ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 11 2018


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари кориаш ба ноҳияи Янгийӯли вил.Тошканд ба таври ногаҳонӣ аз беморхонаи ин ноҳия боздид кард. Ӯ зимни боздид аз бемороне, ки дар шуъбаҳои бемориҳои чашм ва кардиология табобат мегиранд, аёдат карда, ба мақомоти масъули соҳаи тандурустӣ фармон дод, то барои бозсозии ин бемористон маблағ ҷудо кунанд. Аз ҷумла бо фармони президент бинои бемористони Янгийӯл бояд куллан тармим шавад ва дар ин ҷо табобати беморон бо дастгоҳҳои муосир дар 20 самтро ба роҳ бимонанд. Мирзиёев гуфт, аз дидани шароите, ки беморон дар инҷо табобат мегиранд, ашки чашмаш ҷорӣ шуд: "Хеле аламовар буд дидани катҳо ва бинои ин бемористон, ки дар як ҳолати фарсуда қарор дорад.”

Чоршанбе, Июл 11 2018


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳангоми суханронӣ дар гашти низомии бахшида ба 100-солагии нерӯҳои мусаллаҳ хело сахт гуфт, ки Қарабоғ қаламрави Озарбойҷон аст ва Боку ишғоли онро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунад. Алиев мисли гузаштаҳояш қавл дод, ки Озарбойҷон назораташро бар Қарабоғи Кӯҳӣ барқарор мекунад: "Мо тарафдори ҳалли мусолиҳатомези низои Қарабоғ ҳастем, аммо арманиҳо бояд дарк кунанд, ҳеҷ пойгоҳи низомӣ ё стратегие вуҷуд надорад, ки артиши Озарбойҷон натавонад онро хароб кунад. Ҷанг тамом нашудааст. Танҳо як марҳилааш ба охир расидааст".

Панҷшанбе, Июл 05 2018


Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад, ки мушовири президент дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо мақолаи илмие навиштааст. Ва онро бошад нашриёти "Шарқи Озод" таҳти унвони «Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ӯзбек» ба сифати китоби алоҳида, бо теъдоди 1000 нусха чоп кардааст. Очерки таҳқиқии академик аз 8 қисм иборат буда, аз дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов нақл мекунад…


Панҷшанбе, Июл 05 2018


Раҷабалӣ Одинаев-раҳбари “Умед 88” бо 1 нома аз Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон хостааст, барои раҳоияш мусоидат кунад ва дар сурати раҳоӣ метавонад ҳам қарзашро аз нирӯгоҳи Роғун баргардонад ва ҳам дар сохтмони ин тарҳи барои Тоҷикистон хело ҳам муҳим ёрӣ расонад. Ин дар ҳолест, ки баррасии парвандаи ӯ ҳамин шабу рӯз дар Суди Олӣ идома дорад. Хотиррасон мекунем, ки Одинаев аз октябри с.2017 то ҳол дар боздошт аст. Ӯро барои напардохтани 171 млн сомонӣ пули сохтмони НБО Роғун, ки Вазорати молияи ҶТ с.2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, муттаҳам мекунанд…
Ӯ дар ин номааш гуфтааст, ки тибқи созишнома бо Вазорати молия аз 171 млн сомонии қарз ширкати “Умед 88” ба маблағи 100 млн сомонӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун сӯзишвории дизелӣ медод ва 71 млни дигарро дар шакли нақд мепардохт. Ба гуфтаи ӯ, қисме аз сӯзишворӣ барои истифода дар сохтмони Роғун ворид шуда буд ва ин кор бояд то нимсолаи аввали соли 2017 анҷом меёфт.
Одинаев бо илтиҷо аз Пешвои Миллат хостааст, дар озодии ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ кумак кунад. “Тамоми молу амволи ширкати “Умед-88” ба ҳабс гирифта шуда, ба фурӯш гузошта шудааст, ки маблағи он аз пули қарз зиёд мебошад. Аммо монеагузорӣ ба фурӯши амвол ва дар ҳабс нигоҳ доштани мо ба амалӣ гардонидани он имкон намедиҳад. Зеро ҳузур надоштани соҳибмулк ҳангоми фурӯши амволи ширкат, боис ба нобоварӣ ва шубҳанокии харидорон мегардад”, - гуфтааст ӯ дар номааш.




Чоршанбе, Июн 20 2018


   Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Ҷумҳурии Туркманистон имрӯз зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки дар Душанбе ба кори худ шурӯъ намуд, пешниҳод кард, ки дар назди СММ сохтори махсус оид ба масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
- Ман мутмаинам, ки барои ҳалли масоили об бояд аз 3 роҳ истифода намуд: нахуст бояд ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ такя кард, сипас манфиатҳои ҳар 1 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро ба назар гирифт ва сеюм аз таҷрибаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла СММ истифода бурд. Барои ҳалли масоили оби минтақаи Осиёи Марказӣ бошад бояд дар назди СММ 1 сохтори махсус таъсис дода шуда, яке аз зерсохторҳои муҳими онро бояд барномаи ҳифзи вазъи экологии кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал ташкил диҳад. Мо дигар бояд барои нигоҳ доштани баҳри Арал фикр накунем, зеро он алакай мӯҳтавои хешро гум кардааст, лек мебояд баҳри ҳифзи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва муҳити зист дар ин минтақа таваҷҷӯҳи хосса бидиҳем ва минбаъд танҳо дар ин бора фикр намоем, иброз дошт Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.





Чоршанбе, Июн 20 2018


Минтақаи Осиёи Марказӣ мисоли возеҳи ҳамкории созанда дар соҳаи об аст, ки дар он нобаробарии ташаккулёбии захираҳои об ҷой дорад. Чунин вазъ дар баробари талаботи фарқкунандаи кишварҳои минтақа ба истифодаи захираҳои об аз лиҳози соҳавӣ ва мавсимӣ, чанде пеш чун омили баҳсу мунозираҳо ва ихтилофоти эҳтимолӣ арзёбӣ мешуд. Вале тавре ки замон ва амалия нишон медиҳад, мо тавонистем дар ҳалли мушкилоти мавҷуда  ба пешрафти назаррас ноил шавем, - гуфт зимни баромади хеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ дар робита ба мушкилоти об дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».
-Айни ҳол дар минтақа имконоту инфрасохтори нав барои ҳамкории самарабахш ва таъмини рушди кишварҳои шомили он эҷод гардидаанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин натиҷаҳо нақши чунин сохторҳои минтақавӣ, ба монанди Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ниҳодҳои он, бешубҳа, назаррас аст. Ҳамзамон бо ин, имрӯз мо дар рӯ ба рӯи мушкилоту таҳдидҳои нави замони муосир қарор дорем, ки аз ҳарвақта бештар муттаҳид сохтани талошҳои муштарак ва иқдомоти ҳамоҳангшударо тақозо менамоянд. Мисоли равшани ин таҳдидҳо мавсими камобии соли равон мебошад. Бо сабаби боришоти ками мавсимӣ кишварҳои минтақа аллакай дучори камобӣ шуданд. Ҳаҷми оби дарёҳо аз меъёрҳои миёнаи солона паст буда, дар мавсими обёрӣ ҳамагӣ дар ҳаҷми 60-70 фоиз пешгӯӣ мешавад. Чунин ҳолат ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии зичи талошҳои моро барои ҳалли ин қабил мушкилот тақозо менамояд. Мушоҳидаҳои бисёрсола гувоҳӣ медиҳанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тақвият меёбад. Тибқи ин мушоҳидаҳо, тайи шаст соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир мо тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем. Бо мақсади мониторинги ин равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим имсол мо дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва дар таҳкими иқтидорҳои он ба дастгирии шарикони рушд умед дорем.  Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик ин марказ дар раванди банақшагирӣ ва идораи захираҳои об на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар зинаи минтақавӣ низ саҳми арзанда хоҳад гирифт. Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳукумати мамлакат оид ба мутавозин сохтани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ аз тариқи навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда, бунёди иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири сарфаи он тадбирҳои ҳаматарафа меандешад. Дар навбати худ, обанборҳои неругоҳҳо ба таъмини намудани танзими боэътимоди бисёрсолаву мавсимии ҷараёни об, пешгирии обхезиҳо ва кам кардани оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд. Истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз” – метавонад ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонӣ (карбон) ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд. Дар робита ба ин мехостам аҳамияти татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000, ҳамчунин барқарор намудани фаъолияти ҳамзамони шабакаи энергетикии Тоҷикистонро бо низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки имконияти интиқоли энергияи “сабз”–и моро ба ҳамсоягони дуру наздик фароҳам меоранд, зикр намоям. Дар кишвари мо таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат ва беҳдошт чун афзалияти дигари муҳим боқӣ мемонад. Мо аллакай ба таҳияи Барномаи нав оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза барои давраи то соли 2030 шурӯъ намудем. Ин Барнома яке аз ҳадафҳои калидии рушди устувор – дастрасии умуми аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштро фаро мегирад. Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад, - афзуд дар фарҷоми суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон.

саҳ 56 аз 104

Китобҳо

Flag Counter