ХАБАРИ ДОҒ

“Рахш такси”-хизматрасон ё ҳақоратчӣ?

  • Чоршанбе, Янв 12 2022

Ҳар боре савори нақлиёти ҷамъиятӣ мешудам, ҳамеша тариқи радио таърифу таблиғи “Рахш такси”-ро мешунидам:

“Рахш такси фармоиш дода, мушкили худро осон намо”. Зери ин гуфтаҳо бо боварии комил ба ширкати “Рахш такси”- “3333”- занг задам.

 

27.12.2021. Соат ба вақти Душанбе 09:22 дақиқа. Ба ширкати “Рахш такси”  занг зада, худкор фармоиш дода, тули ним соат мунтазири ронанда шудам. Аз байн 40 дақиқа гузашт, вале аз ронанда хабаре нашуд.

Аз сари нав ба ширкати Рахш такси “3333” занг задам. Занг задан баробар аз гӯшаки телефонам садо баромад, ки пас аз 5 дақиқа фалон мошин бо рақамҳои фалон, дар назди шумо ҳозир мешавад, хоҳишмандем ронандаро интизор шавед.  Саросема аз хона ба кӯча баромадам, ки мабодо ронанда омадаву ман дер бароям. Ҳамин лаҳза ҳамкорам ба ман занг зада гуфт, ки куҷо шудӣ, раис туро пурсида истодааст. Бори сеюм ба ширкати мазкур занг задам, боз ҳамон гап “муштарии мӯҳтарам, ронанда баъди 5 дақиқа ба назди шумо ҳозир мешавад, лутфан интизор шавед”. Аз байн боз 1 соату 30 дақиқаи дигар гузашт. Дидам, ки ронанда дер дорад, пиёда аз назди маҳаллаи Яккачинор то чорраҳаи маъруф бар “Танка” омада, ахиран монда шуда, савори маршуруткаи №2 шудам.

 

“Рахш такси” интизор шав меоям!

Хулоса ронандаи фармоиш додаи мо дер карду ман пиёдаву савора ба кор рафтам. Ба ҷойи кор расидам, дар корхона барои сари вақт ба кор ҳозир нашуданам гап ҳам шунидам, аммо ба гуфти бобои Ғулом ба “кӣ мегуй!... Раис норозӣ, коргарон нороҳат, худам хаста. Вале ин асабхарошии “Рахш такси”-и номӣ аввали кор будааст. Ана баъд сар шудеееее....

Сари мизи кор нишаста ноутбукамро нав кушодам, ки ронанда ба ман занг зада гуфт: “ман таксӣ, да куҷои бигирумут?”. Дар ҷавоб гуфтам, ки  “ако, пайи коратон шавед, ман 1 соат пеш таксӣ фармоиш дода будам дер кардед! ”. 

“Е маймун издиватса дори?”, “Е беақл тилфонта бардор”, “Кури намебини зангт задестам вардор”! Ин садои ронандаи дағалгуфтори 3333 буд, ки дигар рӯзам намедод. Ана инро хидматрасонӣ дар асри 21 ва он ҳам дар пойтахти Тоҷикистон мегӯянд!!!

 

СМС-дашноми ширкати номдор

Ин худаш чӣ гап, ман пас аз оне, ки телефонамро хомӯш кардам, ронанда бар ивази дер карданаш, шарм накарда, боз ба рақамҳои ман паёмак фиристод:

“Е маймун издиватса дори”, “Е беақл тилфонта бардор”, “Кури намебини зангт задестам вардор!!!  Хуллас ҳамон гапҳо вале дар шакли паёмак...

Маъзарат хонанда, ки ин дашномро инҷо мечинам. Вале модари раиси Ширкати “Рахш такси”-ро чунин ҳақорат кунад 1 коргараш чӣ мекарда бошад? Духтари раиси Ширкати “Рахш такси”-ро дашном диҳанд чи кор мекунад?

 

“Рахш такси”-и ҳақоратчӣ

“Рахш такси” рекламаҳои худро кам карда, беҳтараш пеш аз ҳама ба ронандагонатон тарзи муоширати дуруст бо муштариёнро омӯзонед. Вақте муштарӣ ба ширкататон бо боварӣ занг мезанад, пешакӣ бояд бигуед, ки муштарии мӯҳтарам, ронанда пас аз 10 минут неву баъди намози шом ба наздатон меояд. Ё фармоиш қабул накунед, агар мошини холӣ дар ҳамон мавзеъ надоред.

Муштарӣ ба шумо на шавҳар асту на зан ва на хешу табор, ё гадои дари падаратон.

 

“Рахш такси” реформа шавад!!!

Мутаассуф, ин бори аввал нест, ки дар бораи хидматрасонии бади ин ширкат мешунидем, медидем ва тоқат мекардем. Вале хизмат накардаву боз шуморо ҳақорат-паёмак нависанд, алам мекунад охир...

“Рахш такси”, агар ронандагонатон ба вақту соат ба назди муштарӣ ҳозир шуда наметавонанд, минбаъд хоҳиш дорем рекламаҳои бардуруғи худро тариқи радио ва телевизонҳо кам кунед, айб аст, охир рекламаҳоятон ба реҷаи кориатон ҳеҷ мувофиқ намеояд. Баъзе аз ронанадагони ширкат пас аз дер омадан, боз ба худ иҷозат медиҳанд, ки туро дашном кунанду тариқи паёмак ҳақорат.

 

Ронандагони худсари “Рахш такси”

Боз 1 моҷарои дигар, ки бештари вақт маҳз духтарон ба он дучор мешаванд ин худсарона рафтор кардани ронандаҳо аст. Вақте ба ширкати “Рахш такси” занг зада такси фармоиш медиҳӣ, ронанда омада мегӯяд, агар роҳи дур рафтанӣ бошӣ, аз мошинам фаро. Ман вақти зиёдатӣ надорам. Чандин маротиба мешавад, ки  ронандагони ширкати мазкур маро дар қади кӯча партофта рафтаанд.

28.12.2021. Соат ба вақти Душанбе 18:44 дақиқа. Бо апаам ба ширкати “Рахш такси” занг зада, мошин фармоиш додем. Мутаассифона он рӯз аз ширкат ба мо хабар доданд, ки ронандаи холӣ надорем. Ба кӯча баромада, такси манъ кардем. Дар ними роҳ ронанда мошинашро манъ карда, гуфт: “апаҳо аз мошин берун шавед маро дӯстонам интизоранд!” Бо кудаки хурдсол дар фасли сармо моро аз мошин фароварда, ронанда ба назди дӯстонаш рафт. Чандин маротиба ба ширкат занг зада, барои дағалона рафтор намудани ронандагонаи ширкати “Рахш такси” баҳсу шикоят ҳам кардаам, аммо бе натиҷа.

                          

“Права”-и пулакӣ ва таксисти ҷавон

Ҳоло ҳама бар он ақидаанд, ки аксарияти ҷавонони депортшуда аз Россия,  “права” мехаранду бе ягон собиқаи корӣ, паси чамбараки такси мешинанд. Бубахшед, дар хориҷа ва ҳатто дар даврони советӣ кӯдакони 18-20 соларо паси чамбараки такси ва умуман нақлиёти ҷамъиятӣ намешинонданд. Дар мо бошад 1 ҳафта мошин наронда, ту соҳиби такси!

Зиёда аз ин пеш аз он, ки барои хизматрасонии мардум ба кор гирифтани ронандагон онҳоро бояд аз ташхиси рӯҳиву равонӣ гузаронанд, не? Мабодо, касали рӯҳӣ, асабонӣ бошанду ба ҷинояте даст зананд, кӣ посух мегӯяд? Албатта, на “Рахш такси”, зеро агар посух мегуфт, ба чунин бетартибиву бесомонӣ ва дағалгуфторӣ роҳ намедод.

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Омиронаи Сайёф,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter