Принт

Сарфарозиҳои мо аз Ваҳдату созандагист (Ё худ бори дигар дар бораи Ваҳдати миллӣ)

 

 

Бадтарин воқеае, ки бар сари миллати тоҷик омад, соли 1992 бо фиребу найранги як гурӯҳ аҷнабиёни дӯстнамо дар кишварамон ҷанги бародаркуш сар шуд. Бародар хуни бародар рехт. Тоҷик тоҷикро кушт. На миллат, на дин, на оин ва на ҳамзабонӣ дар назари ин гуруҳи гумроҳшуда арзише надошт.

Соли 1992 як гурӯҳ ба ном мухолифин ҳадафҳои нопоки худашонро мехостанд амалӣ созанд. Онҳо бар зидди давлати навташкилёфта ва истиқлолият ба дастоварда баромад карда, шабонарӯзӣ митингҳои бемуҳлат ташкил намуданд. Мисли бекорхӯҷаҳо дар майдон хайма зада, дег монда, назди бинои Шӯрои вазиронро ба як ҷои бенизомӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои хеш табдил доданд. Ин воқеаҳо асосан дар даври кишту кор, баъди паси сар намудани зимистон оғоз мешуд. Баъд ин мухолифин майдони худро ба назди қасри Президент кӯчониданд, ки бо номи майдони Шаҳидон машҳур шуд. 

Аз Шаҳидон то Озодӣ

Мардум аз ин майдоннишиниҳои беохир ба ҷон омада, барои ҳимояи Президенти феълӣ-Раҳмон Набиев ба Душанбе омада, майдони дигар дар назди Шӯрои вазирон, назди ҳайкали Фирдавсӣ ташкил намуданд, ки бо номи майдони Озодӣ машҳур шуд. 

Чун вазъ муташанниҷу печида гардид, як гурӯҳ ҷавонмардони дигар, ки мақсади ҷилавгирӣ аз задухӯрдро доштанд, дар байни ин ду майдон майдони 3-юмро ташкил намуданд. Ҳамчунин қувваҳои бадхоҳи дигар бо номи қувваи сеюм низ амал мекард, ки ҳар чи бештар вазъро ташаннуҷ мебахшид! Ҳамин тавр, дар майдони Шаҳидон яроқ тақсим намуданд. Воизи майдони Шаҳидон Саид Қиёмиддини Ғозӣ генерали майдон эълон шуд ва изҳор дошт, ки 15 ҳазор лашкар дорад. Ин аниқ эълони ҷанг аз тарафи майдондорони Шаҳидон буд. Ҳамин тавр вазъро дарк намуда, майдони Озодиро пароканда карданд. Аниқтараш мардум ба хонаҳои худ баргаштанд. Ҳамин тавр, Душанбе пурра ба дасти мухолифин гузашт. 

Вақте президент мегурезад...

Президент Раҳмон Набиеви тарсӯ бошад, ба урдугоҳи 201-и ФР паноҳ бурд. Ҳамин тавр ин майдоннишиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар Вилояти Қурғонтеппа аллакай хунрезиҳо сар заданд. Хуни ноҳак рехта мешуд. Вилоят пурра ба ҷанг кашида шуд. Аз ин ҷанги беақлонаву беандешона шаҳрвандони Тоҷикистон хисороти зиёди моливу ҷонӣ диданд. Махсусан беҳтарин мутахассисон қурбони ҷанги бародаркуш гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар пушти ин гуруҳи ифротгаро ҳоҷаҳое буданд, ки ба онҳо кӯмакҳои молӣ менамуданд. Ба ин восита мехостанд сари қудрат оянду ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Дар урфият мегӯянд : «бори каҷ ба манзил намерасад». 

Президенти мардумӣ

Ҳамзамон ба бахти мо тоҷикон ба сари давлатамон Худованд марди оқилу нексиришт, ростқавлу ватандӯст, бонангу номус Эмомалӣ Раҳмонро ато фармуд. Сессияи 16-уми Хуҷанд дар қасри Арбоб тақдири минбаъдаи тоҷиконро бо ҳарфҳои заррин сабт кард. Аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданаш муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонати худ тавонист дар Тоҷикистон парчами сулҳу ваҳдатро парафшон намояд.  

Дар ин ҷанги бародаркуш садҳо хонаву коргоҳо валангор гардида, ҳазорҳо оилаҳо бесаробон, занҳо бешавҳар, тифлон бепадару модар ятим монданд. Ҳамватанони мо аз ватан гуреза шуда, ба кишвари ҳамсоя Афғонистон рафтанд.

Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ дубора истиқолият ба даст овард. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ Ҷумҳурии мо дар ҳама соҳаҳои фаъолият қафо монд. Ҳамаи он заводу корхонаҳое, ки аз давлати Шӯравӣ ба мо мерос монда буд, валангор гардид. Маҳз ҷонисориҳои роҳбари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Ватани азизамон сулҳу субот барқарор гашт. Хизмати ин фарзанди фарзонаи миллат дар таърих бо хатҳои заррин сабт хоҳад гашт. Дар он замони нотинҷӣ на ҳар кас ҷуръати ба кишвари Афғонистон рафтанро дошт, аммо Ҷаноби Олӣ ҷон ба каф гирифта, барои аз хоки кишвари Афғонистон ба Ватан баргардонида овардани ҳамватанонамон ба он ҷо сафар карда, бо роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ музокирот низ барпо намуд.

 Ҳамчунин ба воситаи барномаи «Хоки Ватан», ки аз Радиои Тоҷикистон шунавонида мешуд ба ҳамватанони ғарибамон муроҷиат намуда, чунин гуфтанд: «Ҳамватанони азиз, шуморо сарзаминатон, хонаву дар молу мулк, наздикону хешовандонатон интизоранд, ба сарзамини аҷдодии худ баргардед» ҷойи дигар мегӯяд «То як ҳамватанамро аз Афғонистон ба Ватан барнагардонам ман осуда нестам».

Маҳз ана ҳамин суханҳои волои Ҷаноби Олӣ буд, ки ба мардуми ранҷкашидаи ғариби мо рӯҳия бахшид, итминони онҳоро ба роҳбари давлат дучанд намуд. Сарвари давлатамон ҳар ваъдае, ки ба мардуми тоҷик дода буд, амалӣ намуд, Як хислати ҳамидаи эшон ин аст, ки Президент ҳамеша дар қавлашон устуворанд: Ӯ ҲАМАро овард!!! Ҳатто душманони давлатро низ!!!

27 июн…23 сола шуд!

Махсусан барои сулҳро ба даст овардан, сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо роҳбари дастаи мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ мулоқоту музокирот намуданд. Ҳадаф аз ин мулоқотҳо ба иттифоқ омадан, якдигарфаҳмӣ ва барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон буд. Ниҳоят 27 июни соли 1997 мулоқоти навбатии сарвари кишвар бо роҳбари мухолифин дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки ин бо имзои созишномаи истиқрори сулҳ анҷом ёфт. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гашт. Хурсандии миллати тоҷикро ҳадду канор набуд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз рӯзи аввал ба сарвари худ эътимод доштанд ва умед доштанд, ки маҳз ӯ метавонад сулҳро барқарор намояд.

23 сол ҳаст, ки дар кишвари мо парчами сулҳу ваҳдат парафшонӣ мекунад. Аммо набояд мо бигуем, ки дунё бе душман аст ва аз корҳои ҳифозатии кишварамон фориғ шавем. Бадбахтона, имрӯз ҳам баъзе гурӯҳҳое ҳастанд, ки зери нағораи хоҷагони хориҷияшон мерақсанду мехоҳанд ба оромиши мо халал ворид созанд. Лек мардуми сарбаланди тоҷик дигар ба фитнаи онҳо дода намешаванд, чунки мардуми мо аллакай сиёҳро аз сафед фарқ мекардагӣ шудаанд.

 Имрӯз боиси ифтихори мо тоҷикистониён аст, ки кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар тамоми ҷаҳон мешиносанд, эътироф мекунанд.

Бо барқарор намудани Сулҳу Ваҳдат сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қаҳрамононамон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат сазовор гардиданд! 

Зинда бодо сулҳу ваҳдат имтизоҷи тоҷикон,

 Фарри Исмоили Сомонӣ ба тоҷи тоҷикон.

Дар охир гуфтанием, ки мо ҳеҷ гоҳ набояд зиракии сиёсиямонро аз даст диҳем. Ин сулҳу ваҳдати бадастомадаро дар қатори дигар муқаддасоти миллиямон бояд ҳифз намоем!

 Нигина Сироҷова ассистенти кафедраи 

телевизион ва радиошунавонии 

факултети журналистикаи ДМТ 

 

 

Матлабҳои дигар