ХАБАРИ ДОҒ

Бунёди ояндаи ҷавонон – бо Beeline

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

ҶДММ «Таком», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати алоқаи Beeline-ро пешниҳод менамояд, дар бораи роҳандозии барномаи махсуси маърифатии тобистонаи коромӯзиро дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон эълон менамояд. Барномаи мазкур яке аз ҳадафҳои рушди стратегии Beeline - «Make your Mark» буда он барои дастгирии ҷавонон дар рушди ва бунёди оянда мусоидат хоҳад кард.
Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти ширкати «Таком» иттиллоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи ин барнома донишҷӯёни донишгоҳи номбурда метавонанд дар бахшҳои гуногуни ширкат коромӯзӣ ва таҷрибаандӯзӣ карда бо мутахассисони номии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намоянд. Тибқи созишномаи ҳамкорие, ки аз ҷониби ҶДММ «Таком» ва ДТТ ба имзо расид, донишҷӯён метавонанад пас аз хатми донишгоҳ мутобиқи озмун ва донишу таҷрибаи хеш барои идомаи кор дар Beeline даъват хоҳанд шуд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter