Принт

Ҳай дареғи Баҳром...

 

07.08.2020.Вазорати корҳои дохилии ҶТ чанд лаҳза пеш дар бораи ҷузъиёти нав дар садамаи маргбор, ки субҳи имрӯз ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи маҳбуби тоҷик ба ҳалокат расид, хабар дод.

   7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер-200», рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрдаааст. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

   Худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти н.Темурмалик ҷароҳатҳои сахти ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

 Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакӣ, назди бинои марказии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба вуқуъ мепайвандад. Шоҳидон мегӯянд, сарояндаи номӣ, соати 4-и субҳ аз чойхонаи Роҳат баромада бо дӯстонаш, ки ҳама мард будаанд, сӯи Семзавод ҳаркат мекард…

 

ДАРЕҒИ ҶАВОНӢ

…Бо ӯ аз наздик ошно набудам, вале чун мард ва ҷавонмарде, ки суруду таронаҳои мардона мехонду "нағмаҳои номардона" надошт...сахт иззаташ мегузоштам. Бори ахир дар маҳфиле, ки барои дастгирии моливу иттилотӣ аз Диёрбек-писари маризи Дилноза Каримова, ҳофизаи хуби хуҷандӣ баргузор кардем, дидамаш. Худаш омад ва гуфт дар ин амри хайр саҳм мегузорад. Рӯи саҳна шӯхӣ ҳам кард, чун продюссераш пайдо нашуд, бонг зад:

-Каримммм...Карим девона???

Толор хандид ва сипас чун сароид хамаро гирёнд. 

Ҳамингуна ҳунарманде буд, Баҳроми ғуррамарг, ки дар 2 дақиқа 100 хел тағйир меёфт...

Ҷоят ҷаннат бошад, бачаи оча...

 Бо дуо бошед, мардум…

 

ДАР ҲАМИН МАВРИД

Дасти ронандаро ба хок супурданд…

 Аз Қарияи Боло, 1 манбаъи боэътимод хабар дод, ки дасти ронандаи «Ланд Крузер Л-200»-ро, ки зарби сахт хӯрда буд, буридаанд. Хешону пайвандон ин дастро бурда дар мазори Кангурт ба дасти хок додаанд… Ҳолати ҳар ду мусофири зиндамонда хеле сангин аст ва онҳо дар ҳолати вазнин дар шаҳраки Шифобахш, маъруфтар бар унвони Қарияи Боло бистариянд. Хотиррас мешавем, ки бар асари ин садама Баҳром Ғафурӣ, яке аз хубтарин сарояндагони эстрадаи Тоҷик ҷон бохт. Ҷанозаи маҳрумро ин чошт ба дасти хок дода буданд.

 

СМ

 

Матлабҳои дигар