ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: Литсейи №1 литсейи «резинӣ» аст?

  • Чоршанбе, Окт 07 2020

Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии калонтарин вилояти ҷумҳурӣ танҳо 1 литсей бунёд шудаасту халос ва он ҳам аз лиҳози имконият наметавонад теъдоди зиёди хонандагонро қабул намояд.

“Чунки литсей резинӣ аст...”

Тоҷиддин Мирзоев, 1 сокини ш.Бохтар дар сӯҳбат ба мухбири “СССР” шиква аз он мекунад, ки наберааш дар синфи 1-и Литсейи давлатии №1-и шаҳр таълим мегираду ҳар моҳ 180 сомонӣ моҳона ва 60 сомонӣ барои хӯрока маблағ пардохт мекунад, вале аз таҳсили наберааш розӣ нест.  

- Баъзе толибилмони деҳот дар навиштану хондан аз хонандагони Литсейи №1 чаққонтаранд, аксарияти хонандагони ин муассиса аз дигар ноҳияҳои минтақаи Бохтар меоянд. Роҳбарияти литсей сараввал хонандагони ҳудуди шаҳрро қабул мекунанду пасон аз дигар ноҳияҳоро, эрод гирифт Тоҷиддин Мирзоев.

Дар ин маврид Мавлуда Мирзоева, муовини директори Литсейи давлатии №1 мегӯяд, ки дар муассиса 1380 толибилм ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо сабаби набудани ҷойи нишаст онҳо дар паси 1 миз то 4 нафарӣ менишинанд, ки ин нигароникунанда аст. 

Номбурда ба суоли мо «Ҳангоме ҷойи нишаст нест, чаро хонанда қабул мекунед?», нимшӯхию нимҷиддӣ ҷавоб дод, ки «Чунки литсейи №1 «резинӣ» аст ва касе омад, қабул мекунем! Ҳама мехоҳанд, ки фарзандонашон дар ин муассисаи бонуфуз таълим гиранд!»...

2 гимназия ва 1 синфхона дар 29 сол

Қурбонбӣ Забирзода, мудири шӯъбаи маорифи ш.Бохтар дар сӯҳбат ба хабарнигори “СССР” иттиллоъ дод, ки дар шаҳр 26 219 хонанда дар 21 муассиса таълим мегиранд ва дар бархе муассисаҳо дар ҳақиқат ҷойи нишаст намерасад. 

- Бо сабаби набудани ҷойи нишаст хонандагоне, ки ҷойи зисташон ба н.Кӯшониён наздик, ба муассисаҳои онҳо рафта, дарс мехонанд. Дар 29 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ш.Бохтар танҳо 2 гимназияи хусусии «Аминҷон» ва 1 синфхонаи иловагӣ барои 420 ҷойи нишаст сохта шудаасту халос, бо таассуф гуфт ӯ. 

Пул ҷамъ мекунему таъмир не!

Тибқи маълумоте, ки дастраси мо шуд, аз синфи 1 то 11 ҳама аз 33 то 41 нафарӣ дар 1 синф таълим мегиранд. Оё омӯзгор дар муддати аз 35-45 дақиқа имкон дорад, ки ба ин қадар хонанда дарси босифат диҳад? Мо фарзандонамонро дар литсейю гимназия ё дар мактабҳои президентӣ бо пардохти маблағҳои калон мехононем, аммо тавре пасон мебинем саводнокияшон дар сатҳи паст қарор дорад. 

Суоли мо ба роҳбарияти ин муассиса ва ҳукумати шаҳр: агар 180 сомонии моҳонаро ба 1380 хонанда зарб занем, дар 1 моҳ 248 400 сомониро ташкил медиҳад. Пас, чаро сифати бино ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест? Чаро бояд хонандагони синфи 1-ум дар биноҳои пасту бараксифат таълим гиранд? Дар 9 моҳ на кам аз 2 235 600 сомонӣ маблағ ҷамъ мешавад, ва ин танҳо маблағест, ки волидайн пардохт мекунанд, сарчашмаҳои дигари пулиро мо ҳанӯз ҳисоб накардаем. Хуб мешуд, агар бо ин маблағҳо 1 бинои иловагӣ сохта шуда, симою сифати биноҳои мавҷуда беҳтар мегардид. Номаш литсей аст ба ҳар ҳол... 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter