ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 15 2019


   Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон сардори нави Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ таъин гардида, бо ин сабаб аз вазифаи муовини вазири нақлиёти ҶТ озод карда шуд.
   Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дар ин вазифа Қурбонзода Хуршед Ҳазратро, ки дар пайи интиқоди Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи роҳҳои кишвар ва ҳаракати мошинҳои гаронвазн тавассути роҳҳои ба тозагӣ таъмиру таҷдидшуда, ки зимни мулоқот бо кормандони мақомотҳои гумруку андоз ва соҳаи молияву бонкдорӣ рӯзи 10.05.2019 сурат гирифт, аз ин мақом сабукдӯш карда шуд.

Чоршанбе, Май 15 2019


Бо Фармоиши Раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи 32 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба Каримзода Хуршед Абдураҳмон-сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ танбеҳ дода шуд. Инчунин, бо ҳамин сабаб ба Турсунзода Азим Ҳайдар-муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф-муовини сардори Хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед-муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ҳам бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ дода шуд. Бо Амри Президенти ҶТ ба Нурмаҳмадзода Ҷамшед-раиси БМТ, Нуралиев Ҷамолиддин Камолович-муовини якуми раиси БМТ, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло-муовини раиси БМТ, Салимова Лола Ҷумаевна-муовини раиси БМТ бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шуд.

Чоршанбе, Май 08 2019


Парламенти Украина зери қонуне имзо гузошт, ки мақоми забони украиниро ҳамчун забони расмии давлатӣ таъйин мекунад. Петро Порошенко-президенти имрӯза, ки муҳлати раёсаташ моҳи июн ба поён мерасад, гуфт, то он замон қонуни мазкурро имзо мекунад. Дар қонун омадааст, ки ягона забони расмии давлатӣ дар Украина забони украинист.

Чоршанбе, Апр 24 2019


Президенти Русия Владимир Путин тарҷумонеро, ки ӯро дар мулоқот бо сарвазири Шветсия Стефан Левен ҳамроҳӣ мекард, ислоҳ кард ва барои хатоии роҳдодааш ӯро шӯхиомез "бандит" номид. Тарҷумон калимаи "дӯст"-ро ба "ҳамкор" иваз кард ва Путин инро зуд пай бурду таъкид кард, ки "ҳамкор" не, "дӯст". Путин ҳини изҳороташ дар бораи ҳамкориҳои Русияву Шветсия тоҷирони шведро дӯстони Русия номид, ки ба иқтисоди кишвар 5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Чоршанбе, Апр 17 2019


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сар аз 1.04.2019 арзу доди шаҳрвандони кишварашро мустақиман ва билофосила шунидан дорад. Барои ин махсус дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон қабулгоҳ боз шудааст. Бахтиёр Ҷамолов, масъули Қабулгоҳи мардумии дастгоҳи президенти Узбекистон гуфтааст, бо касоне, ки дар рӯйхат номнавис шудаанд, Мирзиёев шахсан мулоқот мекунад.

Чоршанбе, Апр 17 2019

Парламенти Қирғизистон зери лоиҳаи қонуне имзо гузошт, ки механизми ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешинро пешбинӣ мекунад. Хулоса, дар сурати имзо шудани қонун аз сӯи президент, президенти пешин дар асоси айбномаи парламент метавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Прокурори генералӣ низ бояд нишонаҳои ҷиноятро дар кирдори президент тасдиқ кунад. Дар Қирғизистон унвони президенти пешинро танҳо Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев доранд. Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев пас аз инқилобҳо аз ин мақом маҳрум шуданд.

саҳ 3 аз 67

Китобҳо

Flag Counter