ХАБАРИ ДОҒ

Чанд андешае оиди Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

  • Чоршанбе, Май 10 2023

1 ҳафта пеш даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба фанҳои табиӣ - риёзӣ баргузор гардид. Дастандаркорони ин озмуни бонуфуз сабқати хонандагони кишварро номҳои бодабдаба, бо истифода аз номҳои бузургони миллат Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Ал- Хоразмӣ намедонам, боз кӣ фаромӯшам гашт, номгузорӣ карда буданд. Тӯли чанд рӯз хонандагон аз дуру наздик, аз Хатлону Бадахшон, Суғду Раштонзамин меҳмони Мактаби №1 дар ҷумҳурӣ - Мактаби байналмиллалии Президентӣ буданд.

Аз рӯйи маълумоти расонаҳои марбут ба вазорати маориф беш аз ҳаштсаду чанд хонанда дар сабқат иштирок кардаанд. Аз онҳо беш аз дусаду чанд нафарашон соҳиби медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Аз таърифи гурӯҳҳои «Омӯзгор» ва «Маорифи Тоҷикистон» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муваффақияти дигари ин озмун он будааст, ки шумораи иштирокдорони ин сабқат имсол як саду чанд нафар зиёд гаштааст.

 Ягона интиқод ин буда, ки аз чанд ноҳия ва шаҳрҳои кишвар ягон нафар хонанда иштирок накарданд. Мутаассифона, танҳову танҳо таъриф, гӯё ин озмун дигар камбудие надоштаст. Гуфта нашуд, он ду саду чанд нафар аз сад холи имконпазир чанд холро соҳиб шуданд, ки соҳиби медал гаштанд?!

 Ман дақиқ намедонам, аммо аз варақаҳои дар шишаҳои тирезаҳои мактаб часпондашуда хондам, онҳое, ки аз 80 хол зиёд гирифтаанд, ангуштшумор буданд. Худи муаллимон мегуфтанд, ки аз фанни математика фақат 1 нафар хонанда марраи 70 холро убур кард, ки аз кимкадом мактаби ноҳияи Исфара будааст. Ин ҷо шояд мактаби «Ҳотам ПВ» ва мактабу литсейҳои президентӣ истисно бошанд, чунки сатҳи озмуни онҳо дигар аст. Дар маълумоти ҷамъбасти озмун гуфта нашуд, ки шояд беш аз дусаду чанд нафари дигар ё ягон хол нагирифтанд ё аз 100 холи имконпазир 2,3-4 хол гирифта тавонистанду халос.

 

Меъёри сатҳи дониш чӣ буд?

Наход хонандаи ғолиби озмун дар зинаҳои ноҳиявӣ вилоятӣ ҳамин қадар дониш дошта бошад, ё ки онҳо ба ҷойи ягон хонандаи донишдори дигар бо ягон восита то ба Душанбе расидаанд? Агар ин тавр бошад, боз ҳам бад. Шояд баъдан роҳбарони ноҳияҳо, мудирони маориф, директорони мактабҳо дар баромадҳояшон дар нишастҳои матбуотӣ ё ба воситаи телевизион таъриф кунанд, ки хонадагонашон чанд медал аз олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ оварданд ва агар ин оморро бо ғолибони ҳақиқии озмун муқоиса кунед, фарқ аз замин то осмон хоҳад буд.

Фаромӯш набояд кард, ки мо бо ибтикори Пешвои Миллат дар кишвар бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ - табиӣ эълон кардаем. Магар ин ду саду чанд нафари аз 50 хол зиёд ба дастоварда, аз, намедонам беш аз 100 000 хатмкунандаи мактаб муваффақият аст ё бохт?

 

Суол ҳаст, посух на!

 Ин ду саду чанд нафар магар барои дохил шудан ба донишгоҳҳои тиббӣ, техникӣ, кишоварзӣ басанда аст? Киҳои дигар бояд боз соҳиби номи донишҷӯ шаванд, ки он ҷойҳои холиро дар партаҳои донишҷӯии донишгоҳҳои марбутаи кишвар пур кунанд? Ҳамонҳое, ки дар ин озмун сифр, як, ду, се чор холро соҳиб шуданд? Чӣ парадоксе! Ин саволҳо ҷавоб мехоҳанд! Ё мегӯед, ки ҳақи савол додан надорем?

 Ин ҳафта боз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи фанҳои гуманитарӣ - ҷамъиятӣ баргузор мегардад, шояд бо номҳои Устод Рӯдакиву Мавлонои Балхӣ, Бобоҷон Ғафурову Устод Айнӣ, Носири Хисраву Саъдӣ (чӣ қадар ифтихор дорем бо ба забон овардани ин номҳои бузург). Биёед бубинем, ки шогирдони омода кардаамон аз навиштани иншо ва ё эссе чанд нафарашон баҳои се ё чору панҷ мегиранд? Ҳатман шоҳиди " шоҳкориҳо" хоҳем шуд. Мебинем, ки хонандаи миллаташ тоҷикро, гӯё, ки қирғиз ё африқоӣ бошад, ба олимпиада аз фанни забони давлатӣ ба сабқат овардаем.

Эҳ, «ба кӣ мегӯй!», ба гуфти бобои Одина Ҳошим. Бобои Одина рафту монд ин гуфтааш, ки ҳикмати бузургест, мисли Рӯдакӣ рафту монд хикмати ӯй.

 

Мирзоалӣ Миралиев,

омӯзгор

PS: Вақте ин матлаб омода мешуд, 1 дӯстам гуфт, тобистони порсол фарзандаш ба Олимпиадаи Лондон рафтаву соҳиби ҷои 3 ва медали биринҷӣ шудааст. Дар ун сабқат ҳамагӣ 3 нафар ҷои сазовор гирифтаанд, вале дар бозгашт диданд, ки сари синаи ҳамаи 30 тоҷикбачаи ҳамроҳашон медали тилову биринҷиву нуқраи ҳамон Олимпиада, ки муаллимаи «зиракашон» аз кадом дӯкони Лондон харидааст, овезон аст. Бачаи ин дӯст дилмонда шудааст, аз ин фиреб. Вале ӯ 1 тан буд. Боқӣ, 27 кӯдаки дигар аз ин қаллобии муаллимаву дастандаркорон рӯҳбаланд шуда, ҳатто назди дурбини ТВ бо ифтихор интервю дода, аз пирӯзии накардаашон қиссаҳо мехонданд. 1 муаллима аллакай 27 кӯдакро ба ҷаҳони дурӯғин ворид карда буд...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter