ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Падару модарон барои фарзандон телефонҳои қимат мехаранд ҳеҷ гап не. Фарзандонашон дар тарабхонаҳо ва ҷойҳои дилхушӣ ба айшу нӯш машғуланд, ҳеҷ гап не. Кӯдакони синфҳои 5-6-ро сари чамбараки мошинҳои гаронбаҳо мешинонанд, майлаш. Фарзандҳояшон шабҳо ба хона аз назди рафиқонашон масту аласт бармегарданд, майлаш. Бо иҷозати волидон бо ҳазорҳо сомонӣ аз омӯзгорон пинҳонӣ гузаронидани ҷашни зодрӯз, боке нест!

Танҳо зиёновартарин чиз ин пули таъмир аст, ки фарзандони тарбиянамудаи ин падару модарон дару девор ва мизу курсиҳоро мешикананду вайрон мекунанду аз кор мебароранд. Таъмир ба дӯши кумитаи падару модарон аст. Ягон омӯзгор дирамеро ба дасти худ намегирад. Вале доду войи волидон дар осмони 7-ум!!! Худатон қазоват кунед, агар дар 1 синф 20 нафар талаба хонад, 50 сомонӣ сари ҳар нафаре ҷамъ шавад, 1000 сомонӣ мешавад. Оё медонед нархи 1 қуттӣ ранг чанд сӯм аст? Ҳоло дар бораи меху чӯб ҳарфе намезанем. Аз ин 1000 сомонӣ омӯзгор чанд сомониашро медуздад? Ба Худо айб аст, шарм доред! Муаллиме дармондаи пули шумо нест. Ба 1 ошхона дароед, бо 50 сомонӣ шикаматон сер намешавад. Илтимос, муаллимонро таъна накунед, чунки баландтарин маоши омӯзгор ба 2-3 халта орд намерасад…

Исмоил Зарифӣ,

ш.Панҷакент  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter