ХАБАРИ ДОҒ

Турсунзода: бунёди мактабҳо бо усули ҳашар

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

 

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Турсунзода бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар бархе аз мактабҳои шаҳр бомаром идома дорад.  Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон, деҳаи Янгибоғ, мактаби №92 - бунёди иншооти мазкур бо дастгирии Хоҷагии токпарварии “Боғи Сомон” амалӣ гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи 2 бино давом дорад. Иншооти мазкур дар соли хониши 2022-2023 ба истифода дода мешавад.

Мактаби №114 - деҳаи Оға аз деҳоти дурдасти шаҳр маҳсуб ёфта, дар 25 км дур аз маркази шаҳр воқеъ аст. Бо мақсади беҳ намудани шароити таълиму тарбия дар назди муассиса бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби соҳибкорону фаъолон бунёди бинои нави таълимӣ моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

 Дар Ҷамоати деҳоти Регар, деҳаи Неъматбача, мактаби №54 - сокинони бонангу номуси деҳаи Неъматбача бунёди бинои нави таълимиро дар назди МТМУ №54 тавассути ҳашар муташаккилона сохта истодаанд.  

 Дар деҳаи Деҳконобод, мактаби №50,  соҳибкорону фаъолон ва сокинони меҳнатдӯсту бонангу номуси деҳа баъд аз бомпӯш намудани бино васли хатҳои барқиро ба итмом расонида, имрӯзҳо андова намудани синфхонаҳоро тавассути ҳашар анҷом медиҳанд.

 Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Гулбутта, мактаби№76, ки дар доманакӯҳи Қаратоғ ҷойгир буда, аз маркази шаҳр беш аз 20 км дуртар аст. Сокинони шарафманди деҳа ба бунёди 5 синфхонаи иловагӣ оғоз намуданд.

Ҷ.Мақсуд,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter