ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом СССР! Ман мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР ҳастам.  Дар чанд шумораи охир дар газетаи мардумӣ дар бораи дастгирию саховатмандии Раҳими Ғармӣ мардум навиштанду аз ӯ ташаккур ҳам карданд. Бархе ба ӯ пешниҳод ҳам доданд, ки журналистон ва олимони иҷоранишинро дастгирӣ намояд, то аз иҷорахонаҳо халос шуда, соҳиби хонаи истиқоматии худашон шаванд. Албатта онҳо ба чунин қадрдонӣ ва дастгирӣ арзиш доранд.

Ман худам, ки 1 умр омӯзгор будам ва ҳоло нафақахӯраму медонам, ки чӣ қадар омӯзгорон низ дар иҷорахонаҳо зиндагонӣ мекунанд. Ман ин тобистон шоҳиди 1 воқеае шудам. Дар ҳамсоягии мо 1 оилаи омӯзгор бо 2 фарзандашон дар хонаи иҷора зиндагонӣ мекарданд. Ҳарду ҳам омӯзгор, якеаш «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо собиқаи кории 35-солаи омӯзгорӣ. Занаш омӯзгори фанни забони русӣ, бо собиқаи кории 20-сола, дорои дараҷаи тахассусии олӣ ҳастанд. Дар рӯзи 3-юми баъди иди Қурбон соҳиби хона онҳоро аз иҷорахона бароварда, 1 хеши худро ҷой дод. Онҳо 20 рӯз саргардон буданд, чизу чораашон дар хонаҳои ҳамсоя монданд. Аммо ин иҷорахона ба хеши соҳиби хона маъқул нашуду онро тарк кард. Баъди 20 рӯз боз ин оилаи омӯзгорон ба иҷорахона баргаштанд. Агар намеомаданд, азми сафари Россия доштанд.

Боз 1 оилаи омӯзгорон дар 1 хобгоҳи вайронае зиндагонӣ мекарданд. Инҳо низ собиқаи кории 25-сола, шавҳараш ҷонишини директори мактаб, занаш собиқаи кории 12 сола, омӯзгори фанни забон ва адабиёт аст. Ба инҳо низ муҳлат додаанд, ки то 1 сентябр ин хобгоҳро холӣ кунанд...

Пойдевори мустаҳками ҳар 1 давлат аз мактабу маориф маншаъ мегирад. Вақте ки омӯзгор саргардон аст, чӣ тавр барои оянда насли солиму ватандӯсту ватанпарварро тарбият метавон кард?

Нигора Хоҷаасанова,  

омӯзгори нафақахӯр

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter