ХАБАРИ ДОҒ

Таҳсили он-лайн: харҷи интернет аз киссаи кист?

  • Ҷумъа, Июн 26 2020

 

   Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳафтаи гузашта хабар дод, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳамкорӣ бо созмони ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо Нақшаи омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи маорифро таҳия намуд, ки он масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаро ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, ҳамчунин идомаи таҳсилро дар давраи таътил фаро мегирад. 

   Тавре маркази матбуоти вазорати номбурда иттилоъ медиҳад, нақшаи мазкур усулу воситаҳои алтернативӣ барои таълими фосилавии хонандагон, дастуру тавсияҳо ба падару модар оид ба дастгирии таҳсили кӯдакон дар хона, пурра аз худ шудани барномаҳои таълимӣ, омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва ҳамзамон, эмин доштани кӯдакон аз сироятшавӣ ба COVID-19-ро муайян месозад. Вазорати маориф ва илми кишвар вобаста ба вазъи кунунӣ, дар асоси таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда, роҳу усулҳои алтернативии таҳсили хонандагон, аз ҷумла тариқи шабакаҳои телевизионӣ, платформаҳои рақамии онлайн ва офлайнро кор карда истодааст. 

   Хуб, бо дарназардошти вазъияти кунунӣ беҳтарин тасмим ва иқдом аст, ки вазорати маориф ва илми мамлакат пеш гирифт. Аммо бояд гуфт, ки ҳануз ҳам дар ин самт, яъне таҳсили фосилавӣ ва ё он-лайн мушкил зиёд асту муҳимтарини он дастрасӣ ба Интернет ва маблағи истифодаи он мебошад, ки на ба ҳама муяссар аст.

Мактаби Кембриҷ: он-лайн аз мову интернет аз шумо!

Гаронтарин мактаб ба назари ман имруз Мактаби Кембриҷ аст, ки маблағи солонаи таҳсил дар он барои 1 нафар хонанда новобаста аз сину сол аз 70 000 то 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд шартномаи таҳсил дар мактаби мазкур миёншикан асту шароити на ҳар кас барои пардохти он мерасад, дар нимсолаи 2-юм хонандагони он танҳо 3 моҳ дарс хондаанду тамом. 

Ин мактаб низ аз моҳи апрел хонандагони худро новобаста аз он, ки ҳама пули яксолаи таҳсилро пешпардохт супоридаанд, ба таътил фиристоду дарсҳои хешро ба таври он-лайн роҳандозӣ кард. Дарсҳо имруз низ тариқи он-лайн баргзор мешаванд, хосса барои хонандагони синфҳои 7-ум низ, лек касе аз ин мактаби номдори Кембриҷ дар фикри пардохти пули истифодаи интернет, ки барои хонандагон ҳамаруза аз ҳисоби волидайн пардохт мешавад, нест.

Харҷ кам шуд, аммо...

Маъмурияти мактаби Кембриҷ дар оғози соли хониш аз хонандагони синфҳои 1-6 70 000 сомонӣ, аз синфҳои 7 боло 100 000 сомонӣ ҷамъ карда гирифт. 3 моҳи ахир хонандагон ба мактаб нарафтанду харҷи худро камтар карданд: пули обу барқ, хурок, хизмати фаррошон, нигоҳубини гирду атрофи мактаб, боғбону посбону партову ғайраву ҳоказо ҳатман коҳиш ёфт. Вале чаро маъмурияти мактаби Кембриҷ боқимондаи маблағро ба волидайн бозпас надод ва ё аз ин ҳисоб барои беҳтар ба роҳ мондани дарсҳои фосилавӣ лоақал хонандагонро бо алоқаи ройгони интернет таъмин накард!? 

Яке аз хонандагони мактаби Кембриҷ Мубориз Достиев аст, ки айни замон дарсҳоро тариқи он-лайн тавассути барномаи Zoom мехонад. Zoom яке аз барномаҳои муосири интернетӣ буда, бо назардошти сифати интернету нархи он дар кишвари мо, ки гаронтарин ба ҳисоб меравад, на ҳар падару модар имкон доранд дарсҳои фосилавии фарзандони худро таъмин намояд. 

Мубориз Достиев барои қафо намондан аз дарсҳо ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ ҳар моҳ ба маблағи 800 сомонӣ алоқаи интернет сарф мекунад. Маълум аст, ки ин маблағро волидайн пардохт мекунанд. Агар фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил вазифаи муассисаи таълимӣ бошад, пас чаро онҳо дар пардохти маблағи интернети хонандагони худ муваззаф нестанд!? 

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter