ноозоди Озодӣ,  “Аkhbor.сом” дар хориҷа бо  тамоми маҳорату малакаи давоми солҳо аз муршидони хориҷӣ омӯхтаву азбаркардаашон азму субот доранд, ки ҳамчун гурӯҳи ифротгаро, бунёдгарони иртиҷоӣ, террористон ва думравони онҳо бо ҳар усулу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро нисбат ба ҳукумат ва мардумони кишвар сиёҳ намоянд. Гурӯҳи  чоплусони наҳзатии дар боло номбаршуда бо роҳбарии М. Кабирӣ феълан риёкорона ва бидуни хиҷолат дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳониву созмонҳои байналмиллалӣ ба  суханронии ғайривоқеъӣ ва популистии худ оид ба вазъи  кишвари  мо  изҳори ақида мекунанд ва худро  рамзи  адолати иҷтимоӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар муаррифӣ менамоянд.

ТТЭ ҲНИ ва чоплусонаш дар симои мусулмонмаоб Муҳаммадиқболи Садриддин, демократмаобон Иззат Амон, Олим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Шарофиддин Гадоев,  нимчамулло Сайидюнуси Истаравшанӣ,  Илҳом Ёқубов,ки дар ҷустуҷӯи “ориентатсияаш” аст, мехоҳанд пеш аз ҳама дар сатҳи байналмиллалӣ ва ҳаммаслаконаш  худро “муборизи роҳи озодиву  ҳифзи ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон” нишон диҳанд. Аъзои ин гурӯҳ ҳангоми мусоҳибаҳо кушиш менамоянд, ки худро “ғамхори ҷомеаи тоҷик” ҷилвагар намуда бештар оид ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунанд ва онҳоро аз будаш калонтар нишон диҳанд. Технологияи манипулятсияи сиёсии ТТЭ ҲНИ аз он иборат аст, ки онҳо ба хотири ба даст овардани обрӯ дар назди хоҷагонашон  бо таҳрифи  вазъи воеқии Тоҷикистон  машғул ҳастанд.

Алҳол аъзои ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар қарор дошта, ба хотири ба даст овардани маблағҳои муфт ба дасисакориву фитнаангезӣ машғуланд ва бар зидди мардуми Тоҷикистон фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ бурда, номи тоҷикро дар  созмонҳои байналмиллалӣ бадном месозанд. Аммо рафтору кирдорҳои бесамари террористон ва ифротгароёни динӣ  дар симои М. Кабирӣ   ва чоплусонаш на фақат дар сатҳи байналмиллалӣ, балки дар сатҳи дохилӣ низ наметавонад афкори ҷомеаи тоҷикро тағйир диҳад. Мардуми ватандори  мо дар муддати солҳои пур аз нишебу фарози Истиқлол, зиракии сиёсиро аз даст надода  аз паёмадҳои чунин фитнагариҳо  бохабаранд. Аз ин рӯ,  кулли мардуми тоҷик аз сиёсати меҳанпарастона ва саъю талошҳои бунёдкоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо  ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҷӯёну манфиатҷӯёни дохиливу сарпарастони хориҷиашон фурсату имкон нахоҳанд дод, ки дигарбора вазъияти сиёсиро дар кишвар ноором созанд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, 

рӯзноманигор

 

Матлабҳои дигар