ХАБАРИ ДОҒ

Китобҳои дарсӣ чаро зуд иваз мешаванд?

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

Дар кадом асоси илмӣ Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои давлатӣ, таълимӣ, мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳо зарур мешуморад, ки зуд-зуд барномаи дарсӣ ва матни китобҳои дарсӣ иваз шаванд? Қаблан масалан агар дар 1 оила 4 фарзанд мебуд, 1 китоби дарсиро даст ба даст ва ё насл ба насл чанд нафар истифода мебурданд. Ва дигар ташвиши хариди китоби дарсӣ пеш намеомад. Айни ҳол бошад, ҳар сол барои манфиат (бизнес) - и худи нависанда ва ё худи ниҳоди дахлдори илмӣ - типография матни китобҳои дарсии мактабҳоро ҳарсола иваз менамояд. Дар матни китобҳо қариб, ки навигарӣ нест, танҳо 1 саҳифа ба саҳифаи дигар иваз шудаасту халос. Ҳоло он, ки нархи 1 китоби дарсӣ аз 20- 25 сомонӣ кам нест. Дар ин ҷо танҳо тиҷорат мебинам, на чизи дигар.

Бар замми ин болои китобҳои дарсӣ акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст. Вақте, ки китобҳои кӯҳна корношоям мегарданд, зери пой, дар партовҳо ва ё дар оташ дида мешаванд.

Гузашта аз ин, матн ва он чизҳое, ки дар китобҳои дарсии синфҳои поёнӣ дида мешавад, бисёр бо усули душворфаҳм навишта шудааст, ки ҳатто мо волидайн баъзе калима ва ё мантиқи ҷумлаи навиштаро сарфаҳм намеравем. Пас кӯдак аз куҷо мефаҳмад?! Нависандагон ва муаллифони китобҳои нав кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар куҷое 1 калимаи печтоб, ноайён, мулшкилфаҳмро аз луғатҳо дастрас кардаанд, корбаст кунанд ва ба ҳамин васила сатҳу саводи худро гуё аз дигарон бартарӣ мегузоранд. Бигузор ин китобҳоро худашон хонанд, на фарзандони мо!

Валӣ Саломов,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter