ХАБАРИ ДОҒ

«Фуруғи субҳи доноӣ» ва чиниҳо

  • Чоршанбе, Апр 27 2022

 

Боиси таҳсин аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурии азизамон якчанд озмуни сатҳи баланд роҳандозӣ мегардад. Бартарияташ он аст, ки дар ин озмунҳо хонандагон, ҳунармандон, донишҷӯён, мардуми касбу кори гуногун, аз кӯдак сар карда, то пири 70-сола иштирок намуда, соҳиби мукофотҳои калони пулӣ мегарданд. Ин ҳам 1 тарзи кӯмак ва ҳавасмандӣ ба мардум аст.

Ман дар мавриди озмуни «Илм фурӯғи маърифат» 1 пешниҳод доштам. Бигузор дар ҳамин озмун сокинони дигар мамлакатҳое, ки дар кишвари мо кор ва зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла чиниҳо ҳам иштирок намоянд. Охир, чиниҳо дар ихтирооту навоварӣ устухон надоранд. Оё беҳтар нест, ки барои рушду тараққиёти Тоҷикистони азизамон, дар ҳамин гуна озмунҳо, чиниҳо иштирок намуда, саҳми худро гузоранд? Шояд ҳавасмандгардонии онҳо ба рушду тараққиёти ҷумҳурии азизи мо фоидае биёрад...

Изатулло ХОЛОВ,

донишҷӯи соли аввали бахши рӯзноманигори байналхалқии ДМТ,

ноҳияи Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter