Принт

Мактаб зарур ё бинои маориф?

Деҳаҳои гирду атрофи Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» - Эгизаку, Бешкаппаи ҷамоати Лоҳур ва Чолтов, ки дуртар аз марказ воқеъанд, на роҳи дуруст доранду на мактаби дуруст.

Вале то вуҷуди ҳамаи ин камбудиҳо ба ҷои мактабсозӣ ҳоло сохтмони бинои шуъбаи маорифро оғоз кардаанд. Бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир аст, бинои нави ҳозиразамон буда, ҳоҷат ба сохтани бинои нав нест. Аз бинои шуъбаи маорифи ноҳия дида, бунёди мактабҳо магар заруртар нестанд?

Б.Пӯлодов,

н.Данғара

Аз редаксия: Хонандаи гиром! Тавре ба мо дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, тибқи  Барномаи рушди маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар н.Данғара низ бунёди якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёна ба назар гирифта шудаанд, аз он ҷумла дар ҳудуди ҳамин деҳаҳое, ки шумо номбар кардед. Дар робита ба сохтмони бинои нави шуъбаи маориф низ лозим ба таъкид аст, ки тибқи нақша дар н.Данғара бояд бинои Раёсати маорифи вилояти Хатлон бунёд ёбад, ки он ба бинои шуъбаи маорифи ноҳия ягон рабте надорад. Биёед ба оянда хушбин бошем!

Матлабҳои дигар