ХАБАРИ ДОҒ

Бардошт зам кун?! ва ё аз лимити барқ то парвози нархи ангишт

  • Чоршанбе, Янв 20 2021

 

Ба таваҷҷӯҳи Сарвазири ҶТ, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода

Ба таваҷҷӯҳи вазири саноат ва технологияҳои нав мӯҳтарам Шералӣ Кабир

Савдогарони ангишт бо истифода аз вазъи бӯҳронии барқӣ, ягона маводи сӯхти дастрас, ангиштсангро гарон карда, на танҳо бар раъият ситам мекунанд, ки нороҳативу норизоияти мардумро ба бор меоранд. Кӣ лаҷоми ин тоҷирони беимонро мегирифта бошад? Суоли матраҳ аст, албатта…

Пас аз расман эълон шудани лимити барқ (аз санаи 5 январ) дар саросари кишвар (аз соати 23:00-06:00) ҷаҳиши якбораи нархи ангишт (он ҳам дар баъзе манотиқ камёфт!!!) сокинонро сахт нигарон кардааст. Чанд нафар аз сокинони рустоҳои ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Қубодиёну Н.Хусрав гуфтанд, ки баъди ин аҳвол якбора қимати 1 кг ангишт то 2,30 дирам гарон шуд, ки то 1 моҳи пештар 1-1,5 сомонӣ буд.

   1 гурӯҳ бошандагони ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Кӯшониён мегӯянд, ки мо зидди сарфакорӣ на, балки сидқан тарафдорем. Лек Гулрухсор Ҳусейнова ва Парвина Азизова-сокинони ҳамин ҷамоат аз ин дар меноланд, ки «пайдоиши меъёри барқ тавъам мушкили дигар, яъне «дефитсит» шудану хестани баҳои ангиштсангро ба вуҷуд овард ва ин хоҳ-нохоҳ барои хонадони бебизоати рустоӣ, зиндагониро мушкилтар мегардонад. Ин дар ҳолест, ки бархе дар хона атфоли ширмаку наврас доранд. Хеле дардовар аст ва дар ин ҳавои сармо дар 1 рӯз то 5 кг ангиштро месӯзонанд, ки 11,5-13 сомонӣ мешавад. Ҳезум ва ё чӯб бошад, кайҳо тамом шудааст».

 Воқеан, интиқолдиҳандагон ва савдогарон иллатҳои ҷаҳиши ангишти Айнӣ ва қирғизиро бар «сари чашма», яъне конҳо рабт медиҳанд: Посухе, ки бовар карданаш хело мушкил аст ва ҷабри ин ҳама баднафсӣ боз ҳам сари камбизоатон меафтад ва ба ин суол мехоҳанд ҷавоб биҷӯянд: 

-Муназзими нарху навои маҳсулоти сӯхтанӣ, аз ҷумла ангишт, кист??? Ва агар посухе ба ин суол нест, илоҷи дигар надоранд, ки бо ин байти Хушдили Шингӣ дар СОЛИ ГОВ мурда-мурда қаноат кунанд, ки гӯиё маҳз мухотаб ба савдогарони беинсофи тоҷик, фармуда:

Дар ҳавои нафс рафтан кори марди роҳ нест,

Чун ба ғайри каҳ надорад ГОВ парвои дигар!

Вале агар ба ҷидд бигирем, масъулини истихроҷу кашфу интиқолу фурӯши ангишт бояд дар назди ҳукумат ва мардум посух гӯянд, ки чаро аз бӯҳрони камобии кишвар, ки ба истихроҷи ками нерӯи барқ овард ва бадбахтии мардум истифода карда, нархи ангиштсангро туҷҷор беинсофона боло бурдаанд? Ва ё воқеан ҳам масъулини конҳои ангишт бо истифода аз вазъ нархро дар конҳои истихроҷ боло кардаанд? Мунтазири посух аз вазоратҳои дахлдори ин муаммоем. 

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Баҳодури Уроқӣ,

мухбири СССР дар Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter