Принт

Роҳпаймоиӣ ҷавонон дар Қӯрғонтеппа

Беш аз 13 ҳазор нафар донишҷӯён дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба роҳпаймоӣ баромада бо даъвати аҳли ҷомеа ба раъйпурсии рӯзи 22 май дар кишвар зиёда аз 6 ҳазор буклету варақаҳои иттиллоотӣ паҳн намуданд.

 

Ин аксия ҷавонон бо ибтикори филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати  ҷавонон,варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавон ва иттилоотонии онҳо вобаста ба райпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо бо Конистутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардида ҳамчунин дар доираи ин барнома мусобиқаҳои мотосиклронӣ ва веломарафон низ сурат гирифт. Дар мусобиқаҳои мотосиклронӣ ва веломарафон беш аз 50 нафар ҷавонони болаёқат аз Сарбанду Ҷайҳун, Дӯстиву Вахш, Бохтару Хуросон ва Ҷ. Балхӣ ширкат варзиданд.

Ҷавонон ва иштирокдорони роҳпаймоии мазкур якдилона иброз намуданд, ки мо баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистон раъй медиҳем. Ҳамчунин баҳри болидарӯҳии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ барои ҳозирин барномаи фарҳанги «Шоми ҷавонӣ» баргузор карда шуд.

Баҳодур Уроқов,  СССР, Қ ӯрғонтеппа

 

Матлабҳои дигар