ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Апр 15 2016

Бо мақсади ба танзим даровардани ҳисоботҳои оморӣ, бақайдгирии ташкилоту корхонаҳо, ҷамъиятҳо дар назди сохторҳои дахлдор, фарогирии пурраи соҳибкорон ба андозбандӣ, ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз, маблағҳои истифодаи қувваи барқ, обу корезӣ, хизматрасониҳо ва бастани шартномаҳо бо корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии коммуналӣ, шабакаҳои обӣ, шабакаҳои барқ, бе ҳисобкунакҳои барқӣ ва обӣ истифода бурдани қувваи барқ ва оби ошомиданӣ, ороиш ва насби шиору овезаҳо, номгузорӣ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуллоев Искандар бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба амри Раиси шаҳр аз 04.04.2016 № 49 оиди  таъсиси гурӯҳи кории  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати санҷиши вазъи баҳисобгирии оморӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр сӯҳбат ороста шуд.

Панҷшанбе, Апр 14 2016

Бо ташабусси роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  Профессор Азимов Н  ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳриҚӯрғонтеппа Исматулозода Ҷамолиддин бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ҷавонон ва тераризм-экстремизм» вохӯрии таблиғотӣ баргузор карда шуд.

Чоршанбе, Апр 13 2016

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев боа мри хеш аз 11 апрели соли 2016 ба Алиев Абдулҳақ Абдулҳайевич  – директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон карда зимнан  огоҳонидааст, ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбати  номбурда  чораҳои  то  озод намудан  аз вазифаи ишғолнамудааш  андешида мешавад. 

Сешанбе, Апр 12 2016

Роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони маориф, занон, ҷавонон ва ходимони дин мулоқоту суҳбати судманд анҷом доданд.

Сешанбе, Апр 12 2016

6.04.2016. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа.

Душанбе, Апр 04 2016

Имрӯз 2-юми апрел, зиёда аз 100 нафар ҷавонони панҷакентӣ барои ҳимояи марзу буми кишвар ба сафи артиши Тоҷикистон фиристода шуданд.

саҳ 61 аз 64

Китобҳо

Flag Counter