ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Март 29 2018



Минбаъд Амрико қобилияти таъмини чоряки буҷаи маблағи СММ-ро надорад. Дар ин бора намояндаи доимии Вашингтон дар СММ Никки Хейли изҳор намудааст. “Башардӯстӣ масъулияти баланди дастаҷамъист. Ҳар ҷониб бояд саҳми  беғарази худро дар роҳи дастгирӣ ба эҳтиёҷмандон гузорад ва дигаронро низ барои пурзӯр кардани кӯмаки ҳамаҷониба даъват кунад”, - гуфтааст ӯ.
Имсол, яъне с.2018 ҳаққи аъзогии ИМА аз ҳисоби умумии буҷаи СММ 28,5%-ро ташкил дод. Қайд карда мешавад, ҳатто Чини Бузург бо қудрати хело бузурги иқтисодии худ дар олам ҳамагӣ 10%-и буҷаи СММро мепардозаду тамом. Хейли ваъда додааст, ки ИМА аз рӯи инсофу хиради амрикоӣ амал карда, кам кардани хараҷоти ташкилотро чунон нозукона тарҳрезӣ хоҳад кард, ки ба фаъолияти ягон ташкилотҳои ҷаҳон зарратулмисқол ҳам бошад, зарар нахоҳад расид. Дар ассамблеяи навбатии СММ барои тасдиқи нақшаи кори с.2018 буҷаи он ба 5,39 млрд. доллари амрикоӣ расонида шуда буд, ки аз соли гузашта 166 млн. доллар камтар аст. Тарафдорони аз ҳама фаъоли қайчизании буҷаи ташкилот мансабдорони ИМА мебошанд, ки кӯшиш ба он доранд, буҷаро ба 250 млн. доллар камтар карда, миссияи СММро дар Покистон, Фаластин, Ливия ва Афғонистон тамоман қатъ намоянд. Баробари ин тарафи амрикоиҳо маҷбур карда истодаанд, ки музди меҳнати кормандони СММ ва як қатор барномаҳои рушди ин кишварҳо низ тамоман баста шавад. Ҳоло ҳақсупории ҳар давлат аз рӯи миқдори инкишофи иқтисодиёти он аст. 193 кишвар аъзои ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳон буда, дафтари асосии он дар шаҳри Ню-Йорк воқеъ аст. Намояндагиҳои он дар шаҳрҳои Вена, Женева, Найроби, Москва ва Пекин низ амал мекунанд.

Шамсиддини Муқим,
хабарнигори махсуси “СССР” дар Россия


Панҷшанбе, Март 29 2018


15.02.2018. Дар 10 соли охир, 4 президенти ҷамоҳири Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, барои нахустин бор дар шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон ҷамъ омаданд, то робитаҳояшонро густариш бахшанд.
Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев-мизбони ин саммит, дар оғоз гуфт, ин ҷамъомад бо ибтикори Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон ташкил ва баргузор шуд:
"Қазоқистон ҳамеша аз равобити зичи тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя ҷонибдор аст, хосса, дар Осиёи Марказӣ, ки бо ҳам таъриху фарҳангу фаҳмишу назари муштарак дорем. Иттиҳоди кишварҳои мо ба фоидаи ҳамаи бошандагони минтақа аст ва рушди тиҷорату амнияти минтақавиро мустаҳкам мекунад".
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст эълон кард, ки ҷонибдори истифодаи дурусту одилона аз манобеъи обу энергетика аст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст бо таъкид гуфт, ки «Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард. Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд.”
Э.Раҳмон ҳамкории минтақавиро як зарурати бебаҳси замон номида, аз тағйири мусбат дар муносибати кишварҳои ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ кард.
Назарбоев чанд соат пеш аз оғози саммит бо ҳамтои қирғизи худ-Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот карда, бо ишора ба Кремл гуфт, ки «5 кишвари Осиёи Марказӣ метавонанд, тамоми масъалаҳои минтақавиро худашон ҳал кунанд ва ҳеҷ зарурате нест, ки мо барои ҳалли масъалаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ аз берун одам даъват созем. Ин тавонро дорем, ки ҳамаи масъалаҳоро худамон ҳал кунем. Ҳадафи мулоқоти низ ҳамин аст".
Назарбоев 1 рӯз пеш аз нишаст дар алоҳидагӣ бо Э.Раҳмон дидору гуфтугӯ карда, президентҳо зери созишномае имзо гузоштанд, ки ба шаҳрвандони 2 кишвар ҳақ медиҳад, дар қаламрави якдигар 30 рӯз бе регистратсия ва бо сабтином 3 моҳ озод гаштугузор кунанд.
Назарбоев ҳамчунин дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев бо хушнудӣ гуфт, дар тӯли 1 соли баъди ба қудрат расиданаш кору мушкили зиёдеро ҳал намуд, ки даҳсолаҳо боз дар бунбаст қарор доштанд:
"Рӯҳияи мо аз он чӣ дар гузашта буд, хело тафовут дорад... Имрӯз мо бо ҳамтоҳо-бародаронамон мулоқот мекунем ва хушбахтам, ки Шумо омадед".
Назарбоев дар поёни мулоқот бо ҳамтоёни худ аз нерӯву рӯҳияи нав дар ОМ сӯҳбат карда гуфт: "Раҳбарон барои дарёфти роҳи одилонаи истифодаи захираҳои об дар минтақа, рушди тиҷорат ва мулоқоти минбаъда дар остонаи Наврӯз гирди ҳам омаданд".
Ҳарчанд касе равшан ҳарф назад, аммо аз ишорот фаҳмида мешуд, ки сабаби кашмакашу ҳамдигарбадбинӣ, хусумат, роҳбандӣ ва бадбахтиҳо дар ОМ собиқ президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов будааст, ки баъди маргаш тамомии кишварҳои осиёӣ ба тавофуқ расиданду марзу роҳҳои ҳамдигариро кушоданд. Тавре Назарбоев гуфт, «Мо медонем, ки садҳо ҷавони Тоҷик дар минаҳои ҳамсоякишвар, ки ҳамакнун (баъди марги Каримов-ред.) поккорӣ шудаанд, фавтида буданд. ОМ акнун ба марҳалаи нави ҳамкорӣ гузашт!». Воқеан ҳам маҳз Каримов буд, ки намехост ҳамоиши 5 кишвари ҳамсуд ва ҳамсоя баргузор шавад ва худаш низ ба чунин маъракаҳо намерафт!
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин нишасти лидерони минтақа бе ҳузури Маскав буд. Дар ин саммит президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ шахсан ширкат накард, вале раиси парламенти худ-Оқҷа Нурбердиеваро фиристод. Сарони Осиёи Марказӣ ба хулосаву қароре расиданд, ки ҳамасола дар остонаи Наврӯз бо навбат мулоқот мекунанд ва мулоқоти навбатӣ соли оянда дар Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

Чоршанбе, Март 28 2018


28.03.2018 дар Федератсия Россия бинобар фоҷиаи сӯхтор дар маркази тиҷоратӣ ва дилхушии «Олучаи зимистона»-«Зимняя вишня», ки дар пайи он беш аз 60 нафар ҳалок гаштанд, рӯзи мотами умумимиллӣ эълон шудааст. Ин фоҷиа, ки рӯзи 25.03.2018 ба вуқуъ пайваст, бо сабаби сари вақт боз нашудани дарҳои толорҳо, алалхусус бахшҳои бозии кӯдакона, ҷони 40 нафар тифли ноболиғро бурд.
Бино ба итиллои расмӣ, президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ФР Владимир Путин дар робита ба ин ҳодиса барқияи тасаллият ирсол намуд.
-  «Мӯҳтарам Владимир Владимирович, хабари сӯхтор дар маркази савдои шаҳри Кемерово, ки мӯҷиби ҳалок ва захмӣ шудани одамони зиёд гардид, моро сахт андӯҳгин намуд. Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллиёти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон расонед»- омадааст дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ.

СССР



Душанбе, Март 26 2018


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар суҳбат бо раҳбарони ВАОи кишвараш гуфт, ки хешовандонаш ба корҳои идораи давлат дахл нахоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, бисёриҳо дар ташвишанд, ки ӯ наздиконаш, аз ҷумла, бародари хурдиаш Асилбек Ҷеенбековро ба мақомҳои давлатӣ таъйин мекунад. "Онҳо корҳои худро хуб пеш мебаранд. Аз тақдири президентҳои пешини Қирғизистон-Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиев огаҳӣ дорам ва мехоҳам, 6 сол баъд бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам", - гуфт ӯ.

Душанбе, Март 26 2018


Тибқи раддабандии миллиардерҳо дар маҷаллаи «Forbes» Динара Қулибоева-духтари Нурсултон Назарбоев-президенти Қазоқистон ва шавҳари ӯ Темур Қулибоев мақоми 194-ро ишғол карданд. Дар 1 соли охир дороии Қулиевҳо 2,2 миллиард доллар афзудааст. Дороии Тимур дар маҷмуъ 3,2 миллиард доллар буда, Динара низ ҳамин миқдор дороӣ доштааст. Домодтӯраву занаш ҳамагӣ 6,4 млрд доллар доштаанд.

Душанбе, Март 19 2018


Муҳаббатшо Рӯзадоров, вакили Маҷлиси намояндагон дар синни 63-солагӣ даргузашт. Масъулини Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки раҳматӣ субҳи 19-ум март дар манзили зисташ дар ш.Душанбе даргузашт. Ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки ӯ аз бемории дил ранҷ мебурд. Ҷасади мавсуф ба зодгоҳаш н.Рӯшон интиқол дода шуд ва қарор аст маросими ҷанозаи ӯ фардо, 20-уми март баргузор шавад. Рӯзадоров аз с.2009 то с.2014 ба ҳайси мушовири президенти Тоҷикистон оид ба илм ва технологияҳои муосир фаъолият кардааст. Баъд аз ин ӯ ба вазифаи мушовири бахши ёрдамчии президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузашт ва то соли 2015 ва то интихоб шуданаш ба вазифа вакилӣ дар ин вазифа буд.

саҳ 62 аз 104

Китобҳо

Flag Counter